Сомонаи пешина | Пш, 22 Август 2019 | 13:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо ҳайати меҳмонон аз Бюрои мушовирони Шӯрои давлатии Чин

19 июли соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳайати меҳмононро аз Бюрои мушовирони Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳузур пазируфт.

Ба ҳайати номбурда Мушовири Шӯрои давлатии Чин ҷаноби Ван Сзиншэн, Мушовири Шӯрои давлатии Чин, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Чин хонум Чжан Канкан ва дигарон шомил буданд. 

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба имкониятҳои вусъат додани ҳамкориҳои фарҳангӣ ва нақшаҳои фаъолияти оянда дар ин соҳа ҳарф заданд. 

Дар мулоқот, аз ҷумла, ҳамкориҳои дуҷониба дар рушди сирки тоҷик, табодули таҷриба дар соҳаи санъату театр, шабоҳати фарҳанги тоҷику чин мавриди баррасӣ қарор дод шуданд. 

Меҳмонони чинӣ инчунин оид ба тарғиби китобхонӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти китобхонаҳо ва ташаккули балети миллии тоҷик суолҳо дода, ҷавобҳои муфассал гирифтанд. 

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва хотирмон сурат гирифта, қайд гардид, ки Тоҷикистону Чин, ки ду кишвари ҳамсоя ва шарики стратегӣ мебошанд, барои таҳкими робитаҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои ҳаётӣ имконият ва иқтидор доранд.