Сомонаи пешина | Сш, 15 Октябр 2019 | 17:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар рӯзи ид аз барномаҳои консертӣ баҳра баред

Бахшида ба иди Соли нав санаи 31 декабри соли 2017 дар якчанд майдон ва боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мешаванд.
Шоми ҳамон рӯз, соати 20:00 дар боғи «Дӯстӣ», майдони «800-солагии Москва», майдони назди Сирки давлатии Тоҷикистон ва майдони назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо иштироки гуруҳҳои ҳунарӣ барномаҳои ҷолиби идонаи консертӣ манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегарданд.