Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии муовини вазири фарҳанг вобаста ба нуктаҳои асосии Паём

Вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27 то 28 декабри соли 2017 муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода ва сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат Ғуломзода Қурбон ба шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни сафари корӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо масъулини раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанги вилоят ва дигар муассисаҳои зертобеи ҷумҳуриявии воқеъ дар вилояти Хатлон мулоқот ва мубодилаи афкор баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа баррасии комёбиву муваффақиятҳои соҳаи фарҳанг дар соли 2017 , ислоҳи камбудиҳо, дар замина ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паём ба соҳаи фарҳанг нигаронида шуда буданд, мавзӯи асосии суҳбат қарор гирифт.
Аҳли фарҳанги вилояти Хатлон иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат, ки дар он ба соҳаи фарҳанг аҳамияти махсус дода шудааст, барои иҷрои вазифаҳои дар пеш истода рӯҳу илҳоми нав ба кормандони соҳа мебахшад.
Муовини вазири фарҳанг Музаффар Давлатзода зимни сафари кориаш ба вилояти Хатлон инчунин бо рафти обунашавӣ ба матбуоти даврӣ, таъминоти китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр ва фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ шинос шуда, барои фаъолияти муназзам ва пешравии соҳаи мазкур супоришҳо доданд.