Сомонаи пешина | Дш, 22 Июл 2019 | 07:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷеннифер Ҳимстра ва Сюзан Уилямс дар Тоҷикистон

2 июли соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ консерти овозхони шинохтаи Амрико Сюзан Уилямс ва консертмейстер ва навозандаи моҳири фортепиано Ҷеннифер Ҳимстра баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ оҳангҳои машҳур аз композиторони ватанӣ ва хориҷӣ ва сурудҳои ҷолиб иҷро шуда, қалби ҳаводорони савту наворо шод гардониданд. 

Боиси зикр аст, ки Ҷеннифер Ҳимстра моҳи декабри соли 2018 низ дар Тоҷикистон барномаҳои консертӣ баргузор намуда, дили мухлисони санъатро тасхир карда буд.