Сомонаи пешина | Дш, 21 Январ 2019 | 11:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷаласаи Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ таҳти раёсати Тоҷикистон

Аз 17 то 20 декабри соли 2018 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 29-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ таҳти раисии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Созмон Неъматулло Эмомзода баргузор гардид.

Роҳбарии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Н.Эмомзода ба уҳда дошта, инчунин ба он намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, нақлиёт ва иқтисоду савдои кишвар низ шомил буданд.

Дар чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби ҷаласаҳои кумитаҳои соҳавӣ як қатор масъалаҳои муҳиму мубрами фаъолияти Созмон, аз ҷумла банақшагирии фаъолияти он дар соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.