Сомонаи пешина | Чш, 19 Июн 2019 | 13:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Композитори ҷавони тоҷик дар Озмуни байналмилалӣ ғолиб гардид

Ин рӯзҳо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия бо ибтикори Вазорати фарҳанги кишвари Краснодари Федерастсияи Россия Фестивал - озмуни V - уми байналмилалии «Зебогӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷодиёт» («Красота и гармония в творчестве») ҷараён дорад.

Мақсад аз баргузории Фестивал-озмуни мазкур тавсеаи ҳамкориҳои гуногунрангии фарҳангӣ байни миллатҳо, мусоидат баҳри ташаккули истеъдодҳо ва рушди фарҳанги навоварӣ, инчунин омӯзиши самтҳои нави малакаи бадеӣ-эҷодии композиторони ҷавон ва навозандагону гуруҳҳои эҷодӣ- касбӣ мебошад.

Ҳакамон маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро аз рўи номинатсияҳои санъати овозхонӣ, санъати иҷрокунандагӣ, санъати рақс, санъати рассомӣ, санъати эстрадаю сирк ва Озмуни «Композитори ҷавон» (аз рўи сину сол) баҳогузорӣ мекунанд. 

Тавре Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов иттилоъ дод, дар бахши Озмуни «Компизитори ҷавон» - намояндаи Тоҷикистон Соҳибҷон Ҳасанов ғолиби ҷойи аввал (сину соли 21-25 сола) гардид.

Соҳибҷон Ҳасанов хатмкунандаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев буда, айни ҳол тибқи бурсияи таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши сеюми факултаи композитории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Краснодар таҳсил менамояд. Номбурда шогирди яке аз композиторони маъруф, Раиси Иттифоқи композиторони кишвари Краснодар, Арбоби ҳунари Россия профессор Чернявский Владимир Андреевич мебошад.

Аз номи ҳамватанон ва аҳли эҷод Соҳибҷон Ҳасановро бо ин пирӯзӣ дар оғози соли нави мелодӣ табрик менамоем.