Сомонаи пешина | Пш, 20 Июн 2019 | 13:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмуни ҷумҳуриявии “Даргоҳи ҳунар ва маърифат”

Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» ба истиқболи ҷашни 22 - солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва эълон намудани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, мақсад аз баргузории он баланд бардоштани мақому манзалати муассисаҳои клубӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави иҷтимоӣ - фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷўҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳаи фарҳанг ва ба ин васила мусоидат ҷиҳати ободонӣ, таҳкими базаи моддӣ - техникӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои шаҳрвандон дар муассисаҳои клубӣ мебошад. 

Озмун аз рўи ду номинатсия: «Муассисаи клуби беҳтарин» ва «Корманди беҳтарин» сурат мегирад. Давраи баргузории озмун моҳҳои май-июни соли 2019 мебошад. 

Ҷамъбасти озмун 29 июни соли 2019 дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки фаъолон, ғолибон, аҳли илму адаб, собиқадорони соҳаи фарҳанг, васоити ахбори омма баргузор мегардад. 

Маълумоти муфассалро оид ба озмун аз низомномаи мазкур ёфтан мумкин аст:

НИЗОМНОМАИ
Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ
таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат»

Матолиби умумӣ

Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» (минбаъд Озмун) моҳҳои апрел–июни соли 2019 дар ду давр баргузор мегардад. Озмуни мазкур бо мақсади рушди фаъолияти муассисаҳои клубӣ, тарғиби маҷмўи фарҳанг ва санъати миллӣ, баҳри баланд бардоштани маънавиёт, ташаккули ҳисси худшиносию ватандўстии шаҳрвандон, бо мақсади ободонӣ ва ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи кори муассисаҳои клубӣ, ҷалби ҳарчи бештари мардуми кишвар ба тадбирҳои фарҳангӣ – оммавӣ мусоидат мекунад.

Мақсади озмуни мазкур, қабл аз ҳама баланд бардоштани мақому манзалати муассисаҳои клубӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати чорабиниҳои фарҳангӣ дар шароити нави иҷтимоӣ – фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷўҳи ҷомеа ба мушкилоти соҳаи фарҳанг ва ба ин васила фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон дар муассисаҳои клубӣ мебошад.

Озмун аз рўи ду номинатсия: «Муассисаи клуби беҳтарин» ва «Корманди беҳтарин» сурат мегирад.

Макон ва замони баргузории Фестивал

Даври аввали Озмун моҳи майи соли 2019 дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир мегардад. Баъди ба анҷом расидани даври аввал сардорони раёсати фарҳанги вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ протоколҳои ҷамъбастии худро оид ба иштироки беҳтарин муасссисаҳои клубӣ ва кормандони онҳо дар даври ҷамъбастӣ то 20 июни соли 2019 ба Вазорати фарҳанг пешниҳод намоянд. Дар навбати худ ҳайати корӣ ва эҷодии Озмун муассисаҳои клубӣ ва кормандони беҳтарини онҳоро барои иштирок намудан дар даври ҷамъбастӣ муайян менамояд.

Даври ҷамъбастии Озмун бо иштироки 12 муассисаи беҳтарин ва 12 нафар кормандони беҳтарин дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ 29 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар бинои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода баргузор мегардад.

Барнома ва иштирокчиёни Озмун

Барномаи Озмун дастовардҳои муассисаҳоро инъикос намуда, муҳтавои он рушди фаъолияти муассисаҳои клубӣ, тарғибу ташвиқи дўстӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад.

