Сомонаи пешина | Чш, 19 Июн 2019 | 13:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳисоботи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2018 ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳа дар соли 2019

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози сол шаклу услуби корашро такмил дода, фаъолият ва тамоми неруи зеҳниро ба амалӣ гардонидани сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба соҳаи фарҳанг, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», нақшаи чорабиниҳо, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018» ва паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуда, тантанаҳои сиёсӣ, давлатӣ ва милливу байналмилалиро, аз қабили 25-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ, ҷашни “Модарон”, “Шоми дўстӣ” дар заминаи таҳкими муносибатҳои бародаронаи ду халқи дўст — тоҷику ўзбек, Иди Наврўз, рўзҳои Шашмақому Фалак, Рўзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон, ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан ва шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ҷашни Истиқлолият ва мавриди истифода қарор додани неругоҳи барқи обии Роғунро дар сатҳи баланд доир намуда, фазои чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро бо барномаҳои фарҳангии ҷолиб ва сафарбар намудани аҳли ҳунари тамоми зинаҳои соҳа ғанӣ гардонд.
Таҳлил нишон медиҳад, ки нақшаи фаъолияти вазорат оид ба пешбурди соҳаҳои фарҳангу санъат ва табъу нашр, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, пурра иҷро гардидаанд. Соҳиби ҷоизаи “Гран при”гардидани Шашмақомхонон ва матбаачиёни кишвар, ба феҳристи арзишҳои байналмилалии Созмони ЮНЕСКО ворид гардидани санъати гулдўзии “Чакан” ва ғолиби озмуну фестивалҳои гуногуни байналмилалӣ гардидани чеҳраҳои наву ҷавон ва муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ дастовардҳои муҳимтарини сол мебошанд.
Дар айни замон фазои фарҳангии кишвар ҳамеша пур буда, барои дар сатҳи баланд ва шоиста баргузор намудани чорабиниҳои соли 2019 ва таъмини рушди устувору босуръати тамоми самтҳои соҳа ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешида шуда истодаанд.

