Сомонаи пешина | Пш, 22 Август 2019 | 13:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия «Хона-осорхонаи фарҳанги миллии тоҷикон» бунёд мегардад

30 июли соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Раиси Маркази мухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Толиб Баротов вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ дар Оренбург ва нақшаи чорабиниҳои муштарак суҳбат намуданд. 

Толиб Баротов иттилоъ дод, ки бо ташаббуси Автономияи миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия алҳол дар шаҳри Оренбург сохтмони Хона-осорхонаи фарҳанги миллии тоҷикон оғоз гардида, муассиса солҳои 2020-2021 ба истифода дода мешавад. 

«Мақсад аз ташкили осорхонаи мазкур тарғиби фарҳанги тоҷикон аст, то тоҷикони муқими Оренбург аз таърихи ниёгон, адабиёт, илм ва санъату ҳунари аҷдодӣ огоҳ ва бархурдор бошад», - иброз дошт Толиб Баротов. 

Осорхонаи мазкур маҷмаа буда, дар он китобхона бо адабиёти шоирону нависандагони классик ва муосири тоҷик, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, толори санъати тасвирии инъикоскунандаи табиати нотакрори тоҷикӣ, асбобҳои мусиқӣ, асбобҳои рӯзгор ва нигораҳои таърихӣ, либоси миллӣ, хонаҳои тоҷикӣ ва меҳмонхонаи тоҷикӣ, ки бо усули кандакории миллии тоҷикӣ оро дода шудааст, ҷой дода мешаванд. Инчунин дар маҷмаа ошхонаи тоҷикӣ бо таомҳои миллӣ фаъолият мекунад. 

Маркази худмухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия соли 2012 ба фаъолият шурӯъ карда, то ин вақт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст ва ба яке аз диаспораҳои пешрави тоҷикон дар хориҷ табдил ёфтаас. Марказ соҳиби газетаи худ бо номи «Согдиана» аст, ки қаблан бо номи «Паёми Оренбург» дарҷ мешуд. Инчунин ҷилди аввал ва дуюми китоби «Таджики в Оренбурге» ба табъ расида, алҳол нашри ҷилди сеюми китоби мазкур дар назар аст. 

Боиси зикр аст, ки аз соли 1993 инҷониб шаҳри Оренбург бо шаҳри Хуҷанд расман шаҳрҳои бародар эътироф гардидаанд. Алҳол дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия 12 000 тоҷик сокини муқимӣ буда, ҳамасола 6000 нафар тоҷик дар ин вилоят бо меҳнати мавсимӣ фаро гирифта мешаванд.