Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 02:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳисоботи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2019

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар семоҳаи аввали соли 2019 бобати дар сатҳи баланди касбию фарҳангӣ таҷлил намудани тантанаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявии 26-солагии таъсиси Қ увваҳои Мусаллаҳ, Иди байналмилалии Наврўз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ , “Корвони шодбоши наврўзӣ ” дар шаҳрҳои Душанбе ва Норак ва дигар санаҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ равона намуд.

I. СОҲАИ САНЪАТ

Муассисаҳои театрию консертии вазорат баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ дар робита ба ҷашнҳои муҳими милливу таърихӣ бо мазмуну мундариҷаи наву сатҳи баланд дар кулли барномаҳои фарҳангӣ иштирок намуданд. 
Яке аз рўйдодҳои муҳими фарҳангӣ муаррифии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 таъсис ёфта буд, 15 марти соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки Пешвои миллат, корпусҳои дипломатии муқ ими Душанбе ва аҳли зиёи кишвар ба ҳисоб меравад. Оркестри мазкур метавонад дар такомули фазои фарҳангии кишвар ва муаррифии асарҳои баландғ ояи ватаниву ҷаҳонӣ саҳми босазо гузорад.
Ба шарафи Иди байналмилалии Наврўз рўзҳои 21, 22, 23, 24 ва 25 март дар боғ ҳои фарҳангу фароғ атии ба номи С.Айнӣ , Устод Рўдакӣ , Фирдавсӣ , Боғ и Ирам, боғ и ба номи А.Мироненко ва Майдони 800-солагии Москва дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ҷалби гурўҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ , театрӣ ва таълимӣ 20 барномаҳои фарҳангиву фароғ атӣ пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳайатҳои эҷодии чорабиниҳо зимни омодагиҳо аз усулҳои наву муосири технологӣ , шакли тозаи пешниҳод ва ҷалби истеъдодҳои ҷавон, суруду оҳангҳои нав истифода намуданд, ки ин ба барномаҳо ҳусну таровати тоза зам намуд. Тантанаҳои наврўзӣ дар вилояти Суғд дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ ва ташкилӣ доир гардиданд.
Дар ин чорабиниҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуда, ба таҳиягарони барномаҳои фарҳангии идона баҳои баланд доданд.
Дар семоҳаи якуми соли 2019 дар театрҳои касбии кишвар 13 асари нав саҳнавӣ гардид. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 4 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 7 намоиш рўи саҳна омад. Аз 13 асари наве, ки рўи саҳна омаданд, 9 асари драматургони тоҷик ва 4 асари муаллифони хориҷӣ мебошанд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ дар ин давра барои таҳияи намоиши нав аз рўи асари С.Улуғ зода “Фирдавсӣ ” дар таҳияи С.Усмонов фаъолияти худро ба роҳ монда, 59 намоишҳоро барои 9 277 тамошобин пешкаш гардонид.
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ намоиши бачагонаи “Зебосанам ва девсиришт”-ро дар таҳияи С.Усмонов пешниҳод намуд. 13 феврал нахустнамоиши операи “Хусрав ва Ширин”-и А.Мусоев бахшида ба 30-солагии Истиқ лолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати эҷодии театр пешниҳод гардид, ки дар чанд соли охир падидаи фараҳбахш маҳсуб меёбад. Аҳли ҳунари театр дар барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Қ увваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди байналмилалии Наврўз фаъолона ширкат намуданд. Ҳайати эҷодии Театр дар давоми се моҳ 24 намоиш ва барномаи ҳунариро манзури 4231 нафар тамошобинон гардонид.
Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоиши тозаэҷодро аз рўи асари Шодӣ Солеҳ — «Шер омад», дар таҳияи Ҷ.Пўлод, Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қ осимов намоиши нави «Шоҳзодаи хурдакак»-и А.Сент-Экзюпери дар таҳияи С.Қ осимова, Театри ҷумҳуриявии мусиқ ӣ - драмавии ноҳияи Данғ ара намоишро аз рўи асари А.Қ одирӣ «Аз ноумедиҳо басо умед аст» дар таҳияи Қ .Давлатов ва асари Ҷ.Қ уддус “Марги сафед” дар таҳияи Т.Раҷабов, Театри мусиқ ӣ -драмавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ асари Ҷ.Қ уддус “Чароғ аки сеҳрноки Аловуддин”-ро дар таҳияи У.Хисравов, Театри мусиқ ӣ -мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд асарҳои А.Раҷабов “Маша ва Хирс” ва “Тоқ исурхак”-ро дар таҳияи С.Шехов, Театри тамошобини навраси ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд намоишномаи нави “Хубони эрка”-и Я.Мирсаков ва “Пораи дили модар”-и Ҳ.Шарифро дар таҳияи Э.Ҳомидов, Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бўстон намоишномаи «Соҳибаи меҳмонхона» -и К.Голдони дар таҳияи Д.Шукуров ва “Тақ дир”-и Н.Шарипов дар таҳияи Р.Раҳматуллоева, Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон намоишномаи “Зумрат ва Қ имат”-и Н.Маҳкамова дар таҳияи Ф.Хоҷаев, Театри давлатии драмавии ўзбекии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳияи Спитамен намоишномаи нави “Ҷоруби аҷуза”-и У.Усмонов-ро дар таҳияи Т.Маликов рўи саҳна оварданд.
Ҳайатҳои эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский, Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе, Театри мусиқ ӣ –мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонов ва Театри вилоятии лўхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтар ва Театри мусиқ ӣ -мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кўлоб, Театри давлатии мусиқ ӣ -драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом ва Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқ ии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт баҳри саҳнавӣ шудани намоишҳои нав кўшиш ба харҷ дода истодаанд.
Ин давра муассисаҳои консертӣ дар тамоми барномаҳои чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ , пазироии меҳмонони олиқ адр фаъолона иштирок намуд. 20 барномаи консертӣ дар доираи таҷлили Иди байналмилалии Наврўз, дар боғ ҳои фарҳангу фароғ атии шаҳри Душанбе ва вазорату идораҳо 11 барномаи ҳунарӣ , пазироии меҳмонони олиқ адр 4 барномаҳои фарҳангӣ ва ҷиҳати таҷлили ҷашнҳои муҳими сиёсӣ 7 чорабинии фарҳангӣ доир намуданд, ки дар маҷмўъ 42 чорабиниро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз ҷониби ҳайатҳои эҷодии муассисаҳои консертӣ 32 суруду оҳанги тозаэҷод ва 15 номераи нави рақ сӣ пешниҳоди мухлисони санъат гардонида шуданд.
Ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев дар давраи ҳисоботӣ дар чорабиниҳо бахшида ба ҷашни “Сада”, 26-солагии Артиши Миллӣ , Иди Модарон, Ҷашни байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе ва дигар барномаҳои консертӣ иштирок намуданд.
Аҳли ҳунари Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ дар 25 чорабинии фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва бахшида ба ташрифи меҳмонони олиқ адр, фаъолона иштирок намуда, нақ шаи молиявии худро 106,8% иҷро намуд. Ҳайати ҳунарии муассиса ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғ д сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, 10 суруд ва 6 рақ си нав дар барномаҳои консертӣ иҷро шуданд.
Кормандони Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» дар ташкил ва баргузории барномаи консертӣ бахшида ба 26-солагии Артиши миллӣ , Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе ва дигар чорабиниҳо бахшида ба ташрифи меҳмонони олиқ адр фаъолона иштирок намуд. Муассиса якҷо бо филиалу намояндагиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Фархор, Зафаробод силсилабарномаҳои фарҳангиро ташкил намуд.
Ҳайати ҳунарии Ансамбли «Сомон» дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои нақ шавӣ иштирок намуда, дар ин давра 7 асари нави мусиқ иро пешниҳоди мардум карданд.
Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақ сии «Лола» ба номи Ғ .Валаматзода ба ифтихори ҷашнҳои 26-солагии Рўзи Артиши миллӣ , Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе ва дигар чорабиниҳо бо 6 рақ с ва 10 суруду оҳанги нав баромад намуданд.
Ҳайати эҷодии Сирки давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли ҷорӣ бо намоиши “Шоу барномаи солинавии сиркӣ ” оғ оз намуда, тибқ и қ арордод бо мақ сади тавсеаи робитаҳо аз 15 март то 15 апрели соли 2019 Сирки Федератсияи Россия бо барномаи “Сирки калони илюзион” даъват гардид, ки аз ҷониби тамошобинон гарму ҷўшон пазируфта шуд. Ҳунарпешагони муассиса дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе ва Норак ширкат варзиданд.
Маркази эҷодии «Илҳом» дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас дошт. Муассиса, ки таҳияи барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар Муассисаи давлатии “Наврўзгоҳ”-и шаҳри Душанбе ва шаҳри Норакро ба зимма дошт, дар сатҳи баланд доир намуд.
Ҳунармандони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон дар чорабиниҳои ҷашни “Сада”, Рўзи Модар, Артиши миллӣ , барномаҳои наврўзӣ ва таҷлили “Рўзи фарҳанг” ширкат намуданд.
Муассисаҳои Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ семоҳаи якумро бо нишондодҳои хуби молиявӣ ҷамъбаст намуданд.

