Сомонаи пешина | Дш, 21 Январ 2019 | 11:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шоу барномаи сиркӣ дар Сирки давлатии Тоҷикистон

 

Шоу барномаи сиркӣ бахшида ба ҷашни Соли нави мелодӣ дар Сирки давлатии Тоҷикистон аз 29 декабр шуруъ гардида, то 29 январи соли 2019 идома меёбад.

Барномаи идона таҳти роҳбарии бадеии ҷоизадори Шери нуқрагин Обидҷон Эргашев таҳия гардида, намоишҳои ҷолибу барои бинанда навро дар бар мегирад. 

Дар барнома ҳунарнамоии агробатҳо, гимнастҳо дар тасма, гимнастҳо дар алвон, дорбозҳо, бозӣ бо ҳамйвонот ба мисли саг, мор, хирс, маймун ҷой дода шудаанд. 

Дар барнома ҳунарпешагони ҷавони сирк Муҳаммад Шарифзода ва Мадина Назарова, ки дар озмуну фестивалҳои байналмилалии сиркӣ ғолибият ба даст овардаанд, иштирок мекунанд. 

Шоуи сиркиро рақсҳои милливу аврупоӣ, аз ҷумла рақси Канкан боз шавқовартар мегардонанд.