Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоиши маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ

 

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” намоиш ва фурӯши китоб, маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ, ҳамчунин ташкили барномаи фарҳангӣ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо доир гардида истодааст.

Дар тӯли ин муддат намояндагони н.Б.Ғафуров, шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва н.Деваштич ба сокинон ва меҳмонони маркази вилоят маҳсули дастранҷҳои ҳунармандон ва барномаи мағруби консертиро манзур намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 оид ба ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шудааст.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба мероси бойи ниёгон мебошад.