Сомонаи пешина | Чш, 19 Июн 2019 | 13:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тартиби ба қайд гирифтани асарҳои муаллифон

 

I. Муқаррароти умумӣ

Тартиби ба қайд гирифтани асарҳои муаллифон мутобиқи модаи 40 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии оид ба соҳаи ҳуқуқи муаллиф, ки ба тасвиб расидаанд, таҳия шудааст.

Тартиби мазкур бо мақсади ҳимоя намудани ҳуқуқи муаллиф, ба қайд гирифтани асарҳои муаллифон ва ба таври махсус ба расмият даровардани асар, тартиб дода шудааст.

Муаллиф – шахси воқеие, ки асар дар натиҷаи меҳнати эҷодии ў офарида шудааст.

Соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ё шахсоне, ки дорои ягон навъ салоҳияти комил ба асар мебошанд, барои дарёфти шаҳодатномаи муаллифӣ ба асари нашршуда ё нашрнашуда, дар бораи факт ва санаи нашри асар ё шартномаҳое, ки ба ҳуқуқи муаллиф марбутанд, метавонанд асари худро бо мусоидати мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он (Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон), аз қайд гузаронанд.

Бақайдгирии асар ихтиёрӣ мебошад.


II. Асарҳое, ки ба қайд гирифта мешаванд

1. Асарҳои зерин ба қайд гирифта мешаванд:
- асарҳои хаттӣ (дастхат, чопи мошинӣ, сабти нотаҳо ва ғ.);
- асарҳои даҳонӣ (изҳори оммавӣ, иҷрои оммавӣ ва ғ.);
-асарҳои сабти овозӣ ва видеоӣ (механикӣ, магнитӣ, ададӣ, оптикӣ ва ғ.)
-асарҳои тасвирӣ (расм, ангора, сурат, нақша, тасмаи кино, телевизион, навори видео, кадри аккосӣ ва ғ);
- асарҳои ҳаҷмӣ ва фазоӣ (ҳайкал, намуна, амсила, сохтмон ва ғ.);
- асарҳои дигар, ки ҳамчун объекти ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, пазируфта мешаванд.

2. Асарҳо дар муддати 30 рўз дар асоси хулосаи Шўрои коршиносон ба қайд гирифта мешаванд.
 3. Ҳангоми мухолифат доштан бо қонунгузории Тоҷикистон ва муқаррароти ҳамин Тартиб, асар ба қайд гирифта намешавад;

III. Тартиби пешниҳод намудани асарҳо

4. Барои ба қайд гирифтани асар ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Вазорати фарҳанг;
- нусхаи асар ва шарҳи мухтасари он;
- нусхаи шиносномаи шаҳрвандии муаллифи асар;
- ҷузвдон барои ҳуҷҷатҳо.
5. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда бояд ба талаботи муқарраршуда ҷавобгў бошанд.


IV. Шўрои коршиносон

6. Вазорати фарҳанг Шўрои коршиносонро таъсис медиҳад.
7. Шўрои коршиносон дар ҳайати Раис, котиби масъул, аъзоён (аз ҷумлаи намояндагони аҳли адаб, фарҳанг, илм ва ғайра) таъсис дода мешавад.
8. Шўрои коршиносон асарҳои пешниҳодшударо баррасӣ менамояд, дар ҳолати зарурӣ коршиносонро аз дигар идораву ва пажўҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ва ташкилотҳои гуногун даъват менамояд.
9. Дар асоси хулосаи Шўрои коршиносон ва хулосаи мутахассисон асар ба қайд гирифта шуда, ба муаллиф Шаҳодатномаи ба қайд гирифтани асар дода мешавад.


V. Шаҳодатнома


10. Баъди ба қайд гирифтани асар, ба муаллиф Шаҳодатнома дода мешавад.

11. Мавҷуд будани Шаҳодатнома, ҳангоми баҳс оид ба муаллифияти шахс ба асар мусоидат хоҳад кард. Шаҳодатнома ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муаллифияти шахс ба асар буда, то он вақте амал мекунад, ки шахси дигар муаллифияти худро ба он, собит накунад. 

12. Дар ҳолате, ки муаллифи аслии асар муаллифияти худро бо тарзи судӣ (ё бо розигии тарафайн) собит мекунад, Шаҳодатнома аз эътибор соқит карда мешавад.


VI. Пардохти маблағ ва харҷи он

13. Муаллифон барои ба қайд гирифтани асар ва дастрас намудани Шаҳодатнома мутобиқи Нархномае, ки дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, маблағ месупоранд.
14. Маблағҳо дар суратҳисоби махсуси Шўъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.
15. Маблағҳо ба мақсадҳои зерин харҷ карда мешаванд:
- таҳияи Шаҳодатномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо;
- пардохти музди меҳнати ҳайати Шўрои коршиносон, мутахассисон, тарҷумонҳо ва ғайра;
- хариди маводи зарурӣ барои коргузорӣ;
- таъминоти моддӣ-техникии Шўрои коршиносон;
-пардохти андозҳо мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кўмак ба эҷодкорон ва аъзоёни иттифоқҳои эҷодӣ.

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 сентябри соли 2011 бақайди давлатӣ гирифта шудааст,
Рақами бақайдгирӣ 626