Сомонаи пешина | Дш, 22 Июл 2019 | 07:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» дар Хатлон

8 июли соли 2019 дар толори конфронсии Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» оғоз гардид.

Мавриди қайд аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва таҷлили «Рўзи Китоб» доир мегардад.

Даври ҷамъбастии озмун 4 сентябри соли 2019 дар Рӯзи Китоб дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Т.Юсуфзода