Сомонаи пешина | Пш, 19 Апрел 2018 | 14:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Соли нави 2018 дар ВМКБ

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Соли нави мелодии 2018-ро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд. 
Аз ҷумла, 29 декабри соли 2017 аз тарафи ҳунармандони ансамбли «Навои Бадахшон» ва маркази фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Хоруғ барномаи ҷолиби консертии «Чароғаки солинавии шаҳри Хоруғ» баргузор гардид.
30 декабри соли 2017 аз ҷониби гурӯҳи номбурда барномаи дигари идона дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ манзури сокинон ва меҳмонони шаҳр гардонида шуд.
Аз ҷониби ҳунармандони театри вилоятӣ барои кӯдакон ва наврасони шаҳри Хоруғ барномаи солинавии «Шамолак» рӯи саҳна омад, ки он аз ҷониби тамошобинони хурдсол бо шавқу завқи беандоза пазироӣ гардид.
Инчунин, хонандагон ва омӯзгорони мактаби санъати шаҳр низ чун тӯҳфаи идона барои кӯдакон ва наврасони шаҳри Хоруғ барномаи солинавии худро пешкаш намуданд. Гӯшаи китобҳо ва намоиши китобӣ, ки аз тарафи китобхонаҳои вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ барои толибилмони мактабҳои шаҳри Хоруғ ба маъраз гузошта шуда буданд, ба ҳусни ҷашни солинавӣ ҳусни тоза зам намуданд.