Сомонаи пешина | Дш, 21 Январ 2019 | 11:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Аловуддин Абдуллоев сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъин гардид

 

Бо қарори роҳбарияти мақомоти иҷроияи Вилояти Хатлон дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъин гардид.

Аловуддин Абдуллоев қаблан ба ҳайси директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов фаъолият дошт.

Бурҳониддин Раҷабов, ки қаблан сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон буд, директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов таъин гардид.