II. СОҲАИ ФАРҲАНГ

Чорабиниҳои фарҳангӣ : Дар муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ , иду ҷашнҳо, аз қ абили Соли нав, иди Сада, Рўзи Артиши миллӣ , Рўзи Модар, Наврўзи байналмилалӣ , “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028”, вобаста ба татбиқ и қ онунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, инчунин, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқ овимат бо экстремизм ва терроризм” силсилаи чорабиниҳо, вохўриву суҳбатҳо, баромади дастаҳои ҳаваскорони санъати бадеӣ , намоиши театришуда, мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоиши китобию матбуотӣ , намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва асарҳои рассомон, барномаҳои консертӣ ташкилу гузаронида шуданд.
Моҳи март дар шаҳри Хуҷанд Фестивали сайри гули лола ва гулҳои баҳорӣ , Фестивали таомҳои миллии наврўзӣ доир шуданд.
Ҳунармандони Кохи фарҳанги “Суғ диён”, ансамблҳои рақ сии “Зебо”, ансамбли созию овозии “Борбад” ва “Ғ аффор Валаматзода” дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат меварзанд. Дар Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ тибқ и Нақ ша-чорабинӣ 161 адад чорабинии оммавӣ -фарҳангӣ ва барномаи консертӣ гузаронида шуда, 27 январ дар назди Театри давлатии мазҳака-мусиқ ии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷашни Сада бошукўҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Ҳамчунин, чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷашни Сада мужда аз Наврўз» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ташкили барномаҳои консертӣ , намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва фурўши ниҳолу маҳсулотҳои хоҷагии қ ишлоқ дар сатҳи баланд гузаронида шуданд.
Бо мақ сади ба танзим даровардани тўю маъракаҳо дар шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии “Дастархонороӣ ” доир гардид, ки дар он санъаткорони вилоят бо барномаи фарҳангӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Дар Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Фестивал-озмуни вилоятии «Чакомаи гесў» дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Дар Қ асри маданияти “Арбоб” бахшида ба Рўзи Модар ва Наврўзи байналмилалӣ барномаи театрикунонидашуда ва барномаи консертии аҳли санъат ва ҳунари вилоят дар сатҳи баланд барпо карда шуд.
Инчунин, тантанаҳои идонаи наврўзӣ ва мавриди истифода қ арор додани як қ атор иншооти фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бўстон, Гулистон, Бобоҷон Ғ афуров ва Спитамен бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд.
Аҳли фарҳангу ҳунари вилояти Хатлон дар ин муддат ҷашну идҳои “Сада”, “Рўзи башардўстон”, “Рўзи Артиши миллӣ ”, “Рўзи Модар” ва “Наврўзи байналмилалӣ ”-ро бо шумораи 25 ададӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 4 адад дар маркази вилоят доир намуданд, ки дар онҳо 79547 нафар иштирок намуданд. Санъаткорони бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ин ҷашнҳоро дар қ исмҳои ҳарбӣ барпо намуда, 60000 нафар иштирокчиро фаро гирифтанд. Дар маҷмўъ муассисаҳои фарҳанги вилоят ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар ин давра 2254 чорабинӣ ва Фестивал-озмунҳоро бо фарогирии 285689 нафар иштирокчӣ доир намуданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба ифтихори ҷашну санаҳои таърихию фарҳангӣ чорабиниҳои гуногуни илмию маърифатӣ ва фарҳангию фароғ атӣ доир гардиданд. Аз ҷумла дар ноҳияи Роштқ алъа ба ифтихори Рўзи Артиши миллӣ вохўрӣ бо собиқ адорони ҷангу меҳнат, конференсияи хонандагон дар мавзўи “Гаҳвораи бахт” ба ифтихори Рўзи Модар, дар ноҳияи Шуғ нон озмунҳои «Кани, духтарон?» ва «Моҳпайкари Наврўзӣ », дар ноҳияи Ишкошим вохўрӣ бо сарҳадбонони қ исми ҳарбии 2703 ва дар муассисаҳои клубӣ барномаҳои рангини наврўзӣ сурат гирифтанд.
Шуъбаи фарҳанги шаҳри Ваҳдат тибқ и нақ ша-чорабиниҳо то ин давра дар ҳамбастагии тамоми муассисаҳои фарҳангии шаҳр 274 вохўрию мулоқ отҳо, конференсия, шабҳои саволу ҷавоб, маҳфилҳои адабӣ , озмуну викторинаҳо, фестивалҳои сатҳи минтақ авию ҷумҳуриявӣ доир намуданд, ки дар қ иёс ба ҳамин давраи соли гузашта 16 адад зиёд буда, дар тамоми ин чорабиниҳои фарҳангӣ беш аз 150000 нафар шаҳрвандон ширкат варзиданд, ки дар қ иёс ба соли гузашта 30000 нафар зиёд мебошад.
Дар ҳамаи муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ бахшида ба ҷашнҳои фархунда чорабиниҳои фарҳангию фароғ атӣ , тарғ иботию ташвиқ отӣ , корҳои тарбиявӣ доир шуданд. Дар ин муддат раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳри Душанбе, водии Ҳисор ва минтақ аи Рашт чорабиниҳои фарҳангиро дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудаанд. Аз ҷумла, дар баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни «Сада», Рўзи таъсисёбии Қ увваҳои мусаллаҳ, Рўзи Модар, Рўзи фарҳанг, ҷашни Наврўзи байналмилалӣ , озмунҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии «Чакомаи гесў», «Хабарнигор», «Ровии ҷавон» ва «Рассоми беҳтарин», шаби эҷодӣ , пешвозгирии меҳмонон ва барномаҳои консертӣ , инчунин дигар чорабиниҳои фарҳангие, ки дар муассиса ва ташкилотҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ” ташкил гардид, саҳми арзандаи хешро гузоштанд. Аз тарафи ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода дар 14 деҳаҳои шаҳр барномаҳои рангини консертӣ бахшида ба ҷашни Наврўзи бостонӣ баргузор гардид.
Фаъолияти китобдорӣ : Ба ҳолати 4 апрели соли 2019 дар миқ ёси ҷумҳурӣ 1 453 китобхона, ки аз ин шумора 1 Китобхонаи миллӣ , 1 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ , 7 китобхонаи вилоятӣ , 65 китобхонаи марказӣ , 1208 китобхона-филиал, 72 китобхонаи бачагонаи шаҳрӣ , ноҳиявӣ , деҳотӣ ва 99 китобхона дар вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимӣ (бо истиснои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва умумӣ ) мавҷуд мебошад.
Фонди умумии китобхонаҳо 17478432 нусха, ки аз ин шумора 3206228 нусха дар Китобхонаи миллӣ , 108061 нусха дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи М. Миршакар, 8 272 608 нусха дар китобхонаҳои давлатӣ -оммавӣ дар шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ , 5891535 нусха дар китобхонаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимӣ , буда, аз ин шумора 4803732 нусха ба забони тоҷикӣ мебошад, ки аз ин шумора 313262 нусха дар Китобхонаи миллӣ , 23019 нусха дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи М.Миршакар, 3 024 067 нусха дар китобхонаҳои давлатӣ -оммавӣ дар шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ , 1443384 нусха дар китобхонаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимӣ , 11567811 нусха ба забони русӣ , ки аз ин шумора 2840039 нусха дар Китобхонаи миллӣ , 83328 нусха дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи М.Миршакар, 4375565 нусха дар китобхонаҳои давлатӣ -оммавӣ дар шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ , 4268 879 нусха дар китобхонаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимӣ , 1106889 нусха ба дигар забонҳо, ки аз ин шумора 52927 нусха дар Китобхонаи миллӣ , 1714 нусха дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи М.Миршакар, 872 976 нусха дар китобхонаҳои давлатӣ -оммавӣ дар шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ , 179272 нусха дар китобхонаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Инчунин фонди умумии китобҳои электронӣ , 4 885109 нусха буда, ки аз ин шумора 3342156 нусха дар Китобхонаи миллӣ , 900 нусха дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи М.Миршакар, 94729 нусха дар китобхонаҳои давлатӣ -оммавӣ дар шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ , 1 447324 нусха дар китобхонаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимӣ , аз ин шумора 725692 харидашуда, ки аз ин шумора 22156 нусха дар Китобхонаи миллӣ , 5537 нусха дар китобхонаҳои давлатӣ -оммавӣ дар шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ , 697999 нусха дар китобхонаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимӣ , 4159417 нусхашуда (сканер) китобҳои электронӣ , ки аз ин шумора 3320000 нусха дар Китобхонаи миллӣ , 900 нусха дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи М.Миршакар, 89192 нусха дар китобхонаҳои давлатӣ -оммавӣ дар шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ , 749325 нусха дар китобхонаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимӣ мавҷуданд.