I.ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАҲОИ САНЪАТ ВА НАМОИШҲОИ ТЕАТРИЮ КОНСЕРТӢ

Аҳли эҷоди муассисаҳои театрию консертӣ барои баргузории ҷашнҳои 25-солагии Артиши миллӣ, Иди Модарон, Рўзи матбуоти тоҷик, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, Иди Наврўзи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Панҷакент, таҷлили Рўзи Пойтахт, Рўзи Ғалаба, Рзи “Шашмақом”, ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Рўзи Ҷавонон, Рўзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Туркманистон ва Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Давлати Қатар, чорабинии фарҳангии сатҳи баланд дар Давлати Кувайт, барномаҳои ҳунарӣ бахшида ба баргузории конференсияи байналмилалии сатҳи баланд Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба баргузории ҷаласаи Шўрои Сарони ҳукуматҳо ва Шўрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шўрои сарвазирони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шашумин Фестивали байналмилалии театрҳои лўхтак “Чодари хаёл”, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Навозандагони ҷавон» ва «Рассомони наврас» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», мавриди истифода қарор додани иншооти тақдирсози миллат — неругоҳи барқӣ-обии “Роғун” ва дигар барномаҳои фарҳангӣ дар робита ба ташрифи меҳмонони олимақом фаъолона иштирок намуданд. 
Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 2018 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ баргузор гардид. Бояд тазаккур дод, ки барнома вобаста ба мавзўю муҳтавои чашн – шеъру оҳангҳои тозаэҷод дар васфи Тоҷикистон, ифтихор аз ватану ватандорӣ, сулҳу амният, меҳру муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ таҳия гардида буд, як намунаи нав буд.
Баргузории барномаҳои муштараки консертии “Шоми дўстӣ”, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 марти соли 2018 ва сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон (14-18 августи соли 2018) бо ҷалби беҳтарин ҳунарпешагон ва гурўҳҳои ҳунарии ду кишвари дўсту ҳамҷавор бо шукўҳу шаҳомат доир гардиданд, дар таърихи муносибатҳои фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Ўзбекистон саҳифаи нав боз кард.
Инчунин консерти тантанавии “Шоми дўстӣ”, ки дар шаҳри Тошкент баргузор гардид, бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумкунандаи дўстии мардумони Тоҷикистону Ўзбекистон мебошад, бо иштироки Сарони давлатҳо доир гардид, ки баргузории онҳоро Роҳбарони олии ду кишвар намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.
Аз 18 то 25 март дар тамоми муассисаҳои театрию консертӣ намоишномаҳо ва барномаҳои наврўзии рангини консертӣ манзури шаҳрвандон шуданд.
Наврўзи байналмилалӣ бо пешниҳоди барномаҳои рангину хотирмон дар шакли комилан нав таҷлил гардид. 24 март дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар ва шоми 25 март дар Наврўзгоҳи пойтахт ва баъдан дар шаҳри Панҷакент намоишҳои пуршукўҳи театрикунонидашуда дар ҳузури Пешвои муаззам бо иштироки меҳмонону шаҳрвандон ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе доир гардиданд.
Ҳамчунин, дар доираи таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ аз 21 то 26 июни соли 2018 аз ҷониби ҳайатҳои ҳунарии муассисаҳои консертии вазорат барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ пешниҳоди сокинони навоҳии дурдаст гардиданд. Тантанаҳои асосии ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд ба иди ҳақиқӣ табдил ёфтанд, ки маросими бузургдошти он аз ноҳияи Шаҳристон оғоз гардида, рўзи 26 июн дар маҷмааи зебои таърихию фарҳангии Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан идома ёфтанд. Рўзи 27 июни соли 2018 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Конибодом бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонону аҳли ҷамоатчигии кишвар барномаи муҳташами фарҳангӣ, ки дар он беҳтарин санъаткорони кишвар, гурўҳҳои ҳунарӣ ва ҳунарпешагони муассисаҳои консертии мамлакат бо суруду оҳангҳои тозаэҷоди тараннумгари Ваҳдату Истиқлол ҷалб гардида буданд, дар сатҳи баланд доир гардид.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим роҳандозӣ гашта, як қатор чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе ва шоми 9 сентябр дар муассисаи давлатии “Наврўзгоҳ” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонону аҳли ҷамоатчигии кишвар барномаи муҳташами фарҳангӣ доир гардид, ки дар он беҳтарин санъаткорони кишвар, гурўҳҳои ҳунарӣ ва ҳунарпешагони муассисаҳои театрию консертӣ бо суруду оҳангҳои тозаэҷоди тараннумгари Истиқлолият дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Шоҳҷоизаи Форуми байналмилалии санъати мақом дар Шаҳрисабз ба Тоҷикистон омад. Боиси тазаккур аст, ки дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гурўҳи мақомсароёни кишвар ба Шоҳҷоизаи Форуми байналмилалии санъати мақом, ки 6-10 сентябри соли 2018 дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор шуд, соҳиб гардиданд. Ҳайати мақомсароёни Тоҷикистон дар форуми мазкур бо истеъдод ва маҳорати мақомнавозӣ, мақомсароӣ доварони чорабинӣ ва тамошобинонро мафтун намуданд.
Боиси зикр аст, ки форуми мазкур бо дастгирии ЮНЕСКО ва бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон бо иштироки 300 нафар мақомсароён, мутрибон, мусиқишиносон ва муҳаққиқон аз 73 давлати дунё доир шуд. Дар ин ҳамоиши бузурги байналмилалӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ба ҳайати 11-нафараи ҳакамони форум шомил буд.
Дар доираи Форум конфронси амалӣ дар мавзўи “Санъати мусиқии мақом ва мавқеи ў дар тамаддуни ҷаҳонӣ инчунин намоиши асбобҳои мусиқӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки ба санъати мақом вобаста аст, ташкил гардид.
Барои аҳли фарҳангу ҳунар ифтитоҳи нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” воқеаи фараҳбахш ва хотирмон буд. Вобаста ба ин, аҳли санъату ҳунар дар ҷараёни омодагӣ ба маросими ба истифода додани ин иншооти бузурги аср ҳамаҷониба аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, дар ин маърака, ҳам дар НБО “Роғун ” ва ҳам дар пойтахти кишвар бо пешниҳоди барномаҳои ҷолиби консертӣ саҳми босазо гузоштанд.
Бо мақсади арҷ гузоштан ба хидматҳои шоистаи арбобони ҳунар соли 2018 маҳфилҳои пуршукўҳи эҷодӣ бахшида ба 50-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева, 45-солагии фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов, 40-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достизода, 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии СССР Зебо Аминзода, 80-солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, композитор Фаттоҳ Одинаев, 80-солагии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошимов, 50-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева ва Ғолиб Исломов ва 80-солагии Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кўлоб дар сатҳи муносиб таҷлил шуданд.
Муассисаҳои театрӣ.
Падидаи фараҳбахши аҳли театрии кишвар он буд, ки дар оғози соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Театри вилоятии лўхтаки “Афсона” таъсис ёфт ва пас аз анҷом ёфтани таъмиру тармими бино ва ҷобаҷогузории кадрӣ ҳайати эҷодии муассиса ба фаъолияти пурсамар шурўъ намуд.
Дар соли 2018 дар театрҳои касбии кишвар 72 асари нав саҳнавӣ гардид. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 31 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 41 намоиш рўи саҳна омад, ки дар қиёс ба соли 2017-ум 10 намоиш зиёд аст.
Бо тавсияи бахши драмавии Шўрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сол 19 асари драматургони тоҷик харидорӣ шуд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии академӣ драмавии ба номи А.Лоҳутӣ 20-30 апрели соли 2018 бо намоишномаҳои «Вийд»-и Ҷ.Қуддус ва «Ҷиноят ва ҷазо»-и М.Зощенко ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Дар давоми сол намоишномаҳои нав “Ҷашн”-и А.Чехов (тарҷумаи Ҷ.Қуддус) дар таҳияи Б.Қурбонзода, “Обу оташ”-и Мансур Суруш дар таҳияи Ш.Абдулқайсов, «Шуллук ва беваҳо»-и Ш.Солеҳ дар таҳияи З.Ҷаводов, «Мусичаро напаронед»-и Н.Табаров дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Д.Убайдуллоев, “Ишқи нобино”-и Маҷид Салим дар таҳияи Т.Аҳмадхонов ва намоиши “Дили Модар” аз рўи достони манзуми Ниҳонӣ “Давлати дин” дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир, “Гурбаи мўзапўш”-и Ҷ.Қуддус (аз рўи афсонаи Шарл Пйеро), “Дузди боинсоф”-и Дарио Фо дар таҳияи хатмкунандаи Донишкадаи давлатии театрии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Сомон Алимов пешкаши тамошобинон гардонида шуданд.
Рўзи 30 июн дар доираи сафари ҳунарии Театри миллии Ҷумҳурии Ўзбекистон ба номи Муқимӣ намоишномаи «Жайдари келин»-и Нурулло Аббосхон пешкаши тамошобинон гардид.
Боиси зикри хос аст, ки ҳайати ҳунарии театр моҳи октябри соли 2018 пас аз 30 сол ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро бо намоиши «Ҷиноят ва ҷазо»-и М.Зощенко дар таҳияи коргардони ҷавон Абдукарим Машрабов сафари ҳунарӣ намуданд.
Ҳайати эҷодӣ ва ҳунарии театр дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, дар ин давра ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои водии Рашт, Рўдакӣ, Варзоб, шаҳрҳои Турсунзода, Панҷакент сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Дар маҷмўъ 164 спектакли театрро дар соли 2018 зиёда аз 27642 нафар тамошо намуданд.
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои дўстдорони санъати касбӣ намоиши “Кўршапарак”-и И.Штраус, нахустнамоиши «Алеко»-и С.Рахманинов, нахустнамоиши афсонаи мусиқии “Буратино” ва мюзикли нав — “Зебосанам ва Девсиришт”-ро дар таҳияи саррежиссёри театр Султон Усмонов саҳнавӣ намуда, пешкаши тамошобинон гардонид. Ҳамчунин дар муассиса дар ин давра консерти солисткаи опера аз Ҷумҳурии Беларус Ирина Лой, Гала-консерт бахшида ба таҷлили зодрўзи Артисти халқии СССР Малика Собирова ва консерти ҳамсароёни театр дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардиданд.
Дар доираи ҳамкориҳо бо Театри калони академии ба номи А.Навоии Ҷумҳурии Ўзбекистон бори нахуст ҳунарпешагони театри мазкур Нодира Ҳамроева ва солисти балет Улуғбек Олимов барои иштирок дар намоиши «Маликаи хуфта»-и П.И.Чайковский даъват гардиданд.
Моҳи октябри соли 2018 солистони театр — Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев ва Шарофат Усмонова дар Фестивали байналмилалии опера ва мюзикли «ДосStar» дар шаҳри Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба дипломи ин ҷашнвора сазовор гардиданд.
Ҳайати эҷодии Театр дар давоми сол 112 намоиш ва барномаҳои ҳунариро манзури 25764 нафар тамошобинон гардонид.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский дар ин давра намоиши навро аз рўи асари Саид Аҳмад «Исёни арўсон» дар таҳияи Х.Мустафоев, намоишномаи нави кўдакона «Приключение Синдабада и Юнги» аз рўи асари Р.Уланова дар таҳияи Р.Уланова, «У войны не женское лицо» аз рўи асари С.Алексиевич дар таҳияи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон М.Дадаева, «Тартюф» аз рўи асари Ж.Б.Мольер дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Б.Миралибеков ва намоишномаи кўдакона «Шуры-Муры, Фа-ра-рам»-ро дар таҳияи М.Дадаева саҳнавӣ гардонид.
Муассиса дар ҳамкорӣ бо Маркази федералии дастгирии сафарҳои ҳунарии Федератсияи Россия аз 1 то 5 ноябри соли 2018 ба шаҳри Оренбург ва дар давоми соли 2018 ба вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав сафари ҳунарӣ анҷом дод.
Дар маҷмўъ театр 200 намоишномаро ба 19795 нафар шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри Душанбе манзур намуд.
Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоиши тозаэҷодро аз рўи асари Меҳмон Бахтӣ — «Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ», дар таҳияи Ш.Халилов, «Коргардон»-и А.Фаррухӣ ва М.Миров дар таҳияи коргардон М.Миров, «Гумроҳон»-и Д.Мирхонов дар таҳияи И.Мингбоев, «Бузаки ҷингилапо»-и Р.Воҳидов дар таҳияи В.Шеров ва намоиши «Паррандаи хушбахтӣ»-и Р.Исмоиловаро саҳнавӣ гардонид.
5-13 майи соли равон ҳунарпешагони театр бо намоиши «Актриса» дар ҷашнвораи байналмилалии театрҳо «Фазои ҷавонӣ» (Пространство юных) дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок намуданд, ки он сазовори ҷоиза, тандис ва сипосномаҳо гардиданд. Ҳамчунин ҳайати ҳунарии театр дар давоми сол ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон сафарҳои ҳунарӣ анҷом доданд.
Давоми сол 224 намоишҳои театрро 40272 нафар мухлисони санъат тамошо карданд.
Кормандони Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Шоҳзодаи хурдакак»-и А.Сент-Экзюпери дар таҳияи Ю.Москалевич, дар ҳамкорӣ бо созмони байналмилалии ОКСФАМ дар Тоҷикистон намоиши лоиҳавӣ «Об неъмати бебаҳост» муаллиф ва таҳиягар Ҳотам Салимов бахшида ба ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи СММ таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Китоб манбаи дониш аст» (Ҳ.Салимов, И.Бухориев), «Ҳуқуқи шумо дар дасти худи шумо» (муаллифон Н.Розиқова, Ҳ.Салимов, таҳиягар И.Бухориев), «Чароғаки солинавӣ»-и З.Ҷаводов, дар таҳияи И.Сафаров ва «Серебрянный ключ»-и Г.Одинаевро ба саҳна гузоштанд. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади густариши ҳамкориҳо бо Театри давлатии лўхтаки шаҳри Тошканд барои ба саҳна гузоштани намоиши «Веселый балаган»-и Д.Юлдашева бо забони русӣ Ҳунарпешаи шоистаи Ўзбекистон Фатҳулло Хоҷаев даъват гардида, нахустнамоиши асари мазкур 5 октябр сурат гирифт.
22-28 октябри соли 2018 бо мақсади таҳкими робитаҳо, шиносоӣ бо беҳтарин бозёфтҳои санъати лўхтак ва табодули таҷриба дар шаҳри Душанбе Шашумин Фестивали байналмилалии театрҳои лўхтак «Чодари хаёл» бо иштироки театрҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Туркманистон ва театрҳои лўхтаки Тоҷикистон доир гардид. Дар доираи баргузории ин ҷашнвора конференсияи илмӣ-амалии «Театри лўхтак ва тарбияи эстетикии насли наврас» ва бо ҳайатҳои эҷодии се театри лўхтаки Тоҷикистон дарсҳои тахассусӣ (мастер-класс) бо иштироки мутаххасисони соҳа аз Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида шуд.
Дар ин давра ҳайати эҷодии театр ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ бо намоши «Китоб манбаи дониш аст» сафари ҳунарӣ намуд.
Театр 158 намоишро ба 28224 нафар мухлисони хурдсол пешкаш намуд.
Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов асарҳои “Дар олами вуҳуш”-и Қ.Ҳомидов, моно-спектакли “Ватандорӣ” аз рўи осори Лоиқ Шералӣ дар таҳияи Ф.Қосимов, “Сайёраи шоҳзодаи хаёлӣ”-и А.Сент-Экзюперӣ ва “Афсона барои кўдакон”-ро дар таҳияи С.Қосимова саҳнавӣ гардиданд.
Ҳайати эҷодии театр дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, ба шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Фаъолияти театрҳои музофотии кишвар дар давоми сол назаррас буд. Аз ҷумла, ҳайати эҷодии Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара намоишномаҳои «Дугоникҳо»-и Могилевтсев дар таҳияи С.Алимов, «Бори каҷ»-и Ато Ҳамдам дар таҳияи Саломуддин Додарбеков, “Роҳҳо”-и И.Усмонов ва А.Қодиров дар таҳияи А.Қодиров, “Тахти Султон Маҳмуд»-и Ш.Солеҳ дар таҳияи Р.Одинаев ва “Зангирии Балзаминов”-и А.Островскийро дар таҳияи Р.Одинаев рўи саҳна оварда, пешкаши тамошобинон гардонид.
Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоишномаи «Рудолфио» аз рўи ҳикояи В.Распутин дар таҳияи Отахон Саидзода ҳамчун кори дипломии магистри факултаи театри бадеӣ шуъбаи режиссураи драма ба устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода пешкаш гардид. Ҳамчунин намоиши “Қиёмат”-и Ҷ.Қуддус аз рўи асари Ч.Айтматов “Қиёмат” дар таҳияи П.Раҷабзода, “Карим девона”-и Т.Аҳматхонов дар таҳияи Қ.Шукуров ва “Маликаи барфӣ”-и Г.Х.Андерсен дар таҳияи П.Раҷабзода саҳнавӣ шуданд.
Ҳайати ҳунарии театр ба ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Мастчоҳи Кўҳию Айнӣ сафари ҳунарӣ намуданд.
10-19 ноябри соли 2018 театр дар Фестивали байналмилалии “Айтматов ва театр” бахшида ба 90-солагии Ч.Айтматов ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуда, сазовори ҷоизаи “Нақши беҳтарини мардона” Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловиддин Абдуллоев ва ҷоизаи “Нақши беҳтарини мардонаи дараҷаи 2” ҳунарпеша Қурбонмуҳаммад Шукуров гардиданд.
Театри вилоятии лўхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтар бо нахустнамоиши асари “Подоши амал”-и А.Абдураҳмонов рўзи 5 апрели соли 2018 дари худро ба рўи тамошобинони хурдсол боз намуд.
Ҳайати эҷодии театр имсол асарҳои “Бўрёкўбони Харгўшак”, “Беранҷ наёби ганҷ”, “Саргузашти солинавии Хирсак”-и Х. Давлатов ва “Қиссаи Хирс ва Хорпушт”-и Ф.Чориевро таҳия намуд.
Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кўлоб намоишҳои тозаэҷоди “Дар кўчаҳои қисмат”-и Ато Ҳамдам дар таҳияи Р.Одинаев, “Умед”-и Ш.Солеҳ дар таҳияи С.Мадалиев, “Ҷангсолор”-и Ҷ.Қуддус ва “Тўй дар Хуррамдара”-и С.Айюбӣ дар таҳияи Р.Одинаев саҳнавӣ гардида, манзури тамошобинон шуданд.
Театр зиёда аз 38 барномаҳои рангини консертии худро таҳти унвони «Субҳи ҷавонӣ» дар ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик ва шаҳри Норак доир намуд.
Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ дар ин давра асари Дарио Фо “Тиҷорат” дар таҳияи У.Хисравов ва “Датабара”-и П.Қиматшоевро рўи саҳна овард. Ҳайати эҷодӣ ба ноҳияи Роштқалъа сафари ҳунарӣ намуданд.
Аҳли театр дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ фаъолона ширкат намуданд.
Дар маҷмўъ аҳли эҷоди театр 61 намоишро пешниҳоди 3456 тамошобинон намуданд.
Ҳайати эҷодии Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд нахустнамоишҳои «Макри зан»-и Ҷ.Қуддус дар таҳияи Н.Пояндаев, «Табиби парон»-и Молер ва “Дувоздаҳ моҳ”-и В.Дёминро дар таҳияи С.Шехов пешкаш гардонд.
Шумораи тамошобинон 22513 нафарро ташкил дод, ки аз ин ба хазинаи театр 204080 сомонӣ маблағ ворид гардид.
Театри тамошобини навраси ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд намоишномаи нави “Алинур”-и В.Мейерхолдро дар таҳияи Ш.Ҷўраев, “Хубони эрка” аз рўи асари Я.Мирсаков дар таҳияи Э.Ҳомидов, «Заргўшаки доно»-и Ш.Қиёмов дар таҳияи Б.Мақсудова ва “Зангулаи сеҳрнок”-и О.Розумро дар таҳияи Т.Султонов пешкаши тамошобин гардонид. Ҳайати эҷодии театр ба шаҳрҳои Исфара, Гулистон ва ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров сафари ҳунарӣ намуд.
Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бўстон намоишномаи нав — «Эй войи ҷавонӣ» -и Н.Шарипов ва Б.Холов, “Бояд китобхон шавем”-и Н.Шарипов ва “Саргузаштҳои солинавии Тошка ва Фунтик”-ро дар таҳияи Н.Шарипов рўи саҳна овард.
Дар ин давра 81 намоиш ба сокинони шаҳр пешниҳод гардид, ки онҳоро 8973 нафар тамошо карданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати эҷодии Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон намоишномаи “Эраҷпаҳлавон”-и Ш.Қиёмов ва “Бори дигар дар бораи тоқисурхак” аз рўи асари С.Ефремов ва С.Коган ва “Саргузашти солинавии Аҷузкампир”-ро дар таҳияи Н.Аҳмедова, пешниҳоди тамошобинон гардонид.
Ҳунармандони театр бо намоишномаи «Оҳуи тиллоӣ»-и Ш.Қиёмов ба шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истиқлол, Гулистон ва ноҳияҳои Б.Ғафуров сафари ҳунарӣ намуданд, ки бисёр хубу хотирмон баргузор гашт.
Дар маҷмўъ 185 намоиши театрро 19400 нафар тамошо карданд.
Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом намоишномаҳои «Тоқисурхак»-и Е.Шварц дар таҳияи Д.Шукурҷонзода ва «Оҳ муҳаббат»-и Олим Салимов дар таҳияи Шехов Сўҳроб, “Қобил” аз рўи асари Ҷ.Байрон, тарҷумаи С.Ҷило дар таҳияи А.Хоҷақулӣ ва “Роҳзан”-и М.Музаффарро саҳнавӣ намуд.
Дар ин давра, театр 273 намоишномаро ба 19725 тамошобинон манзур намуд.
Театри давлатии драмавии ўзбекии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳияи Спитамен намоишномаи “Ҳаммолии Азроил”-и У.Усмон дар таҳияи Т.Маликов, “Ситораи танҳо” аз рўи асари Н.Аббосхон дар таҳияи Т.Маликов ва “Ҷорўби Аҷуза”-ро саҳнавӣ намуда, дар ноҳияҳои вилоят сафари ҳунарӣ анҷом дод.
Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт дар ин давра намоишномаи тозаэҷоди Н.Наимов “Дар гирди арча” дар таҳияи О.Самиеваро рўи саҳна овард.
Муассисаҳои консертӣ.
Дар соли 2018 муассисаҳои консертӣ дар тамоми чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, пазироии меҳмонони олиқадр фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар доираи таҷлили “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ” дар Боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе 69, барои кормандони НБО “Роғун” 10, вазорату идораҳо 56, пазироии меҳмонони олиқадр 27 ва таҷлили ҷашнҳои муҳими сиёсӣ 84 чорабинии фарҳангӣ, дар маҷмуъ 246 чорабинӣ баргузор гардид.
Дар ин давра аз ҷониби ҳайатҳои эҷодии муассисаҳои консертӣ 87 суруду оҳангҳои тозаэҷод ва 59 номераҳои нави рақсӣ пешниҳоди мухлисони санъат гардонида шуданд.
Соли 2018 бо тавсияи бахши мусиқии Шўрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 асари мусиқии композиторон харидорӣ шуд.
Ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев дар давраи ҳисоботӣ дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намуданд.
Ҳамчунин, якчанд барномаҳои консертии ҳисоботии ҳунарпешагон ва гурўҳҳои ҳунарӣ, аз ҷумла, барномаҳои консертии ансамблҳои “Тарона ва рақс”, “Шашмақом”, “Ганҷина” ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев, ҳунарпеша Бахтиёр Оқилов ва ғайра дар толори муассиса баргузор гардиданд.
Ҳунарпешаи муассиса Фирдавс Ҳошимов моҳи апрели соли ҷорӣ дар таҷлили ҷашни Наврўз ба Ҷопон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев 18-20 август дар ҳайати ҳунарии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ўзбекистон сафари ҳунарӣ намуданд.
Дар ин давра ҳайати эҷодии муассиса 43 суруду оҳангҳои дастаҷамъона аз ҷониби гурўҳҳои консертӣ ва 28 рақс аз ҷониби ансамблҳои рақсӣ эҷод карда, дар барномаҳои консертӣ иҷро намуданд.
Аҳли ҳунари Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ дар соли 2018 дар таҷлили ҷашнҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ташрифи меҳмонони олиқадр фаъолона иштирок намуданд.
Муассиса барномаи фарҳангӣ бахшида ба 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии СССР Зебо Аминзодаро дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ташкил ва баргузор намуд.
Ҳайати ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро” дар Фестивали байналмилалии “Хунарҳои Сураҷкунд” дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ҳунарпешаи муассиса Зафар Абдуалимов дар чорабинии наврўзӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов ва Зафар Абдуалимов дар Ҷумҳурии Арманистон ширкат варзиданд. Ҳамчунин дар ин давра ҳайати ҳунарии муассиса ба ноҳияҳои Рўдакӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Нуробод, Рашт ва шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Роғун, Норак ва Ҳисор сафарҳои ҳунарӣ анҷом доданд.
Дар соли 2018 ҳайати ҳунарии муассиса 58 суруду оҳангҳо ва рақсҳои навро эҷод карданд, ки дар барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби оркестри эстрадии “Гулшан”, ансамблҳоии рақсии “Зебо” ва “Ҷаҳоноро” истифода намуданд.
Муассиса тибқи нақшаи фаъолият 182 барномаи ҳунариро ба 70250 тамошобинон манзур намуд.
Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас дорад.
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои тарафайни фарҳангӣ 5-8 майи соли 2018 Рўзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки ташкил ва ҳамоҳангсозии баргузории чорабиниро муассиса ба зимма дошт.
Кормандони муассиса тибқи созишнома миёни МДСҲ “Базморо” ва Муассисаи “Ўзбекконсерт” барномаи консертии Ҳунарпешаи халқии Ўзбекистон Озодбек Назарбеков ва Ҳунарпешаи шоистаи Ўзбекистон Оғобек Собировро дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва сафари ҳунарии театри давлатии мусиқии мазҳакавии ба номи Муқимии шаҳри Тошкент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор намуданд. Ҳамчунин 18-21 августи соли равон муассиса дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ бо ҷалби ҳунарпешагони шинохтаи Тоҷикистон якҷо бо сарояндагони Ўзбекистон ҳамчун давоми мантиқии барномаи “Шоми дўстӣ” дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро барномаи ҷолиби ҳунариро баргузор намуд.
Муассиса тибқи нақшаи фаъолият моҳи ноябр сафари ҳунарии Ҳунарпешаи шоистаи Ўзбекистон Обид Асомовро дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд ташкил намуд.
Бахшида ба таҷлили Соли нав барномаҳои консертии идонаро дар шаҳрҳои Ҳисор, Хуҷанд ва Бохтар созмон дод. Ҳамчунин муассиса аз ҳисоби даромадҳо аз барномаи консертӣ бахшида ба Соли нав, ки 26 декабр дар Сирки давлатии Тоҷикистон доир гардид, ба хонаи маъюбон кўмак намуд.
Муассиса якҷо бо филиалу намояндагиҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон силсилабарномаҳои фарҳангиро роҳандозӣ намуд.
Ҳайати ҳунарии Ансамбли «Сомон» дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва барномаҳои нақшавӣ фаъолона иштирок намуда, дар ин давра 7 асари нави мусиқиро эҷод ва пешниҳоди мардум карданд. Боиси тазаккур аст, ки муассиса моҳи майи соли 2018 дар ҷамоати Язғулом ва маркази ноҳияи Ванҷ ва тибқи нақша аз 22 то 27 июн дар ноҳияи Сангвор ва дар давоми сол дар Ваҳдат, Рўдакӣ ва шаҳри Роғун барномаҳои ҷолиби консертӣ баргузор намуд.
Мавриди зикр аст, ки бинобар зарурияти истеҳсолӣ муассисаи мазкур ба бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев кўчонида шуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид аз ҳисоби даромадҳо утоқҳои корӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.
Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ.Валаматзода баҳри дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронидани ҷашнҳо ва дигар чорабиниҳо бо 15 рақси нав ва 13 суруду оҳанги нав баромад намуданд.
Мавриди зикр аст, ки муассиса моҳи майи соли равон бори нахуст ба вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон сафари ҳунарӣ анҷом дод.
Гурўҳи рақсии кўдаконаи муассиса дар Фестивали байналмилалии “Рақси кўдакон ва наврасон”, ки 21-25 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Туркия доир гардид, ширкат намуд.
Ансамбл тибқи нақша ба ноҳияҳои Шаҳринав, Тоҷикобод шаҳри Ҳисор ва Бохтар сафари ҳунарӣ баргузор намуд.
Ҳайати эҷодии Сирки давлатии Тоҷикистон дар соли 2018 тибқи қарордод Сирки Ўзбекистонро даъват намуд, ки бо барномаи ҷолиб тўли як моҳ дар назди тамошобинони пойтахт ҳунарнамоӣ намуданд. Ҳамчунин бо мақсади тавсеаи робитаҳо моҳи март Сирки Москва “Браво” даъват гардид, ки барномаи ҳайати ҳунарӣ аз ҷониби тамошобинон гарму ҷўшон пазируфта шуд.
Бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳайати эҷодии муассиса рўзҳои 8, 9 ва 10 сентябр барномаи ҷолиби сиркиро ба сокинон ва меҳмонони пойтахт манзур намуд.
Ҳунарманди муассиса Муҳаммад Шарифзода дар фестивали байналмилалии ҷавонон “Цирковое будущее” дар Луганск иштирок намуда, сазовори ҷои якум гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ сирки сайёри муассиса ба ноҳияҳои Ҷайҳун ва Шаҳритуси вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари ҳунарӣ анҷом дод.
Муассиса барои ободу зебо намудани бино ва гирду атроф корҳои зиёдеро ба сомон расонид.
Кормандони Маркази эҷодии «Илҳом» дар таҳияи барномаҳо бахшида ҷашни “Сада”, барномаи “Шоми дўстӣ”, Иди байналмилалии Наврўз, Рўзи Ваҳдати миллӣ ва пазироии меҳмонони олимақом дар маҷмўъ дар 13 чорабинӣ саҳм гузоштанд.
Ҳамкорӣ бо Иттифоқи композиторони Тоҷикистон. Ҳамкории аҳли санъат бо композиторон таҳким ёфа, 67 нафар композиторону мусиқашиносон — аъзоёни Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ дар робита ба маъракаҳои сиёсию фарҳангии тантанаҳои ҷашнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи фарҳангии «Шоми дўстӣ» ба шарафи ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе ва Панҷакент, баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028», тантанаҳои ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд ва дигар чорабиниҳо 129 суруду оҳанг, аз ҷумла 23 кантата, 12 асарҳои симфонӣ, 7 асар барои оркестри созҳои миллӣ, 4 асар барои оркестри нафасӣ, 83 асарҳои созӣ, вокалӣ-камеравӣ, асарҳо барои хор, сюитаҳои вокалӣ-хорӣ ва хореографӣ, 5 мусиқӣ барои намоишномаҳои театрӣ ва синамо эҷод, инчунин 6 монографияву 13 мақоларо таълиф намуданд. Дар ин замина, коркард, танзим ва баргардонии 8 оҳанг барои гурўҳҳои ҳунарӣ, оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ анҷом дода шуд.
Бо мақсади тарғиби фаъолияти эҷодию илмии композиторону мусиқашиносони тоҷик ва дигар муассисаҳои эҷодию касбӣ ва таълимии соҳаи фарҳангу санъат, сомонаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (www. Kompozitor. тj) расман ба фаъолият шурўъ намуд.

