Сомонаи пешина | Пш, 22 Август 2019 | 13:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Номаи сипос ба Вазорати фарҳанг

Ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоснома омад.

Дар матни нома Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш А. Абдуллозода ба Вазорати фарҳанг барои саҳми муносиб ҷиҳати талқини арзишҳои фарҳанги миллӣ ва иштироки фаъолона дар Фестивали ҷумҳуриявии «Зиннату ҳусни ҷавонист чакан», ки бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуда буд, изҳори сипос менамояд.