Сомонаи пешина | Пш, 22 Август 2019 | 13:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рисолати ватанпарварӣ. Пайравони Пешвои миллатем!

 

Хизматҳои бемислу монанди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи истиқрори сулҳу оштии миллӣ, таҳкими дўстию ваҳдат ва таъмини якпорчагии Тоҷикистон ҳар як фарди соҳибфазли кишвар як умр фаромўш намекунад. Аз саҳифаҳои таърихи он солҳои мудҳиш ба ёд овардани лаҳзаҳои ҳассосе ба маврид аст, ки фарзанди сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф гирифта, бо ҷасорату мардонагии беҳамто ба майдонҳои даргир мерафт, бо силоҳдорон ва сокинони азияткашида суҳбату мулоқотҳо мегузаронид, онҳоро ба оштию сарҷамъӣ даъват мекард, барои ба Ватан баргардонидани гурезаҳои тоҷик ба Афғонистон сафар кард ва бо ҷаҳду талошу гуфтушунидҳо тавонист ҳамдиёронамонро ба хонаву дари худ бозпас оварад. Аз ҳамон солҳо инҷониб мардуми азияткашидаи кишвар, ки ҳаёти осоиштаву хушбахтона насибашон гаштааст, пайваста дар ҳаққи Сарвари ғамхору дилсўз ва инсондўсти давлатамон дуои нек мекунанд.
Миллати сулҳдўсту фарҳангсолори тоҷик таҳти роҳбарии ин пешвои хирадманди худ хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон - Тоҷикистони азизро аз вартаи нестӣ раҳо бахшид. Ҳамин аст, ки рисолати роҳомўзӣ ва наҷотбахшии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибрати наслҳост.
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро аксар давлатҳои ҷаҳон ҳамчун кишвари озод, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ шинохта, эътироф мекунанд. Таҳкими сулҳу субот, пайи ҳам бунёд шудани корхонаҳои саноатии хурду азим, муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, рушди соҳибкорӣ, афзудани иқтидори иқтисодӣ, рамзҳои давлатӣ, таъсиси пули миллӣ боварию эътимоди моро ба ояндаи дурахшон зиёд гардониданд. Истиқлолияти давлатии кишвар барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони давлатиамон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам овард.
Соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ дастоварди беназирест дар таърихи навини Тоҷикистон, ки он шаҳодати дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гаштани давлати комилҳуқуқ ва мустақил буда, сохтори конститутсионӣ, сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиашро мустақилона ташкил ва роҳандозӣ мекунад.
Ҳуқуқу озодиҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст ва пешрафту дастовардҳои хоҷагии халқи мамлакат ҳар як фарди ҷумҳуриро водор мекунад, ки Ватани худро беш аз пеш дўст дошта, сулҳу субот ва якпарчагии Тоҷикистонро чун гавҳаракаи чашм ҳифз намояд. Барои амалӣ гаштани ин мақсадҳои наҷиби ватандўстона мо ҳамеша худро такягоҳи боэътимоди халқу давлат шуморида, баҳри таъмини бечунучарои волияти қонун бо дарки масъулиятшиносии баланд камари ҳиммат мебандем. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар он ҳамаи арзишҳои инсонӣ, аз ҷумла ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандон, демократӣ ва дунявӣ будани сохти давлатдории навин эълон шуд. Содиқона ва шарафмандона ба халқу Ватан хизмат кардан бароямон рисолати ватандўстӣ, худшиносии миллӣ буда, ҳадафҳои халқу давлатро баҳри муттаҳидию сарҷамъӣ, фазои доимии осоишу амният, таъмини якпорчагии Тоҷикистони азиз ифода менамояд.

Азизмурод ШАРИФОВ
(бознашр аз рўзномаи “Баҳори Аҷам”, №36 (439) аз 26 декабри соли 2017”)