Сомонаи пешина | Ҷм, 22 Март 2019 | 16:03
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Вазорати фарҳанг фаъолиятро дар соли 2018 таҳлил намуда, масъалаҳои афзалиятноки соҳаро дар соли 2019 муайян намуданд

9 январи соли 2019 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти соли 2018 ва дурнамои фаъолият дар соли 2019 бо иштироки роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои зерсохтор ва соҳавӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа инчунин муовини сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Атҳам Маъмурзода ширкат варзид. 

Вазъи эҷодии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе, натиҷаи санҷиши вазъи фаъолияти хизматрасонии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин ва Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳии вилояти Суғд аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки дар ҷаласа баррасӣ гардиданд. 

Ҳозирин инчунин нақшаи фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019-ро мавриди муҳокима қарор доданд. 

Дар рафти ҷаласа Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба 19 нафар кормандони соҳаи фарҳанг, ки дар соли 2018 барои рушди соҳа ва муаррифии санъати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи он саҳми арзанда гузоштанд, Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг ва ба 9 нафар ба ҳамин мазмун сипосномаи Вазорати фарҳангро супорид.