Аз шумораи умумии Китобхонаҳои давлатӣ -оммавӣ дар шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 266 адад таъмирталаб, 53 адад садамавӣ , 47 адад навбунёд ва 44 адад сохтмони ба нақ ша гирифташуда мебошад. Инчунин, 104 китобхона дар хонаҳои шахсӣ , 229 адад дар бинои мактаб, 18 адад дар вагон, 55 адад дар бунгоҳи тиббӣ , 267 адад дар бинои ҷамоат ва 165 адад дар ташкилоту муассисаҳо ҷойгиранд.
Дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ 153 адад китобхона амал мекунад, ки аз ин 117 адад бо Ҷумҳурии Афғ онистон, 16 адад бо Ҷумҳурии Қ ирғ изистон, 27 адад бо Ҷумҳурии Ўзбекистон ва 4 адад бо Ҷумҳурии халқ ии Хитой ҳамсарҳад мебошанд, ки масоҳати бино 7765 м2, вазъи бино 69 адад дар ҳолати хуб, 4 адад таъмирталаб ва 1 адад садамавӣ . Фонди умумии китобхонаҳо 1029671 нусха буда, аз ин шумора 379496 нусха ба забони тоҷикӣ ва 650175 нусха ба дигар забонҳо мебошанд.
Дар миқ ёси ҷумҳурӣ 96 китобхонаи шахсӣ амал мекунад. Фонди умумиашон 221782 нусха буда, аз ин шумора 151703 нусха ба забони тоҷикӣ , 52230 нусха ба забони русӣ ва 11048 нусха ба дигар забонҳо мебошад. Инчунин, 4150 нусха китобҳои электронӣ мавҷуданд. Бо маълумоти олии умумӣ 61нафар, олии соҳавӣ 9 нафар, миёнаи соҳавӣ 7 нафар, миёнаи умумӣ 5 нафар фаъолият доранд.
Бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнвораҳо дар китобхонаҳо дар давраи ҳисоботӣ даҳҳо конференсияи хонандагон, намоиши китобӣ , суҳбату вохўриҳо, қ ироати шеър, хониши баланд, субҳи адабӣ , семинарҳои омўзишӣ , озмунҳо ва мизҳои мудаввар бахшида ба ҷашну идҳо, зодрўзи адибон, тарғ иби Паёми Пешвои миллат ва иҷрои қ онунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуданд.
Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ”-и шаҳри Панҷакент дар ин муддат чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ ва илмӣ -маърифатиро доир намуд.
Меҳмонони хориҷӣ аз мамлакатҳои Япония, Олмон, Корея, Эрон, Англия ва ғ айра пас аз боздид ҷиҳати сатҳи касбии экспозитсионӣ ва ороишӣ , дизайни толорҳо ва хизматрасонии кормандон дар китоби қ айди таассуроту хотирот изҳори қ аноатмандӣ намуданд.
Дар толори даромадгоҳи осорхона гўшаҳои намоишӣ таҳти унвони “Сада ҷашни аҷдодӣ ”, “Ҳомиёни Ватан”, “Зан сарчашмаи ҳаёт” ,“Наврўз оғ ози соли нави миллӣ ”, “Осорхона ва сайёҳон” бо аксҳои рангоранг, инчунин дар толори табиат гўшаи “Об манбаи ҳаёт” ташкил ва аз нав тарҳрезӣ гардиданд. Дар толорҳои осорхона намоишгоҳҳо аз ҳисоби хазинаи осорхона пурра ва ғ анӣ гардонида шуд.
Дар ҳудуди вилояти Суғ д 2 Осорхонаи ҷумҳуриявӣ , 1 Осорхонаи таърихии вилоят, 9 осорхонаи таърихӣ -кишваршиносӣ фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, 5 осорхонаи шахсӣ дар шаҳри Исфара ва 6 Хона-осорхона дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият доранд.
Дар Фонди осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 112692 адад нигораҳо мавҷуд буда, онҳоро 23849 нафар тамошобинон дидан намуданд.
Дар ин давра аз Осорхонаи таърихии вилоят 3548 нафар дидан ба амал оварданд, ки аз онҳо 1048 нафарашро хориҷиён ташкил медиҳанд. Аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 717 нафар тамошобинон дидан карданд. Аз Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нўъмон Неъматов 769 нафар сокинон дидан намуда, ба 557 нафар тамошобинон 149 сайри илмии умумӣ гузаронида шуд.
Дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақ сади ба роҳ мондани рушди сайёҳӣ , тарғ ибу ташвиқ и ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавии сокинони вилоят бахшида ба санаҳои таърихию ҷашнвораҳо конференсия, вохўрӣ , лексия ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Дар осорхонаҳои ҳудуди вилояти Хатлон 27 адад чорабинӣ бо иштироки 1560 нафар ба муносибати “Рўзи Артиши миллӣ ”, “Рўзи Модар”, “Наврўзи байналмилалӣ ” Фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи гесў” доир шуданд.
Дар вилоят 20 адад осорхона бо теъдоди 30973 адад нигораҳо фаъолият доранд, ки аз ин 1 адад осорхонаи таърихӣ -кишваршиносии ноҳияи Шаҳритуз таъмирталаб буда, осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон ва осорхонаи таърихӣ -кишваршиносии ноҳияи Ёвон дар ҳолати садамавӣ қ арор доранд. Дар ноҳияҳои Дўстӣ , Ҷайҳун, Вахш, Кўшониён, Панҷ, Восеъ, Муъминобод, Ш.Шоҳин ва Данғ ара осорхонаҳои таъриху кишваршиносӣ то ҳол таъсис дода нашудааст.
Ба осорхонаи таърихӣ -кишваршиносии ноҳияи Носири Хусрав 4 адад нигораҳои аҳамияти таърихӣ дошта тариқ и ройгон ворид гардид.
Осорхонаи таърихию кишваршиносии ба номи Мирзо Турсунзода дар маркази шаҳри Турсунзода ҷойгир буда, аз 10 бахш, 18 қ исмат ва 1253 нигораҳои таҷассумгари осори ниёгон иборат аст. Инчунин осорхонаи мазкур бо системаи хабардиҳӣ ва камераҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар назди осорхона маҳфилҳои «Нақ қ ошони наврас», «Ҳайкалтарошӣ », «Кулолгарӣ » ва «Кандакорӣ » фаъолият доранд. То ин давра осорхонаро 950 нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ дидан намуданд, ки аз онҳо 156 нафарашонро меҳмонони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғ д 17 ансамбли рақ сӣ бо воҳиди корӣ амал мекунанд.
Дар театрҳои касбию халқ ии вилояти Хатлон 16 намоишнома бо иштироки 4575 нафар доир гардиданд. Ансамблҳои касбии вилоят дар ҷашну чорабиниҳои “Рўзи Артиши миллӣ ”, “Рўзи Модар”, “Наврўзи байналмилалӣ ”, Фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи гесў” ва сафарҳои ҳунарӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Норак, Кўлоб ва Душанбе бо 19 барномаи консертӣ диқ қ ати 19980 нафар иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуданд. Ансамблҳо, филармонияҳо ва театрҳои халқ ии вилоят бо 57 адад чорабиниҳои гуногунмазмун 13437 нафарро фаро гирифтанд.
Ансамбли «Навои Бадахшон» бахшида ба Рўзи Артиши миллӣ барномаи консертӣ омода намуда, дар қ исмҳои низомии сарҳадбонони шаҳри Хоруғ пешкаш намуданд. Дар барномаи консертӣ бахшида ба рўзи Модар, дар барномаи театркунонидашудаи вилоятӣ , ки ба ифтихори ҷашни Наврўз дар ноҳияи Рўшон ва шаҳри Хоруғ доир шуданд, баромад намуданд.
Дастаи ҳунарии эҷодии ҷавонон «Эҳё» бахшида ба Рўзи Артиши миллӣ ва Рўзи Модар барномаи ҷолиби консертӣ таҳия намуда, пешкаши сокинону меҳмонони шаҳри Хоруғ гардониданд.
Ансамбли тарона ва рақ си «Умед»-и ноҳияи Шуғ нон ба сафари ҳунарӣ ба ҷамоати деҳоти Ғ арибшо Шаҳбозов ва М. Ширинҷонов баромада, ба мардум барномаи фарҳангии ҷолиберо пешкаш намуданд.
Театри халқ ии шаҳри Ваҳдат дар ин давра бо саҳнаҳои ҷолиб аз ҳаёти аскарону афсарон, занону духтарон ва намоишномаи театрикунонидашуда таҳти унвони «Корвони ҳунар» баромад намуданд, ки аз тарафи ҳозирин хуб пазироӣ гардид. Ҳунармандон намоишномаи адабиро таҳти унвони «Оқ ибати зўроварӣ дар оила ва ҷомеа» дар таҳияи коргардон Салоҳиддин Шукуров омода намуда, дар ҷамоатҳои деҳоти Чўянгарон, Симиганҷ, шаҳраки Нўъмон Розиқ ва маркази шаҳр манзури тамошобинон гардониданд. Дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷаҳон» ҳамкорӣ идома ёфта, ба суратҳисоби театри халқ ии шаҳр 6400 сомонӣ ворид гардид.
Ансамбли тарона ва рақ си «Баёзи кўҳистон»–и ноҳияи Тоҷикобод дар ин давра хуб фаъолият намуда, дар ҷамоатҳои деҳот 10 консерти идона доир намуданд.
Дар қ аламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 72 адад боғ ҳои фарҳангӣ -фароғ атӣ : аз ин шумора 21 адад дар вилояти Хатлон, 21 адад дар вилояти Суғ д, 2 адад дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, 15 адад дар шаҳри Душанбе ва 13 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавҷуд буда, 1116 нафар кормандон фаъолият доранд. Аз ин шумора 602 нафар занон ва 514 нафар мардон мебошанд.
Дар боғ ҳои мазкур 3081 адад курсиҳои нишаст, 144 адад аттраксион, 202 адад чархофалак, 31 адад лимпопо, 8 адад дастгоҳи тақ вияти овоз, 35 адад нақ лиёти хизматӣ , 18 адад мизи сақ қ о (билиард) мавҷуд аст.
Дар ҳудуди боғ ҳои фарҳангӣ –фароғ атии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ гузаронида шуданд.
Дар 16 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғ д 21 адад Боғ ҳои фарҳангӣ -фароғ атӣ фаъолият мебаранд.
Дар вилояти Хатлон 22 боғ и фарҳангӣ -фароғ атӣ ба шаҳрвандон хизмат расонда, азнавсозӣ ва бунёди 5 боғ у гулгашт дар шаҳри Кўлоб идома дорад.
Моҳи марти соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бўстон, Гулистон, Бобоҷон Ғ афуров ва Спитамен Қ асрҳои фарҳанг, китобхона, осорхонаи таърихӣ , мактаби мусиқ ии бачагона бунёд гардида, бо иштироки Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қ арор дода шуданд.
Дар ноҳияҳои Ховалинг, Ёвон, Балҷувон, Муъминобод, Айнӣ , Кўҳистони Мастчоҳ, Роштқ алъа, Шуғ нон, Дарвоз, Ишкошим, Мурғ об, Ванҷ, Лахш, Нуробод то ҳанўз боғ ҳои фарҳангӣ -фароғ атӣ бунёд нагардидаанд.

III. ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТИ ДАВРӢ

Муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра бо назардошти китобҳои дарсии нашрнамудаи ҶСШК “Матбуот” дар маҷмўъ 9 номгўй китоб, бо теъдоди 156500 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ -оммавӣ ба табъ расонданд. 
Муассисаи нашриявии “Адиб” аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ду номгўй — Сафар Амирхон «Пайғ ом», Равшан Раҳмонӣ «Наврўз дар Ўзбекистон» бо теъдоди 2000 нусха, бо маблағ и 37000 сомонӣ ва бо тамғ аи нашриёт чор номгўй – Файзи Ашўр «Аз ёдҳо бар ёдҳо», Бахтиёр Муртазо «Истиқ лол тунели», Давлат Алӣ «Решаи қ алам», Аламхон Кўчаров «Аламдор» бо теъдоди 1500 нусха нашр гардида, ба Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» ва дигар корхонаҳову ашхоси инфиродӣ ба тариқ и шартномавӣ ба маблағ и 9000 сомонӣ ва ба тариқ и нақ дӣ 16983,40 сомонӣ китоб ба фурўш баровард.
Дар давраи мазкур 148 номгўй китоб бо теъдоди 437 нусха, ки маблағ и умумиашон 10144,74 сомониро ташкил медиҳад, ба тариқ и ройгон ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқ ии демократии Тоҷикистон, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тоҷик ва дигар мақ омот супорида шуданд. Инчунин кормандони нашриёт дар бисёр чорабиниҳо, аз ҷумла ҷашни Сада ва дигар чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва шаҳр иштироки фаъол доштанд.
Дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» бошад китобҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Независимость Таджикистана и возрождение нации» (бо забони русӣ ) ҷилди 16 бо теъдоди 1000 нусха, «Независимость Таджикистана и возрождение нации» (бо забони русӣ ) ҷилди 17 бо теъдоди 1000 нусха, «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» китобҳои I-IV, (бо забони тоҷикӣ ) бо теъдоди 1000 нусха, «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» китобҳои I-IV, (бо забони русӣ ) бо теъдоди 1000 нусха чоп кардааст.
Дар ин муддат муассиса аз ҳисоби додани тамғ а (гриф ва рақ амҳои ISBN) ба китобҳо, ки миқ дори умумии 41 адад мебошад, маблағ и 5035 сомонӣ даромад ба даст овардааст. Инчунин 169 нусха китобро ба маблағ и 5779,98 сомонӣ ба таври ройгон додааст. Дар анбори муассиса 23868 адад китоб ба маблағ и 923333,64 сомонӣ мавҷуд аст.
Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» аз ҳисоби Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷиистон чопи китобҳои бачагонаро ба роҳ монда, то имрўз 35 номгўй китобро, ба маблағ и 140 ҳазору 927 сомонӣ , дар ҳаҷми 39000 нусха истеҳсол намудааст.
Дар ҷамбастии семоҳаи аввали соли 2019 бақ ияи анбори китоб 35 ҳазору 345 нусха китобро ё ба маблағ и 330 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад.
Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик” дар давоми 3 моҳи аввали соли 2019 асосан ба тадвину таҳрир ва тасҳеҳи мақ олаҳои «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ҷилди 8 (бо ҳарфҳои «И» ва «К» оғ озшаванда), «Донишномаи Фарҳанги мардуми тоҷик» ҷилди 3 (Наврўз ва ҷашнҳои дигар), «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ҷилди 4 (таъомҳои миллӣ ) ва «Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои асри 21» машғ ул мебошад.
Рўзи 18 марти соли 2019 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилди 3-и «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» мавсум ба «Наврўз ва ҷашнҳои дигар» бо иштироки аҳли фарҳанг рўнамоӣ шуд. Дар давраи ҳисоботӣ ҷилди 6-и «Энсиклопедияи миллии тоҷик» нашр шуд. Инчунин дар доираи татбиқ и «Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғ айримоддии халқ и тоҷик барои солҳои 2013–2020» таҳия ва чопи тақ вими рангаи «Ёдгориҳои Саразм ва Ҳулбук» ба анҷом расида, китоби «Ҳунармандии Хатлон дар замони Сомониён» (муаллиф Хоҷаев Ш.) нашр гардид.
Аз КВДТС “Китоб” дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба бахши фарҳанги Хуросон, бахши фарҳанги Файзобод, бахши фарҳанги Гулистон, бахши фарҳанги Ванҷ ва мағ озаи фурўши китоби №1 ба маблағ и умумии 21585 сомонӣ китоб харидорӣ гардидааст.
Ташкили намоиш ва фурўши китобҳо, ки самти дигари фаъолияти корхона буда, дар ду чорабинии Иттифоқ и нависандагон, Рўзи Артиши миллӣ , дар конфронс ва тадбирҳои фарҳангии ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва дар намоиш ва фурўши китоб дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ширкат варзид.
Ба бойгонии Муассисаи давлатии “Агентии миллии СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон” дар семоҳаи аввали соли 2019 зиёда аз 334 нусха китоб, 891 нусха рўзнома, 72 нусха маҷалла ва 124 нусхаи фишурдаи [автореферати] рисолаҳои илмӣ ворид гардид, ки таҳлилу коркарди библиографии матни онҳо барои ворид намудан ба феҳристи ҷории давлатии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома дорад. Кормандони муассиса ба зиёда аз 130 матбааву нашриётҳо, редаксияи маҷаллаву рўзномаҳо, донишкадаву донишгоҳҳо, мағ оза ва дўконҳои фурўши китоб ҳамкориҳо ба роҳ мондааст.
ҶСК “Матбуот” тибқ и ду фармоиш бо теъдоди 150000 нусха китобро ба маблағ и 140,0 ҳазор сомонӣ интишор намудааст.
Аз ибтидои соли равон шумораҳои рўзномаю маҷаллаҳои соҳавии Вазорати фарҳанг – «Тоҷикистон», «Фирўза», «Истиқ бол», «Илм ва ҳаёт», «Чашма», «Хорпуштак», «Баҳори Аҷам» ва «Анбоз» дар муҳлатҳои пешбинишуда нашр шуданд. Хабару мақ олаҳои дар ин нашрияҳо батабърасида ба тарғ ибу ташвиқ и сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимтарин масоили фарҳангӣ , худшиносии миллӣ , баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон ва мубориза алайҳи зуҳуроти нангини ҷомеа, амсоли ришвахорию ришваситонӣ , нашъамандию нашъаҷаллобӣ нигаронида шудаанд.

IV. ҲИФЗИ ҲУҚ УҚ И МУАЛЛИФ ВА ҲУҚ УҚ ҲОИ ВОБАСТА БА ОН

Соҳаи ҳуқ уқ и муаллиф фаъолияти худро бештар ба татбиқ и қ онуну қ арорҳои соҳавӣ , таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқ уқ ӣ , таҳкими муносибатҳои корӣ бо вазорату муассисаҳое, ки бо объектҳои ҳуқ уқ и муаллиф сару кор мегиранд, таҳияи маводҳои аҳдномаҳои байналмилалӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи соҳавӣ , равона сохт.
Нақ шаи кори вазорат оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ба Шўрои миллии ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ ва посух ба саволномаи Котиботи созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) вобаста ба масъалаи ҳуқ уқ и муаллиф ба Вазорати рушди иқ тисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Ҷиҳати иҷрои муқ аррароти қ арори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ дар Интернет-портали муттаҳидаи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020, Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020» аз 23 декабри соли 2014, №762 тасдиқ шудааст, маълумот ба мақ омоти дахлдор пешниҳод шуд.
Бо мақ сади ҳимояи манфиатҳои шахсони нобино ва онҳое, ки қ обилияти маҳдуди биноиш доранд ва мутобиқ намудани қ онунгузории соҳаи ҳуқ уқ и муаллиф ба санадҳои ҳуқ уқ ии байналмилалӣ намояндаи вазорат 27 феврали соли 2019 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҳузури Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева ба Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) санади ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида ё дигар қ обилияти маҳдуди қ абул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда»- ро супорид.
Ҳамчунин дар давраи сипаригардида кормандони вазорат зиёда аз 52 адад лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқ уқ иро баррасӣ намуда, хулосаҳои ҳуқ уқ ӣ доданд.
Бо мақ сади ҳифзи манфиатҳои амволии муаллифон, мутобиқ и низомнома ва ўҳдадориҳои соҳавӣ дар семоҳаи аввали соли 2019 аз ташкилоту муассисаҳое, ки асарҳои муаллифонро истифода менамоянд ба маблағ и 37900 сомонӣ ҳақ қ и қ алам ҷамъ оварда шуд. Аз ҳисоби маблағ ҳои ҷамъовардашуда ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (ФҲИА) (1% ва 25%) 6740,24 сомонӣ , андоз аз даромад (13%) 3370,12 сомонӣ , андоз ба Вазорати молия (10%) 3790, (5%) барои захираҳои иловагии молиявӣ 1705 сомонӣ ва ба муаллифон ба маблағ и 22138 сомонӣ пардохта мешавад.

V. ИЛМ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Бо мақ сади ба роҳ мондани низоми ягонаи тайёр намудани мутахассисони соҳа, ташаккули низоми устувори такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои соҳа, баланд бардоштани самаранокии таҳсилот дар соҳаи фарҳанг ва санъат ва дар асоси «Барномаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» Нақ шаи чорабиниҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 таҳия гардид. 
Комиссия оид ба қ абули имтиҳонҳои довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳангии Федератсияи Россия тавассути Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) 58 нафар барои фиристодан ба хориҷи кишвар номнавис шуда, аввалин имтиҳонро аз фанни забони русӣ супориданд.
Дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода сессияи зимистонаи соли хониши ҷорӣ тибқ и санадҳои меъёрии муқ аррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳарду низоми таҳсил (анъанавӣ ва кредитӣ ) ташкил ва баргузор карда шуд. Дар сессияи санҷишу имтиҳонҳои зимистонаи соли хониши 2018-2019 дар донишкада тибқ и талаботҳои меъёрии баргузории сессияи имтиҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва гузаронда шуда, фоизи азхудкунии даври фаъоли сессия 68,61%-ро ташкил дод ва аз баргузор гардидани даври иловагии сессияи имтиҳонӣ фоизи азхудкунӣ ба 95,93% расид.
28 январи соли 2019 дар ҷаласаи Шўрои олимони донишкада ҳисоботи ноиби ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти илмӣ -тадқ иқ отӣ , илмӣ -методӣ ва робитаҳои байналмилалӣ дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2019” шунида шуда, фаъолияти яксолаи соҳаи илм ва робитаҳои байналмилалӣ натиҷагирӣ шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта нақ шаҳои мушаххас пешниҳод гардиданд. Дар семоҳаи аввал дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Католикӣ дар Рузомбероки Ҷумҳурии Словакия таҳия ва ба имзо расонда шуд.
Аз 11 то 15 марти соли равон дар донишкада бахшида ба ҷашни 100-солагии Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов «Рўзҳои ДДУК (ВГИК) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Созишномаи ҳамкорӣ байни ду донишкада ба имзо расонда шуд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ барои тақ вият бахшидани самти бойгонишиносӣ ва рушди осорхонаҳо лоиҳаи илмӣ таҳти унвони “Рушди фарҳанги Авруосиё дар ҳамкории донишгоҳҳо бо осорхонаҳо” таҳия ва барои мувофиқ а равона карда шуд. Лоиҳаи мазкур миёни донишкада дар ҳамкорӣ бо Фаронса таҳия гардидааст.
Аз 7 то 20 феврали соли 2019 тибқ и мактуби даъватии Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамим Худоёров, донишҷўи курси 5-уми факултети мусиқ ӣ -омўзгорӣ , барои ҳунарнамоӣ ва иштирок дар фестивали “Сураҷкунд Мела” ба ин кишвар ва аз 12 то 22 феврали соли равон тибқ и мактуби дархостии ҶДММ “Абдулло Медиа” Азиз Додобоев, донишҷўи курси 2-юми факултети фарҳангшиносӣ барои такмил додани маҳорати операторӣ ба Ҷумҳурии Мисри Араб фиристода шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов сохторҳои асосии таълимӣ -эҷодӣ – оркестри симфонӣ , оркестри созҳои миллӣ , ансамбли эстрадӣ , студияи операвӣ , ансамбли мақ омхонӣ , ансамбли фалакхонӣ фаъолияти эҷодии хешро пурзўр гардониданд.
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2019 фаъолияти худро бо мақ сади амалӣ намудани нақ шаҳои корӣ ва раванди таълим роҳандозӣ менамояд. Дар донишкада се факултет ва 7 кафедра фаъолият дошта, раванди таълим дар зинаи бакалавриат ва магистратура ҷараён дорад. Таъкид намудан бамаврид аст, ки раванди қ абули имтиҳонот дар сессияи зимистона (аз фанҳое, ки тариқ и назариявӣ мегузаранд) пурра тавассути компютер сурат гирифт. Натиҷаи сессияи ҷамъбастии нимсолаи якуми соли таҳсили 2018-2019 (98,5) нисбат ба сессияи ҷамъбастии нимсолаи якуми соли таҳсили 2017-2018 (98,6%) бе тағ йироти назаррас (-0,1%) натиҷагирӣ карда шудааст.
30 марти соли 2019 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврўз ва рўзи таъсисёбии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши мўди либос таҳти унвони «Аз Наврўз то Наврўз» баргузор гардид.
Пажўҳишгоҳи илмӣ -тадқ иқ отии фарҳанг ва иттилоот бо қ арори Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ аз 27 феврали соли 2019, №7 аз аккредитатсияи давлатӣ бомуваффақ ият гузашт.
Дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 36 кори илмӣ , пажўҳишӣ , тадқ иқ отӣ ва методӣ , аз ҷумла 4 китобу дастур, 21 мақ олаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар нашрияҳои даврӣ ва 11 мақ ола дар сомонаи интернетӣ ба табъ расиданд. Иловатан, 30 мақ ола доир ба фарҳангу ҳунар, воситаҳои ахбори омма, фарҳанги ғ айримоддӣ ба саҳифаи тоҷикии Донишномаи озоди электронӣ – Википедия (tg.wikipedia.org) ворид карда шуд. Ҳамчунин, бо мусоидати олимони пажўҳишгоҳ 4 чорабинии илмӣ , аз қ абили конфронсу мизҳои мудаввар баргузор гардида, ходимони илмии пажўҳишгоҳ дар 12 ҳамоиши илмӣ , конференсия ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва бо маърўзаҳои илмӣ баромад карданд.
Ҳамкориҳои илмии ПИТФИ дар самти ташкилу баргузории конференсияву семинарҳо, мубодилаи афкор, таҷрибаомўзӣ , тайёрнамоии кадрҳо, таҳияю пешниҳоди номинатсияҳо, таблиғ и фарҳанги миллӣ , нашри маҷмўаҳои илмӣ , китобу рисолаҳо бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Иттифоқ и композиторони Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Иттифоқ и рассомони Тоҷикистон, Иттифоқ и нависандагони Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ , Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо мунтазам идома ёфт.
Дар Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқ улов дар давраи ҳисоботӣ аз рўи нақ шаҳои таълимӣ , нақ шаи раванди таълим, барномаҳои корӣ , тематикаи мавзўъҳо аз нав дида баромада шуд. Дар соли таҳсили 2018 - 2019 фаъолияти таълимӣ аз рўи стандарти нав ва барномаҳои ба он мувофиқ амалӣ гардонида шуда истодаанд.
Оид ба баланд бардоштани сифати таълим ва донишазхудкунии донишҷўён дар шуъбаҳои коллеҷ мониторингу консертҳои синфӣ , имтиҳонҳои техникӣ ва консертҳои академӣ гузаронида мешаванд. Санҷишу имтиҳонот аз рўи ҷадвалҳои имтиҳонии тасдиқ шудаи қ исми таълим ва билетҳои тасдиқ шуда дар асоси нақ шаи раванди таълим, сессияи имтиҳонии зимистона аз 05.01.2019 то 15.01.2019 гузаронида шуд.
Дар сессияи зимистонаи Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кўлоб ба номи Кароматулло Курбонов 318 нафар донишҷў иштирок намуданд. Аз инҳо дар шуъбаҳои рўзона 144 нафар ва дар шуъбаи ғ оибона 174 нафар донишҷў сессияро бомуваффақ ият супориданд. Аз оғ ози соли хониши имсола коллеҷ ба низоми кредитӣ гузашт. То имрўз аллакай донишҷўён се маротиба дар нимсолаи аввал ду рейтинг ва дар нимсолаи дуюм айни замон як рейтинг супориданд.
Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М. Собирова омўзгорону донишҷўён сессияи зимистонаро бо муваффақ ият ҷамъбаст намуданд. Аз шумораи умумии 101 нафар донишҷў 98 донишҷў ба сессияи санҷишию имтиҳонотии зимистона роҳ дода шуда, 98 нафар донишҷў сессияро бомуваффақ ият ҷамъбаст намудаанд. Дар се моҳи соли аввали 2019 хонандагону донишҷўёни шуъбаи рақ си классикӣ дар муассисаи давлатии Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар намоишҳои ”Маликаи барфин”, “Шелкунчик”, “Хонаи гурба”, “Дон Кихот”, “Рўдакӣ ”, “Шоми балет”, “Шоми оперетта”, “Фавораи боғ часарой”, “Шайхураис Абуали Ибни Сино”, “Қ ишлоқ и тиллоӣ ”, “Дугонаҳо”, “Золушка” ва “Жизель” иштирок карданд. Инчунин донишҷўёни шуъбаҳои рақ си эстрадӣ ва халқ ӣ дар тамоми чорабиниҳои давлатӣ , ки бахшида ба ҷашнҳои миллӣ , аз тарафи ансамблҳои рақ сии “Лола”, “Гулрез” ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев аз қ абили ҷашни Соли нав, Рўзи Артиши миллӣ , Рўзи Модарон барномаи консертии “ Иди Наврўзӣ ”-2019 ва карнавали “Наврузӣ ” дар майдони И.Сомонӣ иштирок намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар сохтори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Буйдоқ ов пурра тағ йирот ворид карда шуд. Дар баробари воҳидҳои кории амалкунанда дар сохтори таълимгоҳ декан ва се кафедра, аз ҷумла кафедраи фанҳои гуманитарӣ , табиию риёзӣ , кафедраи фанҳои таълими мусиқ ӣ , эҷодиёти халқ (фолклор) ва менеҷмент (соҳавӣ ), кафедраи фанҳои рўзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ таъсис дода шуд.
Дар ин давра барои хонандагони литсейи назди коллеҷ, ки аз рўи барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо равияи умумӣ таълим мегиранд ва донишҷўёни шуъбаҳои рўзона: Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ , рўзноманигорӣ , таълими мусиқ ӣ , эҷодиёти бадеии халқ (фолклор), менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ даври ҷамъбасти санҷишҳо ба итмом расонида шуд.
Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов, ки аз рўи 11 ихтисос таълим ба роҳ монда шудааст, донишҷўён барномаи таълимиро дар ҳамаи ихтисосҳо бо баҳои хубу миёна ҷамъбаст намуданд. Комиссияи идрорпулии донишҷўёни коллеҷ аз рўи Низомномаи таҳсилоти миёнаи касбӣ амал карда донишҷўёне, ки сессияи санҷишу имтиҳонҳои мавсими зимистонаро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намуданд, 10 нафар бо идрорпулии аъло, 108 нафар ба идрорпулии муқ аррарӣ сазовор гардиданд.
12 январ дар байни омўзгорони коллеҷ семинар дар мавзўи «Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷалби васеи истеъдодҳои ҷавон ба омўзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодию техникӣ доир гардид.

