Сомонаи пешина | Ҷм, 23 Август 2019 | 21:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шоири тоҷик ғолиби озмуни байналмилалӣ ва сазовори ду ҷоизаи байналмилалӣ гардид

Моҳи декабри соли 2018 дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия маросими тантанавии супоридани ҷоиза ба ба лауреатҳои медали байналмилалии ба номи Владимир Набоков баргузор гардид. Ҷоиза ва мукофотҳоро ба шоирону нависандагони кишварҳои гуногун раиси Иттифоқи байналмилалии нависандагон – Александр Николаевич Гритсенко супорид.

Вохўрии ҳамқаламон аз тамоми гўшаву канори дунё, ки бо забони русӣ эҷод мекунанд, бисёр зебо ва хотирмон буд. Бо медали ба номи Владимир Набоков муаллифоне сарфароз гардонида шуданд, ки ашъорашон аз интихоби ҷиддии озмунӣ гузаштанд ва дар китоби лауреатҳо рўи чоп омаданд, нчунин муаллифоне ки дар асоси озмун китоби худро бо забони хориҷӣ нашр кардаанд. Китобҳои силсилаи Набоков муаллифонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамоям ва ба ин васила хонандагони зиёди дунё бо эҷоди онҳо шиносоӣ пайдо хоҳанд кард.

Боиси хушнудист, ки шоири тоҷик аз шаҳри Турсунзода, ҳамоҳангсози Иттифоқи байналмилалии нависандагон, драматургон ва журналистон, сардабири нашрияи ҳизбии «Ҳидоят» Абдуқаҳҳори Қосим низ лауреати мукофоти ба номи Владимир Набоков шуда, бо медали «Барои саҳми эҷодӣ дар адабиёти хориҷӣ» сарфароз гардид. Ногуфта намонад, ки моҳи октябри соли 2018 мавсуф дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо медали «Барои хизмати шоиста дар Иттифоқи байналмилалӣ» қадрдонӣ шуда буд.

Боиси тазакур аст, ки Иттифоқи муаллифон ва ноширони мустақил шеъри бо тоҷикӣ ва русӣ эҷодшудаи Абдуқаҳҳори Қосим «Зелёная страна воспоминаний»-ро ғолиби озмуни «Россия-Испания: от Сервантеса до наших дней» дониста, бо забони испанӣ дар маҷмӯаи лауреатҳои ин озмун рўи чоп овард. Ҳамин тариқ шоир Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби ду ташкилоти эҷодӣ – Иттифоқи байналмилалии нависандагон, драмматургон ва журналистон ва Иттифоқи муаллифон ва ноширони мустақил соҳиби ҷоиза гардид.