Сомонаи пешина | Ҷм, 22 Март 2019 | 16:03
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баррасии масъалаи дарёфти шеваҳои нави ҳамкорӣ дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

11 январи соли 2019 дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони иттифоқҳои эҷодӣ, муассисаҳои эҷодӣ-касбӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ доир гардид.

Вохӯрии мазкур бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии «Бохтар» бо мақсади тавсеа ва дарёфти мутобиқат ва шеваҳои нави ҳамкориҳои минбаъдаи ниҳодӣ, аз ҷумла, дар самти баргузории чорабниҳои фарҳангӣ, муносибатҳои илмӣ, ташаббусҳои эҷодӣ, таблиғ намудани санъати мусиқии касбию мардумӣ бо назардошти самтҳои бадеӣ,таҳияи лоиҳаҳои муштарак вобаста ба тарғиби шаклҳои гуногуни инъикоси фарҳангӣ, мусоидат дар ташаккули муҳити фарҳангӣ бо истифода аз воситаҳои менеҷменти муосир доир гардид. 

Дар вохӯрӣ бобати татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат дар ғанӣ гардонидани фазои фарҳангии мамлакат пешниҳодҳо ироа гардиданд.