II. ФАЪОЛИЯТ ДАР РУШДИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Аз тарафи Пешвои муаззам ҳамчун соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 барои рушди соҳаҳои фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ хеле мусоид омад. Дар соҳаи фарҳанг чандин лоиҳаҳо ҷиҳати такмил ба қонунҳои соҳавии амалкунанда манзур гардида, номгўйи намудҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ таҳия ва дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012, №451» баъзе имтиёзҳо муқаррар гардиданд.
Вазорати фарҳанг бо мақсади мукаммал гардонидани бонки иттилоотии ҳунарҳои мардумӣ ва ҷамъоварии маълумоти дақиқ вобаста ба ҳунармандон ва корхонаҳои истеҳсолии ҳунарҳои бадеии халқӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то имрўз наздики 1100 нафар ҳунармандон ба рўйхат гирифт.
Ба ифтихори «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» соли равон зиёда аз 60 чорабинии гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва зиёда аз 2000 чорабиниҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва маҳаллӣ доир гардиданд.
Дар Муассисаи давлатии “Мамнўъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор” ва Муассисаи давлатии “Наврўзгоҳ”-и пойтахт Маркази ҳунармандон таъсис дода шудааст, ки дар он аъзои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Бунёди байналмилалии косибони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳафт пайкар» ва дигар ҳунармандон фаъолият дошта, маснуоти худро ба фурўш мегузоранд.
Соли равон дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Душанбе, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Гулистон, Бўстон, Исфара, Мастчоҳ, Хоруғ, Рўшон, Ишкошим, Шуғнон, Дарвоз, Бохтар, Кўлоб, Норак, Леваканд, Данғара, Шаҳритус, Панҷ, Дўстӣ, Восеъ, Ҳамадонӣ, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Шаҳринав, Варзоб, Рўдакӣ, Рашт ва Файзобод, мағозаю дўконҳои фурўши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи истеҳсоли адрасу атлас ва корхонаҳои дўзандагию бофандагӣ ифтитоҳ ёфтанд.
Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Фестивали ҳунарҳои мардумӣ доир гардид, ки дар он беш аз 50 нафар занони вилоят ширкат варзида, маҳсули дасти хешро ба намоиш ва фурўш гузоштанд.
11 августи соли 2018 дар боғи марказии деҳаи Баррўшони ноҳияи Рўшон нахустин маротиба иди тут доир гардид, ки он ба рушди ҳунарҳои мардумӣ тақвияти хосса зам намуд. Намояндагони ҷамоатҳои деҳот намудҳои гуногуни тут, маҳсули дастии аз меваи тут омодашуда, асбобҳои мусиқиву конселярии аз чўби тут сохтаро манзури ҳозирин гардониданд.
Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд намоиши ҳунарҳои дастии мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳ аз зар» доир гардид.
5 декабри соли 2018 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд — 2018» баргузор гардид.
Рўзҳои 21–27 январи соли 2018 дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб бо ташаббуси Сафорат, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва дар ҳамкорӣ бо Департаменти фарҳангии Шарҷа ва Институти Шарҷа оид ба мерос «Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон» доир шуд. Инчунин, 2-18 феврали соли равон дар Иёлоти Ҳаряни Ҷумҳурии Ҳиндустон Фестивали байналмилалии «Сураҷкунд Мела» доир гардид, ки дар он 5 нафар раққосон аз ансамбли «Ҷаҳоноро» ва 5 нафар ҳунармандони ҳунарҳои мардумии тоҷик ширкат намуданд. 4-21 апрели соли 2018 шаш нафар ҳунармандони ҳунарҳои мардумӣ дар фестивали «Рўзҳои фарҳангии Шарҷа»-и шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб иштирок намуда, ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро ба сокинон ва меҳмонон пешниҳод намуданд.
Ба ифтихори «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» моҳҳои сентябр-ноябри соли равон дар саросари кишвар Вазорати фарҳанг дар ҳамкории муштарак бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» доир гардид. Даври аввали он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат гирифта, аз шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Файзобод, аз минтақаи Рашт ноҳияи Тоҷикобод, аз вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд, аз ВМКБ шаҳри Хоруғ, аз вилояти Хатлон ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ёвон, аз шаҳри Душанбе ноҳияи Шоҳмансур ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, ки рўзҳои 19-22 ноябр ва ҷамъбасту маросими туҳфасупорӣ рўзи 25 ноябр дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор доир гардид.
Тибқи нақша-тадбирҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дар миқёси ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» зери унвони «Сайри китоб» баргузор шуд. Ба ин муносибат гурўҳи корӣ дастури таълимӣ-методии «Сафинае дар баҳри дониш»-ро таҳия ва нашр намуданд.
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 26-солагии Парчами миллии Тоҷикистон, баҳри баланд бардоштани нақши китобхонаҳо дар густариши маънавиёти ҷомеа, ободонӣ ва ба макони ҳақиқии истироҳати шаҳрвандон табдил додани онҳо моҳҳои август-ноябри соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони «Чароғи ҳидоят» доир гардид.
Моҳҳои май-сентябри соли равон Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» доир гардида, маҷмўаи саволу ҷавобҳои тестӣ бо номи “Гулшани маърифат” ба табъ расид. Даврҳои аввалу дуюми он дар сатҳи минтақаҳо даври сеюми он дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутии шаҳри Душанбе сурат гирифт, ки тибқи низомномаи озмун аз ҳар минтақаи кишвар 4 нафарӣ — 20 нафар иштирок карда, 7 нафар соҳиби ҷоизаҳои ифтихорӣ ва 13 нафар барои иштироки фаъолона бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
Моҳҳои март-июни соли равон озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Гулзори маърифат» ба истиқболи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ду давр баргузор гардида, 24 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнӣ”-и шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.
Ба ҳолати 1 декабри соли 2018 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ: аз ин шумора 21 адад дар вилояти Хатлон, 19 адад дар вилояти Суғд, 2 адад дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, 13 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 15 адад дар шаҳри Душанбе мавҷуд буда, тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар ин боғҳо ва амфитеатрҳо рўзҳои шанбе ва якшанбе доир карда мешаванд.
Аз 70 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ 6 адад дар вилояти Хатлон, 5 адад дар вилояти Суғд, 1 адад дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва 6 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъмирталаб мебошанд.
Дар боғҳои мазкур 3081 адад курсиҳои нишаст, 144 адад аттраксион, 202 адад чархофалак, 31 адад лимпопо, 8 адад дастгоҳи тақвияти овоз, 35 адад нақлиёти хизматӣ, 18 адад мизи саққо (билиард) мавҷуд аст.
Моҳҳои апрел-ноябри соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт ҳар ҳафта рўзҳои истироҳат бо ҷалби муассисаҳои фарҳангӣ ва консертии тобеи вазорат, инчунин муассисаҳои таълимии касбӣ, Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, И.Сомонӣ, Шоҳмансур, шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Роғун, Файзобод, Шаҳринав, Рўдакӣ, Варзоб ва минтақаҳои Бохтару Кўлоби вилояти Хатлон 260 маротиба барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ бо намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Вале дар ноҳияҳои Балҷувон, Дўстӣ, Хуросон, Ховалинг, Ёвон ва Муъминободи вилояти Хатлон, Айнӣ, Мастчоҳи Кўҳӣ, Деваштич ва Зафарободи вилояти Суғд, Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоби ВМКБ, ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Сангвор, Нуробод, Рўдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт барои бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шуда бошанд ҳам, вале корҳои ободонӣ пурра анҷом дода нашудаанд ва танҳо дар рўзҳои ҷашнӣ чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида мешавад. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои мазкур ба ғайр аз дарахтони сояафкану мевадиҳанда дигар намуди арғунчаку чархофалак ва аттраксионҳои замонавӣ вуҷуд надоранд.
Фаъолияти китобхонаҳо. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҳолати 29 декабри соли 2018 дар миқёси ҷумҳурӣ 1422 китобхона амал мекунад, ки аз ин шумора 1 Китобхонаи миллӣ, 1 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ, 69 китобхонаи марказӣ, 1199 китобхона-филиал ва 76 китобхонаи бачагона, 76 китобхона дар вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимӣ (ба истиснои муассисаҳои таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон) мебошад.
Соли 2018 кормандони Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи М.Миршакар хизматрасониро беҳтар намуда, теъдоди 106656 нусха китобҳои чопӣ, 131 нусха бо 107 номгўй китобҳои таълимӣ дар шакли электронӣ ва 112 нусха бо 110 номгўй китобҳои гўё мебошанд.Тамоми захираи китобии китобхона дар маҷмўи феҳристу картотекаҳо сабт шудааст. Имрўз зиёда аз 900 нусха китоб дар шакли электронӣ нусхабардорӣ карда шудааст. Соли равон ба фонди китобхона 663 нусха китоб ба маблағи зиёда аз 9650 сомонӣ ворид гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» 12000 сомонӣ ва барои озмуни дигари вилоятӣ «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» 42000 сомонӣ ҷудо намуд.
Озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» дар ду бахш — бахши хонандагон ва донишҷўён доир гардида, доираи васеи мутолиагарону истифодабарандагонро фаро гирифт.
Ҳамчунин байни китобдорон озмуни вилоятии «Китобдори сол-2018» дар сатҳи баланд баргузор шуд, ки дар он 20 нафар китобдор аз тамоми шаҳру навоҳӣ ва ду китобхонаи вилоятӣ фаъолона ширкат карданд.
Соли 2018 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба тамоми китобхонаҳои вилоят 2070 нусха китоб ба маблағи 123 503 сомонию 64 дирам ройгон тақсим гардид.
Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 22 адад мағозаю нуқтаҳои фурўши китоб кору фаъолият карда истодаанд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар 3 адад, Кўлоб 4 адад, Ёвон 2 адад, Дўстӣ 2 адад, Восеъ 2 адад, Вахш, Ҷайҳун, Қубодиён ва Темурмалик 1 ададӣ ва Норак 6 адад мебошанд.
Дар соли равон ба Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кўлоб 555 нусха китоб аз ҳисоби муаллифон, шахсони алоҳида, ”Корвони китоб” ва аз Аксияи “Тўҳфа барои китобхона” 62 нусха китоб ва фиттаи луғатҳои электронии забонҳои халқҳои Грузия ва Россия ҳамчун тўҳфа ба миқдори 3030 сомонӣ ворид гардид. Инчунин аз Корхонаи таъминот ва савдои “Китоб” 87 нусха китоб ба маблағи 2578 сомонӣ харидорӣ гардид.
Дар 12 бунгоҳи тиббӣ, 20 муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбии шаҳри Турсунзода аз тарафи китобхонаҳо нуқтаҳои сайри китоб ташкил карда шуда, аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ 8 китобхонаҳои деҳот аз таъмири ҷорӣ бароварда, 4 китобхона ба масҷидҳои ғайрирасмӣ кўчонида шуданд.
Дар ноҳияи Файзобод китобхонаи марказӣ ба маблағи 15000 сомонӣ, китобхонаи филиали №2-и ноҳияи Шаҳринав ба маблағи 1990 сомонӣ китобҳои тозанашр харидорӣ намуд.
Фаъолияти осорхонаҳо. Ба ҳолати 1 декабри соли 2018 дар миқёси ҷумҳурӣ 98 адад осорхона амал мекунад, ки аз ин шумора 1 адад Осорхонаи миллӣ, 3 адад Осорхонаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг, 30 адад осорхонаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, 20 адад дар вилояти Суғд, 21 адад дар вилояти Хатлон, 10 адад дар ВМКБ, 13 адад дар НТҶ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва умумӣ) мебошад. Фонди умумии осорхонаҳо 337436 нусха мебошад.
Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ”-и шаҳри Панҷакент зиёда аз 32 номгўи силсилачорабинӣ аз қабили вохўриҳо, мизҳои мудаввар, суҳбатҳо, ташкили намоишгоҳҳои сайёр ва ғайра бахшида ба ҷашнҳои фархунда баргузор гардида, 37 адад ашёи арзиши таърихию фарҳангидошта, аз қабили зарфҳои мисӣ ва сафолӣ, дастхатҳо, сўзанӣ, ороишоти нуқрагии занона, ҷома ва ғайра аз ҷониби комиссияи харид ба Хазинаи осорхона ворид гардиданд. Инчунин 1 адад чароғи сиёҳ, 1 адад ҷомаи занона ва 65 адад аксҳо оид ба 25-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ ройгон ба Осорхона туҳфа гардиданд.
Тайи давраи ҳисоботӣ ба Осорхона дар маҷмўъ 4462 нафар тамошобинон, аз ҷумла 1677 нафар ба тариқи ройгон ташриф оварданд.
Дар Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кормандони муассиса беш аз 30 намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуда, дар осорхонаҳои шомили муҷтамаъ бошад, беш аз 28 чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Беш аз 1560 нафар шаҳрвандон аз Ҷумҳурии Ўзбекистон ҷиҳати арҷгузорӣ ба мақбараи Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд. Ҳамчунин, 76 нафар сайёҳони хориҷӣ тавассути нигораҳои осорхонаҳои муассиса бо гузаштаву имрўзаи мардуми тоҷик шинос шуданд. Дар маҷмўъ имсол 2018 шумораи тамошобинон 32891 нафарро ташкил дод
Дар давоми соли равон аз ҳисоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории нигораҳо 48500 сомонӣ ҷудо гардида буд, ки ба ин маблағ 135 адад нигораҳои пурарзиши таърихию фарҳангӣ вориди фонд карда шуд. Дар ин давра феҳристи пурраи нигораҳои осорхонаҳои Муассиса тартиб дода шуд, ки дар маҷмуъ 10953 нигора ба тариқи харид ва тўҳфа ворид гардидааст. Аз шумораи умумии нигораҳои зикргардида 3038 ададаш дар толорҳои намоишии Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700- солагии Кўлоб, 520 адад дар Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Ҳамадонӣ ва 209 адад дар Хона- музейи ба номи Шоир ва Ҳофизи халқ С. Вализода манзури тамошобинон гардидааст. То имрўз 7186 адад нигора дар фонд маҳфузанд
Бахшида ба Рўзи байналмилалии осорхонаҳо санаи 17 май дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конференсияи илмӣ таҳти унвони “Осорхонаҳо — макони таъриху тамаддун” баргузор гардид. Ҳамчунин, бо иштироки меҳмонони ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Қирғизистон дар осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б.Ғафуров мизи мудаввар ба муносибати 110-солагии мавлуди ин олими барҷаста гузаронида шуд.
Ба осорхонаи вилоятии “Авасто” 532 адад, Бибихонум 11 адад, Кўлоб 4 адад, Норак 10 адад, Ховалинг 10 адад, Қубодиён 11 адад, Темурмалик 5 адад, Хуросон 3 адад, Шаҳритуз 29 адад, А.Ҷомӣ 8 адад, Фархор 36 адад, Ҷ.Балхӣ 35 адад, Носири Хусрав 76 адад ва Ҳамадонӣ 12 адад, ҷамъ 782 адад нигораҳо ройгон оварда шуданд.
Дар шаҳри Ҳисор озмуни осорхонаҳо таҳти унвони «Осорхона — оинаи таърих» баргузор гардид, ки дар он 11 осорхонаҳои мактабӣ ширкат варзида, ғолибон бо диплому туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар ин давра 140 адад осори таърихию фарҳангӣ ба фонди асосии осорхона ворид гардида, 11 нафар ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд.
Фаъолияти театрҳои халқӣ ва ансамблҳо низ дар ин давра такмил ёфт. Ҳунармандони ансамбли «Навои Бадахшон» ва Дастаи ҳунарии эҷодии ҷавонон «Эҳё» дар тамоми чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, бахшида ба Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модар, иди байналмилалии Наврўз, Ваҳдат, Истиқлолият ва ғайра барномаҳои консертӣ омода намуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 14 ансамблҳои рақсӣ амал мекунанд. Дар шаҳри Бўстон ансамбли рақсии “Ёсуман” –14 воҳиди корӣ, дар ноҳияи Б.Ғафуров ансамбли “Бунафша” –16 воҳиди корӣ, дар шаҳри Гулистон ансамбли “Сафина” – 5 воҳиди корӣ, дар шаҳри Истиқлол ансамбли “Садбарг” – 14 воҳиди корӣ, дар шаҳри Исфара ансамбли “Зумрад” – 15 воҳиди корӣ, ансамбли рақсӣ дар шаҳри Панҷакент – 20 воҳиди корӣ, дар ноҳияи Ҷ.Расулов ансамбли “Таманно” бо 14 воҳиди корӣ, дар шаҳри Хуҷанд ансамбли “Парниён” – 45 воҳиди корӣ, дар шаҳри Конибодом ансамбли “Гулдаста” – 20 воҳиди корӣ фаъолият мебаранд.
Инчунин, дар назди Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ансамблҳои рақсии “Чаманоро” – 20 воҳиди корӣ, “Маҳастӣ” – 22 воҳиди корӣ, “Гулноз” – 23 воҳиди корӣ, дар назди Кохи фарҳанги “Суғдиён” ансамбли рақсии ба номи Ғ.Валаматзода – 45 воҳиди корӣ, ансамбли рақсии “Зебо” – 48 воҳиди корӣ ва дар назди ансамбли фолклорию этнографии “Фалак” ансамбли рақсӣ – 10 воҳиди корӣ таъсис дода шудааст.
Дар вилояти Хатлон 5 театри халқии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷайҳун, Ёвон, Фархор ва Муъминобод фаъолият доранд. Театрҳои номбурда тўли ин муддат зиёда аз 151 намоишномаҳоро рўи саҳна овардаанд, ки аз ин 48-тоаш пулакӣ ва 33-тоаш ройгон мебошад.
Сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ. Рўзи 27 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар кўчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 сентябр боғи фарҳангӣ-фароғатии “Дўстии халқҳо” пас аз азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, он ба номи “Абулқосим Фирдавсӣ” номгузорӣ карда шуд.
Инчунин, моҳи июли соли 2018 “Боғи кўдакон” дар масоҳати 3 гектар ифтитоҳ ёфта, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангию варзишии кўдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷой барои шоҳмотбозӣ, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шудааст.
Моҳи август боғи фарҳангию фароғатии “Кўли ҷавонон” баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт. Гулгашти хиёбони Рўдакии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба “Боғи ба номи Аҳмади Дониш” табдил дода шуда, 26 сентябр мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, гулгашти кўчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Сино ба “Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ” табдил дода шуда, дар масоҳати 4 гектар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ Қасри фарҳанг бо 350 ҷойи нишаст ва дар ноҳияи Шуғнон Қасри фарҳанг бо 450 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд.
Қасри фарҳанги ноҳияҳои Муъминобод, Балҷувон, Варзоб, Шаҳристон ба анҷом расида, ба истифода супорида шуд.
Бинои Осорхонаи вилоятии таъриху кишваршиносии ба номи “Авасто”-и вилояти Хатлон ба маблағи 10500 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ таъмир гардид.
Аз ҳисоби даромадҳои осорхонаи таъриху кишваршиносии “Бибихонум”-и шаҳри Бохтар, осорхонаҳои шаҳри Норак, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг ва Қубодиён таъмиру тармим гардиданд.
Китобхона-филиали №13 деҳаи Ғуломсаид Холови ноҳияи Кушониён аз тарафи соҳибкор Исматуллоев Саъдулло аз нав сохта ба истифода дода шуд.
Дар шаҳри Кўлоб ду китобхона дар бинои “Қасри фарҳанг”- и ҷамоати деҳоти Даҳана ва деҳаи Ҳакимободи ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба таври ҳашар бо ташаббуси МИҲД-и шаҳри Кўлоб ва китобдорон азнавсозӣ гардид. Китобхона-филиали №13 деҳаи Сари-Осиёб ҷамоати деҳоти Зарбдор ба бинои нав кўчонида шуд. Айни замон таҳкурсии бинои нави китобхона дар деҳаи Гулистон ва Анваробод гузошта шуд. Сохтмони бинои нави 3 китобхонаи деҳотӣ барои соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин давра як қатор муассисаҳои фарҳангии шаҳру деҳоти Кўлоб, аз қабили Қасри фарҳанги шаҳр бо маблағи 27900 сомонӣ, мактаби мусиқии №1 ба маблағи 44600 сомонӣ, филиал – китобхонаи деҳаи Зарқалъаи ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба маблағи 4800 сомонӣ таъмиру тармим карда шуданд.
Сохтмони китобхона-филиалҳои №6 деҳаи Меҳробод, №13 ва №29 деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, №18 деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, №6 деҳаи Яккасада ва №8 деҳаи Баҳористони ноҳияи Темурмалик бо маром идома доранд.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Р.Мўрчаеви шаҳри Бохтар оид ба таъмири роҳравҳо ба маблағи 550 сомонӣ, харидории арғунчакҳо 529200 сомонӣ ҷудо гардида, дар боғи кўдаконаи ба номи Фирдавсии шаҳри Бохтар 2000 сомонӣ, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кўлоб 122350 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳал, 557000 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Леваканд ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорон, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Норак 735 ҳазор сомонӣ, дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди боғи марказии фароғатии ноҳияи Данғара 31000 сомонӣ, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Шаҳритус 86000 сомонӣ, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Хуросон 27000 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва 5000 сомонӣ аз ҳисоби бахши фарҳанг, Ҷ.Балхӣ 50000 ҳазор сомонӣ, Ш.Шоҳин 40 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои ободонӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияҳои Фархор ва А.Ҷомӣ аз ҷониби соҳибкор Боев Қ. дар майдони 12х12м арғунчаки “Занҷирак” ва майдончаи мошинаронӣ ба маблағи 360000 сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
11 майи соли 2018, таҳти №183 қарори раиси вилояти Суғд дар бораи “Барномаи вилоятии сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангӣ барои солҳои 2018–2020” ба тасвиб расидааст. Тибқи нақша-чорабинии барномаи мазкур 110 муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки ба таъмиру тармим ниёз доранд, то соли 2020 пурра таъмиру тармим карда мешаванд.
Дар соли 2018 барои таъмири асосии бинои Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон 220000,00 сомонӣ ҷудо гардида, дар озмуни комиссияи тендерӣ ҶДММ «Аргон» ғолиб омада, тибқи Протоколи тендерӣ ба ширкати мазкур маблағи 207,7 ҳазор сомонӣ пардохт карда шуд ва корҳои таъмиру сохтмон ва системаи гармидиҳии муассиса ба анҷом расонида шуд.
Соли равон тибқи маблағҳои барномаи мазкур барои Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар» 68 адад курсӣ, 27 адад ҷевони китобмонӣ ва 30 адад миз, инчунин барои Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон 5 адад кондитсионер харидорӣ гардид.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод, Рўдакӣ, Рашт, Сангвор, Лахш, Қўрғонтеппа, Кўлоб, Сарбанд, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Вахш, Хуросон, Носири Хусрав, Хуҷанд, Бўстон, Гулистон, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Истиқлол, Мастчоҳ, Кўҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Спитамен, Айнӣ, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Хоруғ, Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон, Мурғоб, Рўшон, Ишкошим дастгоҳи тақвияти овоз, созҳои мусиқии миллӣ, либосҳои саҳнавӣ, мебелу курсиҳои театрӣ, ҷевону рафҳои китобмонӣ, мизу курсӣ, таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда қисман харидорӣ карда шуданд.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Норак барои истироҳату фароғати меҳмонону сайёҳон, сокинони шаҳр ва кўдакону наврасон чархофалакҳои “Офтобак”, “Сюрприз”, лимпопо, майдончаи қаторасаворӣ сохта шуд. Инчунин, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ “Чархи назарандоз” ба маблағи 739700 сомонӣ таҷдиду азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шуд. Аз тарафи соҳибкорон ба маблағи 20000 сомонӣ 1 адад арғунчак харидорӣ карда шуд.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Хуросон аз ҷониби соҳибкор Раҷабов Умедҷон ба маблағи 43342 сомонӣ 2 адад арғунчак ва 1 адад лимпопо харидорӣ гардид.
Ба ансамбли “Навои Бадахшон” ба маблағи 80800 сомонӣ либосҳои саҳнавӣ харидорӣ карда шуд.
Ба муассисаҳои фарҳанги ноҳияи Шаҳринав созҳои мусиқӣ ба маблағи 3790 сомонӣ ва ба китобхонаи филиали №2 ба маблағи 1990 сомонӣ китобҳои тозанашр харидорӣ гардидааст.
Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва маблағҳои бахши фарҳанг ба миқдори 100000 сомонӣ асбоби тақвияти овоз ва синтезатор харидорӣ гардидааст.
Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат гурўҳҳои ҳунарӣ ба маблағи 98902 сомонӣ бо студияи сабти овози муҷаҳҳаз ва бо технологияи нав аз Ҷумҳурии Олмон таъмин гардиданд.

III. ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТИ ДАВРӢ

Муассисаҳои нашриявии вазорат бо дарназардошти китобҳои дарсии нашрнамудаи ҶСШК “Матбуот” дар маҷмўъ — 66 номгўй китоб, бо теъдоди 693275 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонданд.
Муассисаи нашриявии “Адиб” 10 номгўй бо теъдоди 22000 нусха ба табъ расонд, ки маблағи умумиашон 372500,00 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби даромадҳои дохилии нашриёт ва сарпарастон 15 номгўй бо теъдоди 14300 нусха китобро ба табъ расонд, ки 334435,00 сомониро ташкил дод. Дар ин муддат бо тамғаи нашриёт 19 номгўй дар ҳаҷми 344,5 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 7450 нусха китоб рўи чопро дид. Яъне, то ин дам 44 номгўй китоб бо теъдоди 43750 нусха китоб ба нашр расид. Муассиса ба корхонаҳову ашхоси инфиродӣ ба тариқи нақдӣ 103165,59 сомонӣ, ғайринақдӣ 708894,18 сомонӣ ва дар маҷмўъ — 812059,77 сомонӣ китоб ба фурўш баровард.
Муассисаи нашриявии «Ирфон» 4 номгўй китобро бо теъдоди 6700 нусха ба табъ расонд. Аз ҷумла китобҳои “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” ҷилди 16 бо забони тоҷикӣ бо теъдоди 1000 нусха, ҷилди 17 бо теъдоди 1000 нусха ва ҷилди 18 бо теъдоди 1000 нусха, китоби “Независимость Таджикистана и возрождение нации” ҷилдҳои 13, 14 ва 15, 16 бо теъдоди 2000 нусха, китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров бо теъдоди 600 нусха ва китоби “Ҳунар — ҷавҳари зиндагӣ”-ро бо теъдоди 300 нусха ба табъ расонид. Дар ин муддат Муассисаи нашриявии “Ирфон” теъдоди 325 китобро ба маблағи 24101,00 сомонӣ фурўхта, даромад гирифтааст.
Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» 4 номгўй китобро бо теъдоди 16125 нусха ба табъ расонид. Аз ҷумла, китобҳои “Аҳмади Девбанд” 5000 нусха, Повести “Ятим” 5000 нусха, “Мактаби кўҳна” 5000 нусха ва “”Бўстон”-и С. Шерозиро 1125 нусха ба табъ расонд, ки дар маҷмуъ — 16125 нусха китобро ташкил медиҳад.
Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик китоби «Энсиклопедияи миллии тоҷик»-ро бо теъдоди 5000 нусха, китоби “Донишномаи Донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои карни 21” бо теъдоди 1000 нусха, “Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ” бо теъдоди 2000 нусха, китобҳои “Маҷмўи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ”, китоби “Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020” ва “Ёдгориҳои эҳёшудаи роҳи бузурги абрешим”-ро бо теъдоди 200 нусхагӣ, китоби “Шоҳписари Хайём”-ро бо теъдоди 1000 нусха, китобчаи “Тоҷикон”-и М.С. Элфинстонро бо теъдоди 2000 нусха ва китоби “Солҳои ҷустуҷў. Нигоҳе ба театрҳои музофотӣ”-ро ба табъ расонд. Дар маҷмўъ — ҳашт номгўй китобро бо теъдоди 12400 нусха нашр намуд. Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик”дар доираи Намоиши 3-юми китоби Евро – Осиё, ки рўзҳои 25-28 апрели соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт, барои таҳияи китоби “Донишномаи кўдакон ва наврасон” соҳиби “Шоҳҷоиза” гардида, дар номинатсияи “Фарҳанг ва санъат” китоби дигари Сарредаксия – “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” бо “Дипломи дараҷаи I” сазовор дониста шуд.
Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб” дар самти тарғибу ташвиқи китоб ҳамчун манбаи дониш дар чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳ, Рўзи модарон, Рўзи матбуоти тоҷик, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни кишвар, ҷашни байналмилалии Наврўз, Фестивали ҷумҳуриявии китоби бачагона ва дигар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ бо ташкил ва баргузор намудани намоишу фурўши китобҳо иштирок намуд. Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб” дар ин муддат бо як қатор мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба харидории китоб ва дигар маводи чопӣ қарордодҳо ба имзо расонид. Дар амбори корхона 143811 адад китоб ба маблағи зиёда аз 997468 сомонӣ маҳфуз буд.
Муассисаи давлатии “Агентии миллии СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон” доир ба расонидани ёрии методӣ оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба табъу нашр, тарзи дурусти истифодаи ISBN, интиқоли нусхаҳои ҳатмӣ ва гирдоварии маводи тозанашр аз муассисаҳои нашриявии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, таъмини нашриётҳо ва чопхонаҳо бо шаҳодатномаи узви комилҳуқуқи «Агентии миллии СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон» барои гирифтани рақами стандарти байналмилалии китоб ISBN, назорат ва омўзиши фаъолияти нашриётҳо ва чопхонаҳо тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» корҳои муайянро анҷом дод.
ҶСК “Матбуот” дар соли равон ба маблағи 206387,8 сомонӣ маҳсулоти полиграфӣ истеҳсол намудааст. Корхона дар ин давра 6 номгўй китобҳои дарсиро бо теъдоди 614300 нусха ба чоп расондааст.
Аз ибтидои соли равон шумораҳои рўзномаю маҷаллаҳои соҳавии Вазорати фарҳанг — «Тоҷикистон», «Фирўза», «Истиқбол», «Илм ва ҳаёт», «Чашма», «Хорпуштак» ва «Баҳори Аҷам»-у «Анбоз» дар мўҳлатҳои пешбинишуда нашр шуданд. Хабару мақолаҳои дар ин нашрияҳо батабърасида ба тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимтарин масоили фарҳангӣ, худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон ва мубориза алайҳи зуҳуроти нангини ҷомеа, амсоли ришвахорию ришваситонӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ нигаронида шуда буданд.
Муассисаи давлатии “Рўзномаи “Баҳори Аҷам” тибқи нақша 36 шумораи рўзномаро бо сифати баланд ва бо фарогирии маводҳои инъикосгари рўйдодҳои муҳими рўз ба табъ расонд.
Муассисаи давлатии “Рўзномаи Анбоз” тибқи нақшаи таҳиягаштаи ҳайати эҷодӣ кори худро ба роҳ монда, дар ин муддат даҳ шумораи рўзномаро аз чоп баровард, ки фарогири мавзўъҳои дархурди кўдакону наврасон ва талаботи имрўзи ҷомеаи ҷаҳону Тоҷикистон мебошад. Рўзномаи «Анбоз» моҳе як маротиба бо теъдоди 2000 нусха ва ҳар шумора дар 16 саҳифа чоп мешавад.
Муассисаи давлатии «Маҷаллаи Истиқбол» маҷаллаи адабӣ-бадеии ҷавонон ва наврасон буда, дар се моҳ як бор ба нашр мерасад. Маҷалла бо теъдоди 600 нусха чоп мешавад.
Муассисаи давлатии маҷаллаи “Фирўза” мутобиқ ба рисолати эҷодии хеш дар баробари инъикоси муҳимтарин рўйдодҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар аз ҳаёти ибратомўзи бонувони дар корҳои давлатӣ ва ҳаёти оилавию соҳибкорӣ муваффақ ва занони шинохтаву ҳунарманд мақолаҳои хонданбоб ба нашр расонд. Дар соли 2018 шаш шумораи маҷалла нашр шуда, ба обунашудагон дастрас гардид.
Маҷаллаи «Тоҷикистон» маҷаллаи ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ буда, асосан ба тарғиби дастовардҳои назарраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми соҳибназари он нигаронида шудааст.
Ҳайати эҷодии маҷаллаи «Тоҷикистон» дар соли 2018 шумораҳои 1-2, 3-4, 5-6, 7-8 ва 9-10-и маҷалларо бо теъдоди 5400 нусха омода намуда, чоп кард, ки дар он зиёда аз 100 мавод интишор ёфтааст.
Муассисаи давлатии Маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» нашрияи илмиву оммавӣ буда, дар як сол шаш маротиба бо теъдоди 1000 нусха чоп ва тариқи обунаву фурўши озод паҳн мегардад.
Маҷаллаи ҷумҳуриявии ҳаҷвии «Хорпуштак» моҳе як маротиба шумораи рангаи маҷалларо бо маводи хонданбоб дар мавзўъҳои муҳими рўз ва суратҳои ҷолиб ба табъ мерасонд. Мазмуну мундариҷаи мавод ва аксҳои чопшуда ба масъалаҳои рўзмарра — пешгирии ифротгароӣ, ришваситонӣ, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигарҳо бахшида шудаанд.
Муассисаи давлатии маҷаллаи «Чашма» бо замимаҳои худ маҷаллаи «Офтобак» ва рўзномаи «Зангўла» дар соли 2018 6-10-нусхагӣ ба чоп расиданд.
Тибқи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ то моҳи январи соли 2018 дар вазорат 371 рўзнома, аз инҳо 109 – давлатӣ ва 262 ғайридавлатӣ, 243 маҷалла, аз инҳо 113 – давлатӣ ва 130 – ғайридавлатӣ, 313 матбаа, аз инҳо 36 – давлатӣ, 277 – ғайридавлатӣ, 45 – нуқтаи фурўши китоб, аз ин 3 – давлатӣ, 42 – ғайридавлатӣ, 71 – нашриёт, аз ин 10 – давлатӣ ва 61 – ғайридавлатӣ, 10 – Оҷонсии иттиллоотӣ, аз ин 1 – давлатӣ ва 9 – ғайридавлатӣ ба ҳисоб гирифта шудаст.
Рўзи матбуоти тоҷик 11 марти соли 2018 ҷорӣ чун анъана ба таври хотирмон таҷлил гардида, дар чорабинӣ як гурўҳ собиқадорони соҳаи табъу нашр ва матбуот, инчунин муассисаҳои нашрияви матбуоти даврӣ ва корхонаҳои полиграфӣ бо мукофотҳои пулӣ ва тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Ба таври дилхоҳ ба фурўш нарафтани китобҳо, касбияти пасти мутахассисон, дар шаҳру ноҳияҳо ба таври зарурӣ фаъолият накардани мағозаҳои китоб, ба талаботи замон мувофиқ набудани обуна ба рўзномаю маҷаллаҳо ва мундариҷаи ба талаби даврон ҷавобгў набудан аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки ҳалли таъхирнопазири худро тақозо доранд.

IV. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои шахсони нобино ва онҳое, ки қобилияти маҳдуди биноиш доранд ва мутобиқ намудани қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №256 аз 30 майи соли 2018 «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда» тасдиқ гардид ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки он 8 июни соли 2018, №110 дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Барои мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» бо Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» таҳия карда шуд, ки он 2 январи соли 2018, №1488 қабул гардид.
Барои дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2020» ва «Нақшаи кори Шўрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» шуъба дар бораи рафти корҳои иҷрошуда ба котиботи Шўро ва ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳисобот пешниҳод намуд.
Вазорат бо мақсади дар амал татбиқ намудани бандҳои Протоколи ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон (13-14 июли соли 2017 дар ш. Боку) лоиҳаи “Протокол байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳуқуқи муаллифи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи қоида ва шартҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он”-ро таҳия намуд ва барои баррасӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ пешниҳод кард.
Кормандони вазорат дар ҳайати гурўҳи корӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муайян намудани истеҳсол, интишор, ворид ва паҳншавии маҳсулоти чопии пастсифат, видео ва аудио таъсис дода шуд, иштирок намуда, дар нуқтаҳои фурўши маводҳои аудиовизуалӣ, дўконҳои фурўши китоб ва марказҳои бозиҳои компютерии ноҳияҳои Синои шаҳри Душанбе, Ҳисор ва шаҳри Турсунзода санҷиши муштарак гузарониданд
Зимни санҷиш аз ҷониби гурўҳи корӣ 3450 адад маводҳои аудиовизуалии ғайристандартӣ, 55 адад китобҳои хусусияти динӣ-ифротӣ, 88 адад китобҳои чопи пастсифат, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў нестанд, мусодира гардида, барои ташхис ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
Дар ин давра ба шуъба 86 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар барои гирифтани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ муроҷиати хаттӣ ва шифоҳӣ карданд, ки аксари онҳо дар натиҷаи пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бо кумаки мақомоти дахлдор ҳал шуданд ва ё мавриди омўзиш қарор доранд.
Дар давраи сипаригардида кормандони соҳа зиёда аз 98 адад мактубу лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро баррасӣ намуда, китоби «Маҷмўаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф» таҳия ва дар рўзномаву маҷаллаҳо мақолаҳо нашр карданд.

V. РУШДИ ИЛМ ВА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Дар асоси “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” тибқи Нақшаи фаъолияти вазорат барои соли 2018 дар оғози сол комиссия оид ба қабули имтиҳонҳои довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳангии Федератсияи Россия таъсис дода шуд. Дар натиҷаи кори комиссия бо мақсади тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат дар хориҷи кишвар тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар тавассути Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) 30 нафар барои фиристодан ба хориҷи кишвар номнавис шуда, баъди имтиҳонҳои эҷодӣ ва дохилшавӣ дар Федератсияи Россия, 19 нафар дохил шуданд.
Ҳоло дар 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 3 мактаби олӣ – Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, 6 коллеҷи соҳавӣ, 2 мактаб-интернати махсусгардонидашудаи соҳаи мусиқӣ ва санъат 7303 донишҷў ва хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 1333 устодони варзидаи соҳаи фарҳанг ва санъат таълим медиҳанд.
Соли равон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро 625 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 444 нафар рўзона ва 181 нафарашон ғоибона мебошанд. 224 нафар ба шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, ба шуъбаҳои маориф – 9 нафар, Филармонияи давлатӣ – 9 нафар, Кумитаи телевизион ва радио – 5 нафар, Театри опера ва балет – 9 нафар, оркестри давлатӣ – 3 нафар, муассисаҳои таълимӣ – 5 нафар ба кор сафарбар карда шуданд.
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро 644 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 267 нафар рўзона ва 322 нафарашон ғоибона мебошанд. Аз инҳо 110 нафарашон ба мактабҳои олӣ дохил шуда, дигарон ба шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо роҳхат гирифтанд.
Нақшаи қабули донишҷўён ва хонандагон ба муассисаҳои таълимии вазорат дар соли таҳсили 2018-2019-ум 88% иҷро шуда, ба муассисаҳои таълимии вазорат 1911 донишҷўён ва хонандагон қабул шуданд. Моҳи майи соли 2018 бори аввал дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода Шўрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии ихтисосҳои фарҳанг ва санъат, доктори фалсафа (PHD), доктор аз рўи ихтисосҳои «Фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ», «Таҳсилоти мусиқӣ», «Фарҳангшиносӣ», «Кори китобдорӣ» таъсис дода шуд, ки ин барои соҳаи фарҳангу санъати ҷумҳурӣ дастоварди бузург мебошад.
Бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва иҷрои нишондодҳои барномаҳои давлатии соҳавӣ тибқи таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар зинаҳои таҳсилоти соҳаи фарҳанг ва ҳунар ихтисосҳои нави драматургия (рўзона), менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ (рўзона, ғоибона), низомҳои иттилоотӣ дар фарҳанг (рўзона, ғоибона) таъсис дода шуданд.
Дар соли 2018 Барномаи дарси рубоби қошғарӣ ва бадахшонӣ барои мактабҳои мусиқӣ ва санъати бачагонаи ҷумҳурӣ ба табъ расида, барномаҳои таълими дарси ғижжак ва фортепиано аз ҷониби мутахассисон барои чоп омода шуда истодааст.
Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, тарғиби навҷўию эҷодкорӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ моҳи октябри соли ҷорӣ озмунҳои “Муаллими беҳтарини сол”, “Донишҷўи беҳтарини сол” ва “Хонандаи беҳтарини сол” дар байни муассисаҳои таълимии тобеи вазорат ҷамъбаст карда шуд ва ғолибон бо диплому мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ гардиданд.

