Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шоҳҷоизаи лотореяи бурднок таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» сазовори корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид

Шоми 22 июн дар Боғи устод Рӯдакӣ иқдоми лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш», ки аз ҷониби Муассисаи нашриявии “Адиб” роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Иқдоми мазкур ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва талқин намудани китобхонӣ, ташвиқу тарғиб ва оммавигардонии мутолиаи китоб миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун дар шаҳри Душанбе гузаронда шуд.

Дар маросими ботантанаи ҷамъбастӣ, ки бо ровигии ҳунарманди машҳуру маҳбуб Аловиддин Абдуллоев сурат гирифт, адибони маъруф Гулназар Келдӣ, Кароматуллоҳи Мирзо, Камол Насруло, Алимуҳаммад Муродӣ ва Шералӣ Мӯсо доир ба нақши китоб дар сарнавишти миллати соҳибтамаддуни мо, бузургии он ҳарф зада, иқдоми нашриёти “Адиб”-ро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Иқдоми фурӯши китобҳо бо лотореяҳои бурднок аз рӯзи 11 майи соли равон то 22 июн ҳар рӯзи шанбе аз соати 9 то 13 дар Боғи устод Рӯдакӣ ҷараён дошт. Дар доираи ин иқдом, ки наздики 100 ҳазор китоб ба фурӯш рафт, ҳар як нафари китобхарида соҳиби лоторея гардид.

Дар лоторея бурдҳои пулию молӣ - маблағ то 10 ҳазор сомонӣ, телефонҳои мобилӣ, ноутбукҳо ва ғайра ҷой дода шуда буданд, ки ба нафарони соҳибиқбол тақдим гардиданд. Шоҳҷоиза – 10 ҳазор сомонӣ насиби корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нилуфар Амонова гардид.

Инчунин нависанда Гулчеҳра Муҳаммадиева бинобар серхаридоратарин эълон шудани китобаш «Дунёи бачаҳо», ки 900 дона ба фурӯш рафтааст, бо телефонии мобилӣ қадрдонӣ гардид. 

Шахсон ва идораҳое, ки бештар аз ҳама китоб харидорӣ намуданд, инчунин лотореяашон бурд кардааст, ба мукофоти алоҳидаи пулӣ, тӯҳфаҳо аз қабили телевизор, планшет, телефон, асбобҳои маишӣ сарфароз гардиданд.