Сомонаи пешина | Пш, 22 Август 2019 | 13:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар вилояти Хатлон оид ба ҳуқуқи муаллиф семинар баргузор гардид

Аз 18 то 22 декабри соли 2017 дар шаҳрҳои Қўрғонтеппа ва Кўлоби вилояти Хатлон дар мавзўи «Қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» суҳбат – машварат баргузор гардид.
Дар Театри мусиқӣ – мазҳакавии вилоятии ба номи Ато Муҳамадҷонови шаҳри Қўрғонтеппа рўзи 19 декабр бо иштироки намояндагони шуъбаҳои фарҳанги вилоят, иттифоқҳои эҷодӣ, муассисаву идораҳои табъу нашр, студияҳои сабти овоз, васоити ахбори омма, ноширон ва кормандони рўзномаву маҷаллаҳои вилоятӣ оид ба қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф, нақши моликияти зеҳнӣ дар таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ, шарҳи муқаррароти конвенсия ва созишномаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф эътироф намудааст, истифодаи асарҳои муаллифон дар барномаҳои телевизион ва радио, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллифон, дуруст истифода бурдани маводи интернетӣ дар рўзномаҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба соҳаи ҳуқуқи муаллиф дахл доштанд, суҳбат – машварат гузаронида шуд.
Барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани кори соҳаи ҳуқуки муаллиф ва саривақт пардохт намудани ҳаққи калами муаллифон, тарзи дуруст пур кардани ҳуҷҷатҳо, роҳҳои беҳтар ба роҳ мондани кор дар ин самт, пардохти саривақтии ҳаққи қалами муаллифон, тарзи дурусти истифодаи асарҳои муаллифони хориҷӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва шарҳи қарорҳои соҳавии батасвибрасидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳатҳо дода шуд.
21 декабр дар шаҳри Кўлоб дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи минтақаии фарҳанги шаҳри Кўлоб бо иштироки намояндагони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла, кормандони театр, намояндагони ВАО, иттифоқҳои эҷодӣ оид ба қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва пардохти ҳаққи қалами муаллифон, тарзи дурусти харидорӣ намудани асарҳои муаллифон, бастани шартномаи муаллифӣ ва қонунгузории соҳаи фарҳанг ва ҳуқуқи муаллиф суҳбат – машварат гузаронида шуд. 
Ҳамчунин дар рафти сафар бо сармуҳосибони Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Қўрғонтеппа ва Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Саидали Вализодаи шаҳри Кўлоб вохўрӣ анҷом дода, оид ба саривақт пардохт намудани ҳаққи калами муаллифон, тарзи дуруст пур кардани ҳуҷҷатҳо, тарзи дурусти истифодаи асарҳои муаллифони хориҷӣ ва дигар масъалаҳо вабаста ба соҳаи ҳуқуқи муаллиф маслиҳату машварат дода шуд.