Сомонаи пешина | Дш, 22 Июл 2019 | 07:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоиш дар Иттифоқи рассомони Тоҷикистон

 

4 июли соли 2019 соати 9:00 дар толори Иттифоқи рассомони Тоҷикистон бахшида ба Солҳои Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши корҳои дипломии хатмкунандагони Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов баргузор мегардад.

Хатмкунандагони муассисаи таълимӣ, ки дар риштаи мусаввирӣ, заргарӣ ва дизайн таҳсил карданд, маҳсули эҷоди худро ба маърази мухлисони ин намуди ҳунар ва устодони худ пешниҳод менамоянд.