VI. ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Вобаста ба татбиқ и нишондоди Паём дар давоми семоҳаи якуми соли 2019 лоиҳаи қ арори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ » дар мувофиқ а бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. 
Ҳамчунин, ҷиҳати тарғ иби сазовори ёдгориҳои мазкур тавассути васоити ахбори омма 7 гузориш ва тақ вими рангаи «Саразм-Ҳулбук-2019» ва китоби «Санъати ҳунармандии Хатлон дар давраи Сомониён» омодаи чоп гардиданд.
Вобаста ба тарғ иби ёдгориҳои таърихию фарҳангии мероси ғ айриманқ ул тавассути васоити ахбори омма намоишу гузоришҳо, 1 мақ ола ва 1 тақ риз ба рисолаи илмӣ пешниҳод шуда, дар асоси мактубу аризаҳои шахсони ҳуқ уқ ию воқ еӣ дар маҷмуъ 27 ташхисҳои тахассусӣ ҷиҳати муайян намудани арзиши таърихию фарҳангии маводҳои пешниҳодгардида анҷом дода шуданд.
Корҳои тармим ва барқ арорсозӣ дар ёдгории меъмории «Қ асри Ҳоким»-и шаҳри Ҳисор тибқ и лоиҳаи «Барқ арорнамоии ёдгориҳои шаҳри Ҳисор вобаста ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор» амалӣ гардида, корҳои азнавсозӣ идома доранд.
Дар муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор дар давраи ҳисоботӣ 6537 нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ таш-риф оварданд. Вобаста ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди муассиса 6397 адад дарахту буттаҳо ва гулҳои ороишӣ шинонда шуд.
Дар маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрўд дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо аъзоёни фаъоли китобхона ба ифтихори ҷашну санаҳои таърихӣ як қ атор чорабиниҳои адабию фарҳангӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, вобаста ба рўзи Артиши Миллӣ , Рўзи Модарон, Ҷашни байналмилалии Наврўз базмҳои шеъру тарона, конференсияи илмию адабӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таъкил карда шуданд. Дар доираи таҷлили навбатии ҷашни Наврўзи фархундапай як маҳфили бонуфуз таҳти унвони «Тоҷикистон ватани Наврўз аст» баргузор карда шуд.
Кормандони муассиса 8 сайрҳои осорхонавӣ барпо намуда, ҷашнҳои миллию давлатиро дар сатҳи арзанда ҷашн гирифтанд. Бахшида ба соли «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ » эълон гардидани солҳои 2019-2021, инчунин таҷлили ҷашни Наврўз маъмурияти муассиса рўзи 16.03.2019. чорабинии фарҳангиро бо ҷалби ҳунармандони моҳир баргузор намуда, буклет ва маводҳои тарғ иби фарҳангиро омода ва нашр намуданд. Вобаста ба корҳои ободкорӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди иншооти дар тавозуни муассиса қ арордошта 616 адад дарахту буттаҳои сояафкан ва гулҳои ороишӣ шинонда шуд.
Дар муассисаи давлатии “Осорхона-мамнўъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ” шумораи умумии нигораҳои муассиса ба 2097 адад расонида шудаст, ки аз ин миқ дор 1597 адад нигораҳои асосӣ ва 500 адади дигар нигораҳои ёрирасон мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ 45 адад нигораҳои нав дарёфт ва харидорӣ карда шуданд. Ҷиҳати корҳои ободонӣ дар ҳудуди осорхона 350 адад дарахтони сояафкан ва гулбуттаҳо шинонида шуданд.

VII. РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Вазорати фарҳанг дар семоҳаи аввали соли 2019 мувофиқ и нақ шаи корӣ дар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ тадбирҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Бо дарназардошти баргузор намудани Рўзҳои фарҳанг дар соли 2019 таърихи мушаххаси Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ , Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қ азоқ истон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (Шарҷа), инчунин, Рўзҳои фарҳанги Давлати Қ атар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мукотибаи расмӣ ва розигии тарафайн муайян карда шуда, айни замон зимни иҷозату ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи шоиста гузаронидани чорабиниҳои номбурда корҳои омодагӣ идома доранд.
Дар ин давра мутахассисон дар ҷаласаҳои гурўҳҳои кории комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукуматҳои Ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Россия, Туркия, Ўзбекистон, Афғ онистон ва Беларус иштирок намуда, бобати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ба протоколҳои ҷаласаҳои номбурда пешниҳодҳои мушаххас ворид карда шуданд.
Барои таҳким додани муносибатҳои фарҳангӣ бо хориҷи кишвар 10 нафар ҳунармандон таҳти роҳбарии сармутахассиси шуъба дар Фестивали 33-уми байналмилалии “Сураҷкунд мелла”, ки моҳи феврал дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар ин муддат вохўрии роҳбарияти вазорат бо сафирони Ҷумҳуриҳои Полша, Эрон, Италия, Афғ онистон, Мисри Араб, Кордори Сафорати Корея ва Роҳбарияти Бонки чаҳонӣ , роҳбарияти намояндагии “Россотрудничество” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбарияти Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематографияи ба номи А.С. Герасимов, муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия баргузор гардиданд.

