Сомонаи пешина | Ҷм, 22 Март 2019 | 16:03
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Осорхонаи шаҳри Кӯлоб Паёми Пешвои миллатро роҳнамои фаъолияти худ қарор доданд

 

Дар маҷлисгоҳи Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700- солагии Кӯлоб ҷаласаи васеъ оид ба баррасии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ба Маҷлиси Олии кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева ва ҳамаи кормандони муассиса иштирок намуданд. 

Директори генералии Муассиса, раиси ташкилоти ибтидоии «Осорхона» -и КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳотам Асозода бо такя ба нуқтаву хулосаҳое, ки аз Паём бармеоянд, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати дохиливу хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат энергентика, роҳу нақилёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Таъкид гардид, ки соли 2018 барои мардуми Тоҷикистон бо рӯйдодҳои муҳиму таърихияш воқеан соли таърихиву фаромушнашуданӣ буд.

22-уми марти соли ҷорӣ бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси чоруми ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистион дар соҳаи об- Даҳсолаи байналмилалии амал « Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз гардид.

Ба кор андохтани агрегати якуми НБО «Роғун» қадами устувору бузургии кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола ба вуҷуд омадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон руйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми мо ба ҳисоб меравад.

Гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ, то соли 2030 афзоиш додани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то ба 22 фоиз, эълон намудани саноатикунонии босуръати кишвар ба сифати ҳадафи чоруми миллӣ, «300- рўзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ», эълон кардани солҳои 2019-2021, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷумлаи ҳадаф ва самтҳои асосии марҳилаи имрўзу фардои рушди давлатдорӣ ва иқтисоди миллӣ мебошанд, ки дар Паёми имсола дақиқ муайян гардиданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева низ оиди паҳлуҳои гуногуни Паёми Сарвари давлатамон суханронӣ намуда, аъзоёни ташкилоти « Осорхона»- ро даъват намуд, ки қабл аз ҳама ба омӯзиши пурраи ин ҳуҷчати раҳнамунсоз таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баъдан дар амалсозии нуқтаву хулосаҳое, ки аз Паём бармеоянд ҳамчун аъзоёни фаъолит Ҳизб ҳиссагузор бошанд.

Тавре сарвари муассиса иброз дошт, дар интиҳои моҳ дар осорхонаҳои шомили Муассиса ташкил намудани баромадҳо оид ба Паёми Пешвои муаззами миллатамон дар маҷлисҳои ҷамъбастӣ ва пайгирии амалигардии рукнҳои паём дар маҷлисҳои истеҳсолӣ дар назар аст.