Сомонаи пешина | Пш, 20 Июн 2019 | 13:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Паёми Пешвои миллат мардуми ноҳияи Рӯдакиро барои фаъолияти бунёдкорона рӯҳбаланд намуд

8 январи соли 2019 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳурияви Буйдоқов бо мақсади шарҳу тафсири Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 26-уми декабри соли 2018 ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, ҷамъомад баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, роҳбарияти муассисаи таълимӣ, устодон ва донишҷӯён иштирок карданд.

Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ Мастона Наимова, омӯзгорони муассисаи таълимӣ Муҳаммаднабӣ Баёнӣ ва Зиёвуддин Ҷамолов баромад карда, муҳимтарин нуқтаҳои Паёми Пешвои миллатро шарҳ доданд.

Боиси зикр аст, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣаҳли кормандони муассиса ва тамоми сокинони ноҳияро рӯҳбаланд намуда, ба онҳо барои фаъолияти пурсамару созанда боз ҳам неруи нав бахшид. 

Миралӣ Воҳидов