Сомонаи пешина | Дш, 18 Ноябр 2019 | 14:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Cафари ҳунарии Сирки давлатии Тоҷикистон ба Бадахшон

Ҳунарпешаҳои Сирки давлатии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари ҳунарӣ доранд.

Аз 1 то 10 июли соли 2019 барномаҳои ҷолиби сиркӣ бо иштироки масхарабозон, акробатҳо, дорбозҳо, инчунин ҳайвонҳои ромшуда ба мисли маймуну хирс пешкаши сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегардад.

Боиси зикр аст, ки то имрӯз барномаҳои сиркӣ дар Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва дигар ноҳияҳо сурат гирифтанд.