VIII. СИЁСАТИ КАДРӢ

Вазорат фаъолияти кадрӣ ва корҳои махсусро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ арори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.12 2006, №604, Низомномаи шуъба, санадҳои меъёрию ҳуқ уқ ӣ , фармоишҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар нақ шаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда аст.
Дар давраи ҳисоботӣ оид ба иҷрои банди 60-и Нақ шаи чорабиниҳои татбиқ и “Стратегияи муқ овимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020”, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 қ абул гардидааст, корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.
Ҷиҳати иҷрои банди 60 Нақ шаи мазкур бо фармоиши вазир аз 16.06.2017, №160 Кодекси одоби касбии соҳавии хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии вазорат тасдиқ гардида, дар сомонаи Вазорати фарҳанг www.vfarhang.tj матни он ҷойгир шудааст.
Ҷиҳати татбиқ и иҷрои Нақ шаи зикргардида, дар се моҳи соли равон 4 нафар кормандони дастгоҳи марказии вазорат барои баланд бардоштани дараҷаи тахассусии хизматчиёни давлатӣ аз рўи барномаҳои «Асосҳои ҳуқ уқ и хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандартҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқ уқ и инсон» ва «Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омўзишҳои кўтоҳмуддатро ба анҷом расонидаанд.

IX. СОХТМОНҲОИ АСОСӢ

Тибқ и Қ арори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №594 аз 29.12.2018 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» барои иншоотҳои сохташавандаи вазорат аз ҳисоби маблағ гузории мутамарказ 2 млн. 400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Маблағ и зикргардида мутобиқ и нақ шаи дурнамои сохтмони асосӣ ба иншоотҳои зерин тақ сим гардид: барои давом додани сохтмони Қ асри фарҳанги ноҳияи Нуробод – 900 ҳазор сомонӣ , сохтмони Қ асри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳринав – 900 ҳазор сомонӣ , сохтмони Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ – 520 ҳазор сомонӣ ва барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмони иншооти солҳои оянда – 80 ҳазор сомонӣ . Номгўи иншоотҳо бо Вазорати рушди иқ тисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ а гардида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кушодани маблағ гузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Дар моҳи феврали соли ҷорӣ дархостҳои тендерӣ барои муайян намудани пудратчиёни сохтмони иншоотҳои зикргардида ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, айни замон озмуни интихоби пудратчии сохтмони Қ асри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав гузаронида шуда, барои оғ ози корҳо ба пудратчӣ маблағ и муайян пешпардохт шудааст. Айни ҳол озмуни интихоби пудратчиҳои сохтмони Қ асри фарҳанги ноҳияи Нуробод ва Маркази фарҳанги деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ амалӣ шуда истодаанд, ба ин мақ сад ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.
Дар се моҳи аввали сол меҳмонхонаи «Фарҳанг» аз ҳисоби қ абули мизоҷон маблағ и муайянеро даромад кардаст. Маблағ и зикргардида барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ , андозҳо, музди меҳнати кормандон ва харидани амволи зарурӣ хароҷот шудааст. Инчунин, кормандони меҳмонхона шанбегиҳо гузаронида, якчанд дарахтҳои сояафкан, миқ дори зиёди гулҳои ҳархела шинонидаанд ва корҳои ободониву кабудизоркунии атрофи бино идома доранд.
Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош» дар ҳамин давра 82 адад асбобҳои мусиқ ӣ истеҳсол намудааст. Вазорат дар доираи маблағ гузориаш аз корхонаи мазкур ба якчанд ташкилотҳо ва бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ройгон як ҷузви асбобҳои мусиқ ии миллиро ҷудо намуда буд.

X. АУДИТИ ДОХИЛӢ

Дар семоҳаи аввали соли 2019 мутахассисони аудити дохилӣ мувофиқ и нақ ша, ҷиҳати назорати истифодаи мақ садноки маблағ ҳои буҷетӣ дар 2 муассисаи зертобеъ, аз ҷумла дар як муассисаи театрӣ ва як муассисаи нашриявӣ , вобаста ба мувофиқ ати хароҷоти маблағ ҳои буҷетӣ , даромадҳои дохилӣ , ҳолати воқ еии ҳисоботҳои муҳосибавӣ таҳлилҳои аудиторӣ гузарониданд.
Ҳангоми гузаронидани таҳлилҳо дар баъзе аз муассисаҳо зарари молиявӣ ошкор гардид, ки қ исми асосии онро рўйпўшкунии андозҳо, бақ ияи маблағ ҳои буҷетии хароҷот нагардида, пардохти зиёди сафари хизматӣ , камомади молу маводи арзишдор ва дигар хароҷотҳои ғ айриқ онунӣ ташкил намуданд.
Дар давраи гузаронидани таҳлилҳои аудиторӣ ба роҳбарон ва шахсони масъули моддӣ ҷиҳати мақ саднок ва самаранок истифодабарии маблағ ҳо, бе асос пардохти иловапулиҳо аз ҳисоби маблағ ҳои буҷетӣ ва даромадҳои дохилӣ , аз меъёр зиёд пардохти сарбориҳо инчунин истифода аз нақ шаи ягонаи ҳисобҳо (НЯҲ) тавсияҳо дода шуд.

XI. КЎМАКҲО

Бо мақ сади ҳифзи тақ вияти иҷтимоӣ дар се моҳи сипаригардида, тибқ и дархосту фармоишҳои ба шуъбаи ҳисоботи муҳосибавӣ ва баҳисобгирӣ воридгардида, ба мактаб-интернати №1-и ноҳияи Лахш барои харидории маводҳои зарурӣ 3000,0 сомонӣ кумак расонида шуд.
Ҳамзамон, дар арафаи ҷашни Рўзи модарон, ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ба собиқ адорони соҳа, шахсони камбизоат ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат 6220,5 сомонӣ кумакҳо расонида шуд.

XII. ТАҲЛИЛ ВА ДУРНАМОИ ИҚ ТИСОДӢ 

Барои ҳамаи соҳаҳои вазорат дар се моҳи соли 2019 – 17676,5 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла: ба соҳаи матбуоти даврӣ ва нашриёт – 898,5 ҳазор сомонӣ , муассисаҳои таълимӣ – 7432,7 ҳазор сомонӣ , соҳаи фарҳанг ва санъат – 8389,0 ҳазор сомонӣ , дастгоҳи марказӣ – 429,3 ҳазор сомонӣ ва сохтмони асосӣ – 527,0 ҳазор сомонӣ .

Буҷети Вазорати фарҳанг дар се моҳи соли 2019
ва иҷрои он дар муқ оиса бо ҳамин давраи соли 2018

Соҳаҳо Нақ ша Ҳақ иқ ӣ Таносуби иҷро
Тасдиқ шуда Иҷрошуда Маблағ и истифода-нашуда %
2018 2019 2018 2019
2018 2019 2018 2019
1 2 3 4 5
Матбуоти даврӣ ва нашриёт 779,7 898,5 779,7 898,5 0 0 100 100
Муассисаҳои таълимӣ 5796,0 7432,7 4746,5 6198,7 1049,5 1234,0 81,9 83,4
Муассисаҳои фарҳанг ва санъат 7 481,4 8389,0 6335,4 7016,1 1146,0 1372,9 84,7 83,6
Дастгоҳи марказӣ 419,4 429,3 258,0 371,2 161,4 58,1 61,5 86,4
Сохтмони асосӣ 242,0 527,0 0 0 242,0 527,0
Ҳамагӣ 14 718,5
17676,5
12119,6
14484,5 2598,9
3192,0 82,3 81,9

Дар се моҳи соли ҷорӣ барои ташкилоту муассисаҳои тобеъ ба воситаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 14484,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 81,9%-и нақ шаро ташкил медиҳад, аз ҷумла ба матбуоти даврӣ ва нашриёт – 898,5 ҳазор сомонӣ ё 100%, муассисаҳои таълимӣ – 6198,7 ҳазор сомонӣ ё 83,4%, соҳаи фарҳанг ва санъат – 7016,1 ҳазор сомонӣ ё 83,6 %, дастгоҳи марказӣ – 371,2 ҳазор сомонӣ ё 86,4% ҷудо гардидааст.
Умуман, дар миқ ёси вазорат дар семоҳаи аввали соли 2019 ҳамагӣ маблағ и 3192,0 ҳазор сомонӣ ҷудо карда нашудааст, ки қ исман аз чунин моддаҳо иборат мебошад; харидории таҷҳизот, таъмир ва ғ айраҳо.
Дар се моҳи соли 2019 – 10 номгўи китобҳо ба теъдоди умумии 39,6 ҳазор нусха чоп шуда, маблағ и фурўши китобҳо 62,1 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар давраи ҳисоботӣ 15 шумора маҷалла бо теъдоди 20,1 ҳазор ва 16 шумора рўзнома бо теъдоди 12,2 ҳазор чоп гардида, маблағ и фурўши онҳо 113,9 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Шумораи чорабиниҳои фарҳангию фароғ атӣ дар се моҳи аввали соли 2019 – 52,9% иҷро шудааст (мувофиқ и нақ ша – 337 адад, ҳақ иқ ӣ – 277 адад), шумораи тамошобинон – 68,0% (мувофиқ и нақ ша – 89,9 ҳазор нафар, ҳақ иқ ӣ – 61,1 ҳазор нафар), даромад аз фурўши чипта – 55,3% (нақ ша – 968,2 ҳазор сомонӣ , ҳақ иқ ӣ – 535,8 ҳазор сомонӣ ) ва дигар даромадҳо 47,0% (нақ ша – 400,0 ҳазор сомонӣ , ҳақ иқ ӣ – 188,0 ҳазор сомонӣ )-ро ташкил намуданд.
Ҳамзамон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳисоботҳои омории со-лона, ҳармоҳаи меҳнат ва дурнамои андозҳо барои давраи миёнамуҳлат ба мақ омотҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.

