Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе»

 

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқ ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, №68 «Дар бораи Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» рўзҳои 4-6 сентябри соли 2019 дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» (ш.Душанбе, кўчаи Теҳрон -5) Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе»-ро баргузор менамояд.

Дар Намоишгоҳ ширкатҳои табъу нашри ватаниву хориҷӣ маводи чопию таҷҳизоти полиграфии хешро пешниҳод менамоянд. Ҷиҳати дастрас намудани маълумотҳои иловагӣ бо нишонии мазкур муроҷиат намоед: (ш. Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 36. Телефон: 907-70-28-69, 223-14-74. Факс 221-40-65.

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. "> Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. )

Воридшавӣ ба Намоишгоҳ озод аст.