Иштирокчиён тибқи пешниҳоди ҳайати эҷодӣ аз рўи тақсимбандии зерин иштирок менамоянд:
– вилояти Суғд: дар номинатсияи «Муассисаи клубии беҳтарин»: Қасри фарҳанг–1 адад, Хонаи фарҳанг – 1 адад, Клуби деҳотӣ – 1 адад, Маркази фарҳангӣ–фароғатӣ – 1 адад. Дар номинатсияи «Корманди беҳтарин»: мудири клуби беҳтарин 1 нафар, роҳбари бадеии беҳтарин – 1 нафар, мутахассиси беҳтарин – 1 нафар, роҳбари маҳфили беҳтарин (маҳфили бадеӣ, ҳунарҳои мардумӣ) – 1 нафар.
– вилояти Хатлон: дар номинатсияи «Муассисаи клубии беҳтарин»: Қасри фарҳанг – 2 адад, Хонаи фарҳанги беҳтарин – 2 адад, клуби деҳотӣ – 2 адад, Маркази фарҳангӣ – фароғатии беҳтарин – 1 адад. Дар номинатсияи «Корманди беҳтарин»: мудири клуби беҳтарин – 2 нафар, роҳбари бадеии беҳтарин – 2 нафар, мутахассиси беҳтарин – 2 нафар, роҳбари маҳфили беҳтарин – 2 нафар.
– ВМКБ: дар номинатсияи «Муассисаи клубии беҳтарин»: Қасри фарҳанги беҳтарин – 1 адад, Хонаи фарҳанги беҳтарин – 1 адад, клуби деҳоти беҳтарин, 1 адад, Маркази фарҳангӣ – фароғатии беҳтарин – 1 адад. Дар номинатсияи «Корманди беҳтарин»: мудири клуби беҳтарин – 1 нафар, роҳбари бадеии беҳтарин – 1 нафар, мутахассиси беҳтарин – 1 нафар, роҳбари маҳфили беҳтарин – 1 нафар.
– шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: дар номинатсияи «Муассисаи клубии беҳтарин»: Қасри фарҳанги беҳтарин – 1 адад, Хонаи фарҳанги беҳтарин – 1 адад, клуби деҳоти беҳтарин, маркази фарҳангӣ – фароғатии беҳтарин – 1 адад. Дар номинатсияи «Корманди беҳтарин»: мудири клуби беҳтарин – 1 нафар, роҳбари бадеии беҳтарин – 1 нафар, мутахассиси беҳтарин – 1 нафар, роҳбари маҳфили беҳтарин – 1 нафар.
– шаҳри Душанбе: дар номинатсияи «Муассисаи клубии беҳтарин»: Клуби беҳтарин – 1 адад. Дар номинатсияи «Корманди беҳтарин»: мудири клуби беҳтарин – 1 нафар, роҳбари бадеии беҳтарин – 1 нафар, мутахассиси беҳтарин – 1 нафар, роҳбари маҳфили беҳтарин – 1 нафар.
Дар рафти азназаргузаронӣ тибқи қарори ҳайати ҳакамони сатҳи ҷумҳурӣ дар номинатсияҳо бо назардошти вазъу ҳолати муассисаҳои клубӣ, номинатсияи кормандони беҳтарин тағйиру иловаҳо дар назар дошта мешавад.

Шартҳои Озмун

Дар номинатсияи «Муассисаи клуби беҳтарин»:
1. Ҳолати умумии бино;
2. Ҳуҷраҳои корӣ, ҳуҷра барои машғулияти махфилҳо;
3. Таъминот бо воситаҳои техникӣ,воситаҳои тақвияти овоз, созҳои мусиқии имллӣ, замонавӣ, сару либоси саҳнавӣ;
4. Дастовардҳои фарҳангӣ дар ду соли охир то имрўз;
5. Истифодаи технологияи муосир ва компютерӣ (сомона, почтаи электронӣ, саҳифа дар Фейсбук);
6. Вазъи ҳисоботҳои хаттӣ ва оморӣ, фаъолияти ҳуҷраи дастурдиҳӣ, нақшаҳои кории муассиса ва махфилҳо барои солҳои 2018–2019 ва ба ин монанд тадбирҳо;
7. Реҷаи баргузории маҳфилҳои бадеӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;
8. Иштирок дар Фестивалҳо, Фестивал – озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ;
9. Дараҷаи маълумотнокии кормандон;
10. Ҳолати айёнии муассиса ва ҳуҷраҳои корӣ;
11. Иҷрои хизматрасонии пулакӣ;
12. Ҷалби маблағҳои ғайрибуҷавӣ, соҳибкорони маҳаллӣ;
13. Обуна ба рўзномаву маҷҷалаҳо.
Дар номинатсияи «Корманди беҳтарин»
1. Дараҷаи маълумотнокӣ (дар мадди аввал маълумоти тахассусӣ ба эътибор гирифта мешавад);
2. Собиқаи корӣ;
3. Иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ;
4. Донистани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир, кор бо воситаҳои компютерӣ;
5. Иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ;
6. Муошират, ҷаҳонбинии васеъ;
7. Иштирок дар семинарҳои омўзишӣ, курсҳои такмили ихтисос.
Шартҳои молиявии фестивал
Хароҷоти сафари иштирокчиёни озмуни мазкурро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пардохт менамояд.
Баргузорӣ, таъмини васоити техникӣ, интишори эълонҳо, афиша, даъватнома ва рўзнома ба зиммаи гуруҳи эҷодӣ ва кории озмун гузошта шуда, ҷараёни он тавассути васоити ахбори умум ҳамаҷониба тарғиб карда мешавад.

Мукофотонӣ

Иштирокчиёни беҳтарин аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» бо диплом, сипоснома, инчунин, бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.

Нишонӣ

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ – 34, тел.: 223–04–72, 221–16–82