XIII. АСНОДИ РАСМӢ ВА КОРГУЗОРӢ

Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеъ ва хориҷ 1220 адад ҳуҷҷату мактуб ворид гардидаанд, ки 304 ададаш аз Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин миқ дор, 3 адад Қ онуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 адад қ арорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 адад фармон, 3 фармоиш, 4 адад Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 262 адад ҳуҷҷатҳо ва супоришҳои ҳукуматӣ ташкил медиҳанд. 
Аз 304 санад — 87 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 121 адади он иҷро гардида, 96-тоаш мавриди иҷро қ арор дорад. Ҳамзамон, дар ин давра 70 адад арзу шикоят ворид гардидааст, ки 51 адади он иҷро, 19 адад мавриди иҷро қ арор дорад. Аз ҷумла тариқ и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 адад аризаву дархост ворид гардида, аз ин миқ дор 9 адад иҷро гардида, 6 адад мавриди иҷро қ арор дорад. Аз ин миқ дор 6 ариза такроран ворид гардидааст. Инчунин ҳангоми қ абули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият 59 нафар қ абул гардиданд.
Аз дигар идораву ташкилотҳои дохилу хориҷ ба вазорат 916 адад мактуб ворид гардида, аз ин миқ дор 209 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 322 адади он иҷро гардида, 394 адади боқ имондаи он айни замон, дар раёсату шуъбаҳо мавриди таҳлилу омўзиш қ арор доранд. Дар ин радиф вазорат 780 санад омода ва ба унвони мақ омотҳои дахлдор аз ҷумла, 133 адад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 647 адад ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва шаҳрвандони алоҳида пешниҳод намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 2 адад фармон, 45 адад шартнома ва 58 адад фармоиш ба қ айд гирифта шуда, ба ташкилоту идораҳо ирсол гардиданд.
Қ абули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият тибқ и талаботи санадҳои меъёрӣ -ҳуқ уқ ӣ ва ҷадвали тасдиқ гардида ба роҳ монда шудааст.


МУШКИЛОТИ СОҲА ВА ПЕШНИҲОДОТ:

САНЪАТ:
— бо мақ сади таъмини фаъолияти муназзами Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақ сии «Лола» ба номи Ғ . Валаматзода ҳалли масъалаи ба ҷойи дигар кўчонидани муассиса ва таъмини шароити мусоид барои иштироки ҳайати ҳунарӣ дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ ;
— ҳалли саривақ тии вазъи хизматрасонӣ ва эҷодии Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқ ии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт;
— дида баромадани масъалаи маблағ гузорӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ барои таъмир ва ё сохтмони бинои нави Театри давлатии мусиқ ӣ -драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом;
— масъалаи таъмини театрҳо ва муассисаҳои консертӣ бо воситаҳои техникии саҳна аз қ абили воситаҳои рўшноидиҳанда, дастгоҳҳои тақ вияти садо, таҷҳизоти саҳна ва воситаҳои нақ лиётӣ .

ФАРҲАНГ:
— аксари биноҳои муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғ д ва тобеи ҷумҳурӣ таъмирталабанд;
— дар муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғ д ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшони кишвар норасоии нақ лиёти хизматӣ , созҳои миллии мусиқ ӣ , таҷҳизоти компютерӣ , дастгоҳҳои тақ вияти овоз, рафҳои китобмонӣ , мизу курсиҳо, адабиёти тозанашр ба назар мерасанд;
— муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ашт ба устоди рақ с, хормейстер, актёри саҳна, омўзгорони фанҳои навозандагии дойра, пианино ва рубоб ниёз доранд;
— дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ масъалаи таъсиси мактаби бачагонаи мусиқ ӣ то ҳанўз ҳалли худро наёфтааст;
— квотаҳои Президентӣ барои донишкада, консерватория дар мувофиқ а бо бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дода намешаванд;
— ба шабакаи интернет пайваст намудани ҳамаи муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақ озои замон аст;
— муассисаҳои фарҳангӣ сертификати ҳуқ уқ и истифодаи замин ва шиносномаи техникӣ бояд дошта бошанд;
— барои харидории адабиёти тозанашр, мизу курсӣ , рафҳои китобмонӣ , матбуоти даврӣ , созҳои мусиқ ӣ , дастгоҳҳои тақ вияти овоз ва сарулибоси саҳнавӣ , арғ унчаку чархофалакҳо ва дигар таҷҳизоти замонавӣ маблағ и зарурӣ ҷудо гардад;
— дар муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо воҳиди кории нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳисоби азнавтақ симкунии воҳидҳои кории мақ омоти маҳаллӣ ҷудо гардад (қ арори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №53 аз 09.02.2016);
— ҷиҳати бунёди китобхонаҳои электронӣ дар назди китобхонаҳои марказӣ чораҳо андешида шаванд;
— ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва малакаи касбии кормандон бо ҷалби мутахассисони варзида семинарҳои омўзишӣ баргузор гарданд.

ТАБЪУ НАШР ва МАТБУОТ:
— бо мақ сади ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳо ва беҳдошти шароити кор ҳал намудани мушкилоти таъмири муассисаҳои табъу нашр ва матбуот;
— бо техникаи муосири корӣ таъмин намудани идораи муассисаҳои нашриётӣ масъалаи зарур аст;
— бо мақ сади аз усули худмаблағ гузорӣ ба буҷавӣ табдил додани Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” аз дигар дида баромадани сохтори он тақ озои замон аст;
— таъсис додани зеридораи КВДТС “Китоб” дар марказҳои вилоятҳо ва минтақ аҳо мувофиқ и мақ сад мебошад;
— бо ҷалби воҳидҳои корӣ барои омўзиш, коркард, таҳқ иқ у натиҷагирӣ ва пешниҳоди усулҳои нави нигоҳдорӣ , таҳияи стандартҳо, дастурамалҳои меъёриву ҳуқ уқ ӣ , маҷмўаҳо ва маҷаллаҳои илмии Агентии миллии СБРСК — Хонаи китоби Тоҷикистон таъсис додани шуъбаи илмӣ -тадқ иқ отӣ бо номи “Библиографияи тоҷик”.

СОҲАИ ИЛМ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ :

— бо технологияи муосир, асбобу ашёҳо ва дастгоҳҳои зарурӣ , асбобҳои мусиқ ӣ , алалхусус пианино, роял, созҳои зарбӣ (аврупоӣ ), кларнет, труба ва ғ айра таъмин намудани муассисаҳои таълимии соҳои фарҳанг ва санъат; 
— омўзиши таҷриба ва дастовардҳои муассисаҳои фарҳангии хориҷӣ , инчунин роҳандозӣ намудани такмили ихтисоси кормандон ва ходимони илмӣ дар хориҷи кишвар мувофиқи мақсад мебошад;
— таъмин намудани китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ бо адабиётҳо доир ба мусиқ ӣ ва фанҳои умумиҷамъиятӣ ва асарҳои бастакорони тоҷик аз манфиат холӣ намебошад;
— ба роҳ мондани такмили ихтисоси омўзгорон оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассуси омўзгорон дар ҷумҳурӣ ва равона кардани онҳо ба кишварҳои хориҷа хеле зарур аст;
— таъмин намудани китобхонаи муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳо ва китобхонаи электронӣ зарур аст;
— вобаста ба талаботи бозори меҳнат ташкили ихтисосҳои наву замонавии фарҳангу санъат масъалаи рўзмарраи соҳа мебошад;
— маблағ гузорӣ барои мукаммалгардонии нақ ша ва барномаҳои таълимии мактабҳои бачагонаи мусиқ ӣ , санъат ва рассомӣ тақ озои замон мебошад.

ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ:

— таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии суннатӣ , мукаммал гардонидани базаи илмӣ -техникии дар муассисаи Тоҷик МДМЁ;
— бинобар мавҷуд набудани бинои маъмурии Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор тасарруфи ҳудудҳои мамнуъгоҳ ба миён омадааст;
— омўзиши бостоншиносии ҳудудҳои шаҳристон, норасоии оби хоҷагидорӣ ҷиҳати обёрии гулгашти Қ асри Шоҳони Хатлони Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук.
— бо пуррагӣ таҷдид намудани экспозитсияи Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғ ара;
— тармими гумбази мақ бари Устод Рўдакӣ , аз шафати мақ бараи Устод Рўдакӣ берун баровардани обҳои табиӣ дар ҳудуди Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии «Панҷрўд»;
— қ атъиян ҳифз намудани ҳудудҳо ва иншооти Осорхона мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ, таъмини кормандон бо утоқ ҳои корӣ , таъсис ва муҷаҳҳаз намудани фонди муассиса.