Сомонаи пешина | Пш, 19 Апрел 2018 | 14:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Номаи сипос ба Вазири фарҳанг

Ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи директори муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо» М. Шарипова номаи сипос ворид гардид. 
Дар матни нома М. Шарипова ба Вазорати фарҳанг барои кӯмакҳои судманд дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳори миннатдорӣ карда, қайд менамояд, ки санаи 30 декабри соли 2017 дар арафаи Соли нави 2018 ва сесолагии муассисаи мазкур якчанд миқдор асбобҳои мусиқиро бо камоли эҳтиром қабул намудаанд.
«Миннатдории худро барои дастгирӣ ва кӯмаки беғаразона ба кӯдакони имконияташон маҳдуд аз номи кулли кормандони муассисаи мазкур шахсан ба роҳбарият ва ба тамоми кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем», оварда шудааст дар матни нома.