Сомонаи пешина | Дш, 22 Июл 2019 | 07:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки сиркбози тоҷик дар Фестивали байналмилалӣ дар Қазоқистон

4 июли соли 2019 дар шаҳри Нур-султони Ҷумҳурии Қазоқистон дар Фестивали байналмилалии «Акси садои Осиё» сиркбози ҷавон ва бомаҳорати тоҷик Муҳаммад Шарифзода ҳунарнамоӣ кард, ки аз ҷониби ҳакамон ва тамошобинон баҳои баланд гирифт.

Фестивали мазкур аз 29 июн то 11 июли соли 2019 идома ёфта, дар он ҳунарпешаҳои сирк аз давлатҳои Англия, Беларус, Булғория, Вйетнам, Миср, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Россия, Украина, Ӯзбекистон низ иштирок мекунанд. 

Ҳадаф аз баргузории ҷашнвораи мазкур муаррифии санъати сиркии кишвар гуногун ба ҳамдигар ва мустаҳкам сохтани робитаҳои ҳамкорӣ байни ҳунарпешагони сиркии давлатҳои гуногун мебошанд. 

Боиси зикр аст, ки Муҳаммад Шарифзода сиркбози ҷавон ва боистеъдоди тоҷик буда, дар чандин озмун ва фестивалҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои арзанда гардида, обрӯи сирки тоҷикро баланд бардоштааст.