Сомонаи пешина | Яш, 15 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Истиқболи «Парасту - 2019»

Аз 15 то 22 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту - 2019» баргузор мегардад.

Фестивал-озмун ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов бахшида шуда, бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармадон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Дар Фестивал-озмун тамоми театрҳои касбии ҷумҳурӣ иштирок карда метавонанд. Ба Фестивал-озмун беҳтарин намоишномаҳое пешниҳод бояд шаванд, ки тӯли солҳои 2017-2018 рӯи саҳна омадаанд.

Раёсатҳои фарҳанги ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон намоишномаҳои ба Фестивал-озмун пешниҳодшавандаро бояд то 05 марти соли 2019 муайян намоянд.

Дархост барои иштирок дар Фестивал-озмун ба унвони Кумитаи тадорукот то 05 марти соли 2019 бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-34, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тадорукотии Фестивал-озмуни «Парасту- 2019» ирсол гардад.


Тел. барои маълумот: 221 65 36, 221 39 80
Тел. Факс: 221 02 04
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Ба дархост бояд ҳуҷҷатҳои зерин ҳамроҳ бошанд:
-номи муаллиф, таҳиякунанда, шумораи иштирокчиён, мардҳо ва занон.

Низомномаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту - 2019» дар сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст.