Сомонаи пешина | Чш, 19 Июн 2019 | 13:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шашмақомсароён – гирандагони «Шоҳҷоиза» бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг қадр гардиданд

11 январи соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода 9 нафар шашмақомсароёни тоҷик - иштирокчиёни Фестивал-озмуни байналмилалӣ дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки мукофоти баландтарини озмун — “Шоҳҷоиза”-ро ба даст оварда буданд, ба ҳузур пазируфта, ба онҳо ифтихорномаи Вазорати фарҳангро супорид.

Ин иқдом баъди ҷамъбасти фаъолияти соҳаи фарҳанг дар соли 2018, ки чанде пеш дар Ҷаласаи ҳайати мушовара баррасӣ гардида буд, рӯӣ кор омада, мақсад аз он қадрдони нафароне мебошад, ки дар рушди соҳа дар соли 2018 саҳми арзанда гузоштаанд. 

«Ҳунарнамоии Шумо дар чунин озмуни бонуфуз бори дигар собит кард, ки Шашмақом санъати асили халқи тоҷик аст ва ба мо аз ниёгонамон мерос мондааст. Имрӯз Шашмақомро на танҳо дар вилояти Суғд, балки дар тамоми ҷумҳурӣ менавозанд ва он оммавӣ гардидааст. Ҳатто намояндагони касбу кори дигар низ ба ин санъат таваҷҷӯҳ доранд ва мехоҳанд онро чун машғулияти дӯстдошта аз худ намоянд» - иброз дошт Вазири фарҳанг. 

Зикр гардид, ки маҳз ҳунарпешаҳои бомаҳорат ва ватандӯст дар тарғиби ин намуди санъат ва муаррифии шоистаи он дар сатҳи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. 

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ва ҳайати шашмақомсароён бо роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари Академияи мақоми Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов оид ба рушди санъати шашмақом ва тарбияи шогирдон сӯҳбат намуданд. 
Шашмақомсароён ва мутрибони зерин соҳиби Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг гардиданд:

Озода Ашӯрова 
Хуршед Иброхимов,
Ҷамшед Эргашев,
Сироҷиддин Ҷӯраев,
Насиба Омонбоева,
Тоҳирҷон Ҷӯраев,
Мурод Ҷӯмъаев,
Камолиддин Ҳамдамов,
Беҳрӯзи Наимзода.