VI. ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Дар давоми соли 2018 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2018, №356 ба тасвиб расид.
Ҳамчунин, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ»-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» идома дошта, дар марҳилаи дуюм (солҳои 2016-2020) тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои меъмории Қалъаи Муъминободи ноҳияи Муъминобод, кушодани ҳуҷраҳои Мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус, ҳифзи Қалъаи Данғараи ноҳияи Данғара, тармими Мадрасаи Абдуллохони шаҳри Исфара, тармими Қалъаи Вамари ноҳияи Рўшон ва таҳқиқҳои бостоншиносӣ пешбинӣ гардидааст.
Вобаста ба интиқоли ғайриқонунии мероси моддии манқул ва паҳн намудани маводи номатлуб, дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдори кишвар, оид ба пешгирии ин равандҳои номатлуб дар байни аҳолӣ 33 хулосаи ташхисҳои тахассусӣ ва маълумотномаҳо таҳия ва пешниҳод гардиданд.
Ҷиҳати таҳқиқ, омўзиш ва таҳияи харитаи бостоншиносии шаҳру ноҳияҳои кишвар тибқи дархости Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои корҳои ҳафриётӣ ва бостоншиносӣ 18 иҷозатномаҳо — «Варақаи кушод» пешниҳод гардидааст.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дар соли 2018 Муассисаи давлатии иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ-«Тоҷик МДМЁ» аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои меъмории Қалъаи Муъминободи ноҳияи Муъминобод, корҳои лоиҳакашии мақбараи Хоҷа Нақшрон ва барқарорнамоии Қалъаи Муғро идома дод. Корҳои кушодани ҳуҷраҳои Мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус, ҳифзи Қалъаи Данғараи ноҳияи Данғара мавриди омўзиш қарор дошта, марҳилаи сеюми барқарор намудани девори шимолии ёдгории бостонии Ҳулбук ҷараён дорад. Дар соли 2018 ҷиҳати иҷрои корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгории мазкур бо фармоишгар-Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ дар шаҳри Кўлоб ба малағи 1185,0 миллион сомонӣ шартнома баста шуда, корҳои тармим ва барқарорнамоӣ дар ёдгории мазкур идома дорад.
Ҳамчунин, аз ҷониби муассиса лоиҳаи барқарорнамоии манораи дидбонгоҳ, ободонии ҳудуди ёдгорӣ бо чароғон намудани он дар марҳилаи 4 ба маблағи 5583400,0 миллион сомонӣ омода шуда, ба фармоишгар ҷиҳати гузаронидани ташхис пешниҳод шудааст.
Ҷиҳати «Барқарорсозии Қалъаи Кўлоб дар ҳудуди маҷмааи меъмории 2700-солагии шаҳри Кўлоб» барои корҳои лоиҳакашӣ (муҳандисӣ-геологӣ; муҳандисии топографӣ-геодезӣ; корҳои илмию бостоншиносӣ; равшаннамоии беруна) аз 27.03.2018 бо Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ ба маблағи умумии 378299 сомонӣ шартнома ба имзо расид. Айни ҳол корҳои муҳандисӣ-геологӣ ва муҳандисии топографӣ ба анҷом расида, корҳои лоиҳакашӣ оғоз карда шудааст.
Оиди идомаи лоиҳаи «Барқароркунии Қасри ҳокими Ҳисор» бо фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,5 млн сомонӣ шартнома баста шуда, корҳои тармим ва барқарорнамоӣ идома доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба муассиса 20484 нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ ташриф оварданд. Ҷиҳати корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди муассиса зиёда аз 7000 адад дарахту буттаҳо ва гулҳои ороишӣ шинонда шуда, вобаста ба таъмини оби хоҷагидорӣ ҳавзи бетонӣ бо ғунҷоишӣ 70м3 сохта ба истифода дода шуд.
Дар якҷоягӣ бо мутахассисони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар ҳудуди шаҳристони Ҳулбук ковишҳои бостоншиносиро оғоз намуда, дар давраи ҳисоботӣ ба муассиса 17400 нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ ташриф оварданд. Вобаста ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди гулгашти муассиса 202 адад дарахту буттаҳо, инчунин 5600 адад гулҳои ороишӣ шинонда шудааст.
Кормандони маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрўд дар ҳамкорӣ бо аъзоёни фаъоли китобхона ба ифтихори ҷашну санаҳои таърихӣ як қатор чорабиниҳои адабию фарҳангӣ баргузор намуданд. Барои ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи муассиса аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 68 нусха китобҳои тозанашр бо арзиши умумии 2877 сомонӣ харидорӣ карда шуда, аз ҳисоби туҳфаи муаллифон ва шахсони алоҳида 22 адад китобҳои тозанашр ворид гардид.
Кормандони муассисаи давлатии осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара 54 сайрҳои осорхонавӣ ва 15 сайрҳои беруниро бо ҷалби 1540 нафар тамошобинон ва сайёҳони хориҷӣ барпо намуда, ҷашнҳои миллию давлатиро дар сатҳи муносиб ҷашн гирифтанд.
Дар давраи ҳисоботӣ корҳои ободкорӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди иншооти дар тавозуни муассиса қарордошта мунтазам идома ёфта, дар маҷмуъ 4750 адад дарахту буттаҳои сояафкан ва гулҳои ороишӣ шинонда шуд.
Муассисаи давлатии Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ дар ҳамкорӣ бо кормандони институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон 62-адад нигораҳои нав харидорӣ карда, дар ҳамкорӣ бо куҳансолони диёр тарҳи қадимаи мавзеи Дараи Мухторро дар шакли мусаввара барқарор карда, «Роҳнамои тамошобин»-ро таҳия ва чоп намуд.

VII. ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар соли барои густариши ҳамкориҳо вохўрии роҳбарияти вазорат бо сафирони Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Эстония, Гурҷистон, Фаластин, Фаронса ва Беларус, Туркманистон, Италия, Афғонистон ва роҳбари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ баргузор гардида, санадҳои ҳамкориҳо, аз ҷумла лоиҳаи Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси муштараки Марказҳои фарҳангӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат таҳия ва барои мувофиқа фиристода шуданд. Барномаи ҳамкории фарҳангӣ барои солҳои 2018-2020 байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия ва Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат, инчунин Барномаи ҳамкории фарҳангӣ барои солҳои 2019-2023 байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ба имзо расида, мавриди татбиқ қарор доранд.
Барои таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ бо хориҷи кишвар 12 нафар ҳунармандон дар Фестивали 32-уми байналмилалии “Сураҷкун мелла”, ки моҳи феврал дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд. Ҳамчунин ҳайати ҳунарпешагони ансамбли давлатии “Ҷаҳоноро” ҷиҳати таҷлили Иди байналмилалии Наврўзи оламафрўз ба шаҳри Ашқобод рўзҳои 18-23 марти соли 2018 сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон моҳи октябри соли 2018 барномаҳои фарҳангии “Шоми дўстӣ” дар ҳар ду кишвар дар сатҳи шоиставу арзанда баргузор гардиданд.
Дар моҳи май Рўзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон доир гардида, дар ҷараёни он Барномаи иҷроияи ҳамкории фарҳангӣ байни Кумитаи давлатии фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Моҳи октябри соли 2018 Рўзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 350 нафар аҳли адаб ва фарҳанг дар сатҳи арзанда доир гардида, Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург бо иштироки 52 нафар ҳунармандон баргузор гардиданд.
Тибқи ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2018 чорабинии фарҳангӣ дар Давлати Қувайт ва Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар сатҳи баланди эҷодӣ ва ташкилӣ баргузор гардиданд.

VIII. СИЁСАТИ КАДРӢ

Дар давраи ҳисоботии дастгоҳи марказии вазорат тибқи санадҳои амалкунанда 661 фармоишҳо, аз ин 151 фармоиши шахсӣ, 250 фармоиши рухсатии меҳнатӣ, 184 фармоиши сафари хизматӣ ва 76 фармоиши умумӣ таҳия ва қабул гардидаанд.
Айни ҳол, дар сохтори дастгоҳи марказии вазорат 5 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ва 3 ҷойҳои кории холӣ мавҷуд мебошад, ки барои пурра гардонидани ҷойҳои холӣ чораҳо андешида мешаванд.
Ҷиҳати иҷрои қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва интизоми меҳнатии кормандон ва ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат аз ҷониби хадамоти кадрӣ оиди риояи талаботи Кодекси меҳнат ва татбиқи муқаррароти он ва дигар санадҳои муқарраргардида дар фаъолияти ҳамарўза пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Ҳамзамон, дар соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб, ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва қобилиятнок ба хизмати давлатӣ, инчунин таъмини болоравии касбии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии вазорат тибқи тартиби муқарраргардида 5 маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуд, ки аз тарафи 29 нафар довталабон барои иштирок дар озмун дархост пешниҳод гардид, аз ин 12 нафарашон ҷиҳати фаъолияти минбаъда ба мансаб таъин карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.09.2018, №01/1906 бо дарназардошти талаботи умумии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадрҳо дар хориҷи кишвар хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Белгороди Федератсияи Россия аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» Одинаев Суҳроб ба мансаби мутахассиси шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ва инчунин дар асоси банди 10-и Низомнома оид ба тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2003, №112 тасдиқ гардидааст, (бо назардошти роҳхати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарордод дар бораи тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ) Раҳимова Зайнурабибӣ Фахриддиновна ба мансаби мутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии дастгоҳи марказии вазорат таъин карда шуданд.
Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани интихоб, ҷобаҷогузорӣ, тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ, гирифтани иттилооти объективӣ оид ба иҷрои уҳдадории мансабӣ ва сатҳи дониши касбии хизматчиёни давлатии маъмурӣ дар дастгоҳи марказии вазорат 1 маротиба аттестатсия гузаронида шуд, ки дар он 3 нафар хизматчиёни давлатӣ иштирок намуда, дар натиҷа ба мансаби ишғолнамудаи маъмурии хизмати давлатӣ мувофиқ дониста шуданд.
Мавриди зикр аст, ки мутобиқи вазъи воқеии омори кадрии дастгоҳи марказӣ дар 52 ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат теъдоди кормандон мувофиқи ҷадвали корбаст 3434 нафарро ташкил медиҳад, ки айни замон 3017 нафар фаъолият карда истодаанд ва аз ин 892 нафар ҳайати хизматрасон (кормандони техникӣ) мебошанд. Аз шумораи умумии кормандон теъдоди мардҳо 1710 нафар, занон 1307 нафар, теъдоди роҳбарон 382 нафар, яъне 12,6% буда, аз ҷумлаи занони роҳбарикунанда 120 нафар, яъне 31,4%-ро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 2412 муассиса вуҷуд дорад, ки оид ба вазъи воқеии омори кадрӣ бо дарназардошти дастгоҳи марказӣ ва 52 ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат ва дигар ташкилоту муассисаҳои театрӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва муассисаҳои таълимии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттиллоъ медиҳад, ки теъдоди кормандон мувофиқи ҷадвали корбаст 16081 нафар буда, айни замон 15141 нафар фаъолият мекунанд.
Теъдоди мардҳо 8157 нафар, яъне 53,8%, теъдоди занон 6984 нафар, яъне 46,1%-ро ташкил медиҳад.
Теъдоди роҳбарон 2565 нафар, яъне 16,9% буда, аз ҷумлаи занони роҳбарикунанда 1252 нафар, яъне 48,8%-ро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки дар соли 2018 аз дастгоҳи марказӣ ва ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат ҳамагӣ 9 нафар бо мукофотҳои давлатӣ, яъне 1 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва 4 нафар бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардидаанд.
Ҳамчунин, ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии кормандони соҳа барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои назаррас, навоварию эҷодкорӣ, дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳои соҳаи фарҳанг, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба ҷашнҳои Рўзи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон як қатор кормандони соҳа бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

