Сомонаи пешина | Шб, 23 Феврал 2019 | 16:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Аҳли фарҳанги Бадахшон ба иҷрои вазифаҳои дар Паём зикр гардида камар бастанд

 

Дар толори китобхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ вохӯрии роҳбарияти шуъбаи фарҳанги вилоят ва ҳамаи кормандони соҳаи фарҳанги минтақа баргузор гардид.

Сардори шуъбаи фарҳанги вилоят Сайёд Қурбонмамадов оид ба мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд, баромад намуда, иштирокдорони чорабиниро даъват намуд, ки баҳри ободонӣ , созандагӣ ва рушди Тоҷикистони азизамон он саҳми босазо гузоранд. 

Дар китобхонаи мазкур инчунин намоиши китобӣ ва мизи мудаввар бо донишҷўён ва кормандони китобхона таҳти унвони «Паёми Пешво- ҳидоятгари роҳи фардо» гузаронида шуд.

Дар китобхонаи бачагонаи вилоятӣ намоиши китобӣ дар мавзўъи «Аз Паём то Паём» ташкил гардид. Сӯҳбати директори китобхонаи бачагонаи вилоятӣ дар ҳошияи Паём бо кормандони китобхона низ хеле шавқовар ва судманд буд. 

Аҳли фарҳанги вилоят қарор доданд, ки аз тамоми воситаҳои самаранок истифода намуда нақша- чорабиниҳоро доир ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои муаззам зикр гардидаанд, дар мўҳлатҳои муайянгардида ба иҷро расонанд.