Сомонаи пешина | Дш, 18 Ноябр 2019 | 14:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Базми «Зебо» бахшида ба 55–солагии фаъолияти эҷодии Артисти халқии СССР Зебо Аминзода

17 декабри соли 2018, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 55–солагии фаъолияти эҷодии Артисти халқии СССР Зебо Аминзода барномаи консертӣ таҳти унвони «Базми Зебо» баргузор мегардад.

Дар барномаи консертӣ ҳунарпешаҳои гуруҳҳои рақсӣ аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. 

Аз рӯзгор ва фаъолияти
Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Зебо Аминзода

Санъати рақс дар таърихи тамаддуни ҳар халқу кишвар мақоми арзанда дорад. Маҳз тавассути рақс новобаста аз тафовутҳои забонӣ, ирқӣ ва фарҳангӣ инсонҳо дар ҳама давру замон орзуву омол ва розу ниёзҳои худро ба забон меоранд. Бе шакку шубҳа дар масири таърих рақс муттаҳидкунандаи воқеии халқу миллатҳои сайёра буду боқӣ мемонад.

Зебо Аминзода аз зумраи саршиносони санъати касбии тоҷик ба ҳисоб рафта, саҳми ин устоди рақс дар рушди санъати волои тоҷик беназир мебошанд. Зебо Аминзода дар санъати рақси миллии тоҷик таҳаввулоти бузург ворид сохт, ки имрӯз даҳҳо шогирдони ӯ идомадиҳандаи кори устод мебошанд.

Аминзода Зебо Муҳиддиновна, 3 октябри соли 1948 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадаанд. Падарашон Муҳиддин Аминзода - шоир ва тарҷумони шинохта, ходими Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон ва модарашон-Усмонова Ойдин Яҳёевна, Ҳунарманди халқии РСС Тоҷикистон мебошанд.

Зебо Аминзода соли 1955 дар мактаби миёнаи ба номи А. Рӯдакии шаҳри Ленинобод хонда, аз соли 1958 ба омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Москва, ки дар назди Театри Калони Академии СССР (Государственный Академический Большой Театр СССР) фаъолият дошт, дохил ва дар он ҷой то соли 1962 таҳсил намудааст.

Соли 1962 ба Омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Тошканд рафта, омӯзиши рақсҳои миллиро идома дода, соли 1965 ин омӯзишгоҳро хатм мекунад. Худи ҳамон сол, ба ҳайси ҳунарпешаи рақс ба театри мусиқӣ-драммавии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Ленинобод ба кор дохил шуда, то соли 1978 фаъолият намудааст. 

Соли 1968 дар Фестивали IX Умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён, ки дар шаҳри София гузашт, бо иҷрои рақси миллии тоҷикӣ сазовори медали тилло ва ба унвони Лауреати ҳамин фестивал ноил гардидааст. Худи ҳамон сол инчунин Лауреати мукофоти Комсомоли Ленинии Тоҷикистон гаштааст.

Зебо Аминзода хатмкардаи Донишкадаи давлатии педагогии ба номи С. М. Кирови шаҳри Ленинобод (соли 1972-1979) нихз мебошад.


Соли 1978 барои ташкил намудани ансамбли рақсӣ дар назди Кумитаи телевизион ва радиои РСС Тоҷикистон ба Душанбе даъват шуда, аз соли 1978 то соли 1990 ҳамчун роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбли рақсии “Зебо” фаъолият кардаааст.

Соли 1990 бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли рақсии “Зебо” ба ансамбли давлатии тарона ва рақси “Зебо” табдил меёбад.

Соли 1975 ба унвони Артисти шоистаи РСС Тоҷикистон ва соли 1980 ба унвони Артисти халқии РСС Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Зебо Аминзода 31 декабри соли 1986 сазовори унвони Артисти Халқии СССР гаштааст.

Моҳи декабри соли 1992 Зебо Аминзода ҷонишини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад . Соли 1993 Раиси Шӯрои Координатсионии ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои “Мир” интихоб гардида, соли 1994 ҳамчун намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои “Мир” ба шаҳри Москва ба кор фиристода мешавад.

Соли 1996 ба вазифаи мушовири Раиси ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои “Мир” кор карда, баъд аз он вазифаи мушовири Кумитаи иқтисодии байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Москва воқеъ аст, ба зимма доштааст.

Соли 1998 бо медали “В память 850-летия Москвы” мукофотонида мешавад.

Мувофиқи Қарори Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз соли 1999 то соли 2003 ба ҳайси мушовир дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил адои вазифа намудааст.

Соли 2012 Зебо Аминзода ба шаҳри Хуҷанд бармегардад. Соли 2013 бо Қарори Раиси вилояти Суғд Муассисаи давлатии “Мактаби рақсии Зебо Аминзода” таъсис меёбад ва Зебо Аминзода ба вазифаи директор ва роҳбари бадеии ин муассиса таъин мешавад.

7-8 марти соли 2014 Муаррифии нахустбарномаи МД “Мактаби рақсии Зебо Аминзода”-и вилояти Суғд баргузор гардид. Моҳи апрел бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани Ансамбли давлатии рақсии “Зебо” Зебо Аминзода ба шаҳри Душанбе ба кор даъват мешавад. 

Дар муддати кӯтоҳ ансамбли навтаъсиси “Зебо”, ки аз талабагони мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе дар асоси озмун қабул шудаанд ба кор шурӯъ намуд. Баъд аз ду моҳи фаъолият Ансамбли давлатии рақсии “Зебо” дар ҳайати 40-нафар бо панҷ номераҳои рақсӣ дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба баргузории ҷаласаи шурои Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баромад намуд.

Муаррифии ансамбли давлатии рақсии “Зебо” 21 майи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Ансамбли давлатии рақсии “Зебо” бо роҳбарии Артисти Халқии СССР Зебо Аминзода дар ҳама чорабиниҳои давлатӣ ва сафарҳои ҳунарӣ дар хориҷи кишвар фаъолона ва дар сатҳи баланди эҷодӣ иштирок менамояд.

Зебо Аминзода соҳиби се фарзанд, ҳашт набера ва се абера мебошанд.