Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи Ҷашнвораи XII байналмиллалии мусиқии “Таронаҳои Шарқ” дар шаҳри Самарқанд

 

26 августи соли 2019 соати 19:00 дар майдони Регистони шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷашнвораи XII байналмиллалии мусиқии “Таронаҳои Шарқ” ифтитоҳ меёбад.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода меҳмони фахрии ҷашнвораи мазкур буда, Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Ансамбли фолклории Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо"бо сарварии Соҳиба Давлатшоева муаррифӣ мекунад. 

Инчунин доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов ба ҳайати доварони ҷашнвора шомил аст.

Дар ҷашнвораи мазкур, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил шуда, то 30 августи соли 2019 идома меёбад, аз 32 давлати дунё 28 гурӯҳи мусиқӣ ва 140 нафар санъаткор иштирок мекунанд.

Дар доираи фестивал баргузории конфронсҳои илмиву назариявӣ, суҳбатҳои мизи мудаввар, дарсҳои сайқали маҳорат, вохӯриҳо ва озмунҳо дар назар аст.

Гурӯҳи мусиқӣ ё санъаткоре, ки ба гирифтани шоҳҷоизаи озмун муваффақ мешавад, бо 10 ҳазор доллари амрикоӣ, гирандагони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм низ бо мукофоти пулӣ сарфароз мегарданд. Ҳунарнамоии иштирокчиёни ҷашнвора дар равияи сурудҳои халқиву анъанавӣ ва жанрҳои муосир баҳогузорӣ карда мешавад.

Инчунин гурