Сомонаи пешина | Дш, 21 Январ 2019 | 11:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ковишҳои бостонишиносӣ дар Ҳулбук: бозёфти маҳалли ҳунармандӣ ва зарфҳо

Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди шаҳристони Ҳулбук, ки бо мақсади муайян намудани тарҳи пурраи шаҳри асримиёнагӣ гузаронида мешаванд, мавҷудияти маҳалли ҳунармандӣ бо дӯконҳо дар шаҳристони Ҳулбукро ошкор намуданд.

Баъди аввалин корҳои таҳқиқотӣ муайян гардид, ки дар қисмати шимолу шарқии шаҳристон маҳалаи ҳунармандӣ бо дӯконҳо, хумдонҳои шишапазӣ, коркарди маснуоти филизӣ ва симобкӯзапазӣ бо боқимондаҳои маҳсулоти нимтайёр ҷойгир гардидаанд. Боиси зикр аст, ки ҳамаи дӯконҳо бо риояи тамоми талаботхои санитарӣ, яъне таъмини об, ва бадрабҳо бунёд гардидаанд. 

Ҳангоми таҳқиқи дӯкони симобкӯзапазӣ, чунин як зарфе пайдо гардид, ки дар қисми гарданаи он «Баракаҳ» навишта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ёфт гардидани симобкӯзаи бутун бо навиштаҷот маротибаи дуюм аст. Бори аввал дар ибтидои асри ХХ дар ёдгории бостонии Афросиёб (Самарқанд) аз ҷониби бостоншиноси Шӯравӣ В.Л.Вяткина пайдо гардида буд, ки дар он «Фатҳ, фатҳ» навишта шуд буд.

Кофтукоби бостоншиносӣ дар соли 2018 аз ҷониби кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш - директори мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук Хољаев А.Р.ва бостоншинос Филимонова Т.Г гузаронида шуданд.

Бостоншиносон мегӯянд, ки бозёфтҳои мазкур ва худи шаҳри асримиёнагии Ҳулбук дар оянда боз ҳам омӯзишҳои мукаммалро талаб менамоянд.