IX. СОХТМОНҲОИ АСОСӢ

Соли 2018 барои иншоотҳои сохташавандаи вазорат аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз буҷет ҷудо гардид. Мутобиқи нақшаи дурнамои сохтмони асосӣ барои давом додани сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод — 1,1 млн. сомонӣ, сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳринав — 800 ҳазор сомонӣ, сохтмони Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ — 440 ҳазор сомонӣ ва барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмони иншооти солҳои оянда — 60 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.
Дар иншооти «Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод» корҳои сохтмону васлкунии деворҳо, плитаҳои болопўши ошёнаҳои 1-ум, 2-юм ва қисми ошёнаи 3-юми бино ба анҷом расонида шудааст.
Дар иншоотҳои «Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав», «Маркази фарҳанги деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ» корҳои зеризаминӣ, сохтмони пойдеворҳо ва сутунҳои оҳану бетонӣ ба анҷом расонида, корҳои чиндани деворҳо оғоз ёфтанд.
Тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №74-ф аз 10.11.2017 корҳои сохтмони майдончаи варзишӣ, майдончаи бозии кўдакон, гулгаштҳо ва ободонии гирду атрофи онҳо аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмони тобеъ иҷро гардида, рўзи 1 июни соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино бо тантана ба истифода супорида шуда буд. Маблағгузории бунёди иншоотҳои мазкур аз ҳисоби саҳмгузории ташкилоту муассисаҳои тобеъ амалӣ гардид.
Дар давоми соли ҷорӣ Меҳмонхонаи «Фарҳанг», Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош» фаъолияташонро беҳтар намуда, корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расонданд.
Оид ба зимистонгузаронӣ. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №147 аз 27.03.2018 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» Нақшаи чорабиниҳо дар бораи саривақт омода намудани корхонаю муассисаҳои тобеъ барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистон таҳия шуда, моҳи ноябри соли ҷорӣ масъалаи омодагии ташкилоту муассисаҳои тобеъ ба фаъолияти самарабахш дар давраи зимистони пешомад дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

X. АУДИТИ ДОХИЛӢ

Дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони шуъбаи аудити дохилӣ ҷиҳати назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ мувофиқи нақша дар 27 муассисаи зертобеъ, аз ҷумла дар панҷ муассисаи театрӣ, ёздаҳ муассисаи нашриявӣ, ду осорхона, панҷ муассисаи таълимӣ, ду муассисаи консертӣ, як китобхона ва як муассисаи илмӣ вобаста ба мувофиқати хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, даромадҳои дохилӣ, ҳолати воқеии ҳисоботҳои муҳосибавӣ таҳлилҳои аудиторӣ гузарониданд.
Ҳангоми гузаронидани таҳлилҳо дар баъзе аз муассисаҳо зарари молиявӣ аз қабили рўйпўшкунии андозҳо, барзиёд пардохт намудани музди меҳнат, бақияи маблағҳои буҷетии хароҷотнагардида, зиёд пардохтани сафари хизматӣ, камомади молу маводи арзишдор ошкор шуда, маблағҳо ҷобаҷо гардиданд.

XI. ТАҲЛИЛ ВА ДУРНАМОИ ИҚТИСОДӢ

Буҷети Вазорати фарҳанг дар ёздаҳ моҳи соли 2018 бо тағйироту иловаҳо ва маблағгузории он аз тарафи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соҳаҳо Нақша Ҳақиқӣ Таносуби иҷро
Бо тағйирот Иҷрошуда Маблағи истифоданашуда %
2017 2018 2017 2018
2017 2018 2017 2018
1 2 3 4 5
Матбуоти даврӣ ва нашриёт 4951,2 5036,3 4951,2 5036,3 0 0 100 100
Муассисаҳои таълимӣ 31081,9 33308,4 30419,4 33156,1 662,5 152,3 97,9 99,5
Муассисаҳои фарҳанг ва санъат 36529,1 39884,1 36407,6 39481,8 121,5 402,3 99,7 99,0
Дастгоҳи марказӣ 2315,1 2306,5 2159,2 2222,5 155,9 84,0 93,3 96,3
Сохтмони
асосӣ 2135,0 2400,0 2135,0 2400,0 0 0 100 100
Ҳамагӣ 77012,3 82935,3 76072,4 82296,7 939,9 638,6 98,8 99,2
Дар соли ҷорӣ барои ташкилоту муассисаҳои соҳа ба воситаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 82296,7 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 99,2%-и нақшаро ташкил медиҳад, аз ҷумла ба матбуоти даврӣ ва нашриёт – 5036,3 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 100%, муассисаҳои таълимӣ – 33156,1 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 99,5%, соҳаи фарҳанг ва санъат – 39481,8 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 99%, дастгоҳи марказӣ – 2222,5 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 96,3% ва сохтмони асосӣ – 2400 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 100% маблағгузорӣ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ 638,6 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ нагардидааст, ки он 0,8%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Дар миқёси вазорат дар соли 2018 маблағҳои ҷудонашуда аз чунин моддаҳо сафарҳои хизматӣ, таъмир, харидории таҷҳизот, хароҷотҳои намояндагӣ ва ғайраҳо иборат мебошад.
Оиди маълумотҳои оморӣ, дар соли 2018 – 61 номгўи китобҳо ба миқдори – 81,2 ҳазор нусха чоп шудааст. Маблағи фурўш ҳамагӣ 1602,8 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Дар соли 2018 61 шумора маҷалла бо теъдоди 74,0 ҳазор нусха ва тибқи нақша 54 шумора рўзнома бо теъдоди 43,7 ҳазор нусха чоп гардида, маблағи фурўши маҷаллаву рўзномаҳо 440,7 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми гардиши мол дар соли 2018 – 99,6 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла ҳаҷми фурўши чаканаи китобҳо – 13,2 ҳазор сомонӣ иҷро шуд.
Ҳаҷми маҳсулоти молии саноатӣ дар соли 2018 – 243,4 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҳамзамон дар соли ҷорӣ ҳисоботҳои омории фосилавӣ, дурнамои давлатии иҷтимоию иқтисодии соҳаи фарҳанг барои соли 2019 ва параметрҳои асосии дурнамо барои солҳои 2020-2021, дурнамои андозҳо иҷроиши воқеии соли 2017, баҳодиҳӣ барои соли 2018, дурнамои соли 2019 ва нишондиҳандаҳо барои солҳои 2020-2021, Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатии соҳаи фарҳанг ва варзиш барои соли 2019 ва параметрҳои дурнамои он барои солҳои 2020-2021ва лоиҳаи буҷети заминавии соҳаи фарҳанг барои солҳои 2019-2021 таҳия гардид.

XII. КЎМАКҲО

Дар соли 2018 аз ҷониби вазорат ба Мактаб-интернати №1 ноҳияи Лахш, ки сарпарастии он ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста гардидааст, барои харидории маводҳои зарурӣ ба маблағи умумии 9000 сомонӣ кўмак расонид. 
Дар арафаи ҷашнҳои Рўзи Модар, Наврўз, Ваҳдати Миллӣ, идҳои Рамазон, Қурбон ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадорони соҳа ба маблағи умумии 10796,8 сомонӣ, ба кормандони дастгоҳи марказӣ ба маблағи 8610 сомонӣ ва ба шахсони муҳтоҷу камбизоат, маъюб ва ятимон ба маблағи 20043 сомонӣ, ки дар маҷмуъ маблағи 48449,8 сомониро ташкил медиҳад, кўмакҳо расонида шуд.

XIII. АСНОДИ РАСМӢ ВА КОРГУЗОРӢ

Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеъ ва хориҷ 5191 адад ҳуҷҷату мактуб ворид гардидаанд, ки 1180 ададаш аз Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин миқдор, 5 адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 77 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 адад фармон, 6 фармоиш, 11 адад Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1074 ададро ҳуҷҷатҳо ва супоришҳои ҳукуматӣ ташкил медиҳанд. 
Аз 1180 санад – 393 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 686 адади он иҷро гардида, 101-тоаш мавриди иҷро қарор дорад. Ҳамзамон, дар ин давра 327 адад арзу шикоят ворид гардидааст, ки 306 адади он иҷро, 21 адад мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷумла тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 адад аризаву дархост ворид гардида, аз ин миқдор 41 адад иҷро гардида, 7 адад мавриди иҷро қарор дорад. Инчунин ҳангоми қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият 152 нафар қабул гардиданд.
Аз дигар идораву ташкилотҳои дохилу хориҷ ба вазорат 4011 адад мактуб ворид гардида, аз ин миқдор 1178 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 1330 адади он иҷро гардида, 1493 адади боқимондаи он айни замон, дар раёсату шуъбаҳо мавриди таҳлилу омўзиш қарор доранд. Дар ин радиф вазорат 3552 санад омода ва ба унвони мақомотҳои дахлдор аз ҷумла, 562 адад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2990 адад ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва шаҳрвандони алоҳида пешниҳод намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 12 адад фармон, 54 адад шартнома ва 212 адад фармоиш ба қайд гирифта шуда, ба ташкилоту идораҳо ирсол гардиданд.
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҷадвали тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст.
Бо вуҷуди андешидани чораҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва роҳбарияти муассисаҳо норасоии кадрҳои баландихтисос, аз қабили коргардонҳо, ҳунарпешагони касбӣ, равшанидиҳандагон, пардозгарон, мутрибон, коргардонҳои овоз ва ғайра дар театрҳо ва муассисаҳои консертӣ ба назар мерасад. Техникаи саҳна дар театрҳо ва муассисаҳои консертӣ аз қабили воситаҳои рўшноидиҳанда, дастгоҳҳои тақвияти садо, таҷҳизоти саҳна ва воситаҳои нақлиётӣ дар аксари муассисаҳо ба талаботи замони муосир ҷавобгўй нестанд. Дар баробари ин бо манзили зист ва хобгоҳ таъмин набудани мутахассисони ҷавон ва нокифоя будани музди меҳнати онҳо боиси тарк кардани соҳа гардида истодааст. Маблағгузории нокифоя аз буҷаи ҷумҳуриявӣ, хоса барои асарҳои нави таҳияшаванда ба муассисаҳои театрию консертӣ, ки дар натиҷа ба сатҳу сифати намоишҳо ва рушди минбаъдаи соҳаи санъати касбӣ таъсири манфӣ мерасонад, масъалаи муҳимест, ки ҳалли фаврии худро тақозо дорад. Бахусус торафт зиёд гардидани шумораи чорабиниҳои фарҳангии ройгон аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳо ба коҳиш ёфтани сатҳу сифати барномаҳо ва хароб гардидани базаи моддию техникии муассисаҳо оварда расонида истодааст.
Дар ин замина, бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди санъати касбӣ, ҳамчунин дар асоси хулосаҳои гурўҳи корӣ ва қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев ва Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо”таҷдиди сохтор дар назар буд. Мутаассифона, бо сабаби зиёд будани чорабиниҳо то ҳол аттестатсияи кормандон ва ҳайатҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев оғоз нагардидааст, ки ин омил боиси нигаронӣ мебошад. Ҳамчунин, санҷиши гузаронидаи вазъи фаъолияти Маркази эҷодии “Илҳом” нишон дод, ки дар ин самт як қатор проблемаҳое мавҷуд мебошанд, ки ҳалу фасли бетаъхири худро тақозо дорад. Аз ин хотир, бояд фаъолияти ин муассиса тибқи вазифаҳои низомномавӣ ба роҳ монда шавад.
Айни замон вазъи Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом, ки яке аз театрҳои аввалини кишвар маҳсуб меёбад ва дар арафаи 90-солагии таъсисёбиаш қарор дорад, бисёр ташвишовар мебошад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои ҳалли масъала чораҳои бетахир андешем.
Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат соли 2016 дар ноҳияи Ашт театри касбӣ таъсис ёфт, аммо санҷиши гурўҳи корӣ доир ба вазъи кадрӣ ва фанниву эҷодии муассисаи мазкур нишон дод, ки театр аз норасоии мутахассисон танқисӣ дорад ва барои таҳияи намоишҳо заминаҳои хуби эҷодӣ надорад. Ҳарчанд, ки роҳбари театр иваз шуд, вале ин иқдом ҳанўз нокифоя аст ва дар муассиса бо ҷалби коргардонҳои шинохта бояд корҳои эҷодӣ ҷоннок карда шаванд. Ҳамчунин, зарур аст, ки соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода студияи театрии ноҳияи Ашт аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманди маҳаллӣ бо мақсади дар оянда пурсамар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии муассиса, таъсис дода шавад.
Биноҳои муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳо таъмирталаб буда, ба таъмири куллию ҷорӣ ниёз доранд. Дар муассисаҳои фарҳанги шаҳру навоҳии мамлакат норасоии нақлиёти хизматӣ, созҳои миллии мусиқӣ, таҷҳизоти компютерӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз, рафҳои китобмонӣ, мизу курсиҳо, адабиёти тозанашр ба назар мерасанд.
Ба шабакаи интернет пайваст набудани аксари муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шиносномаи техникӣ надоштани бисёре аз муассисаҳои фарҳангӣ, базаи сусти моддӣ-техникӣ, бо таҷҳизоти муосир таъмин набудани муассисаҳо аз ҷумлаи камбудиҳое мебошанд, ки Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллӣ баҳри бартараф намудани онҳо чораҳои иловагӣ меандешад.
Дар айни замон тамоми фаъолияти аҳли фарҳангу ҳунар барои бемайлон амалӣ гардонидани сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззам ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.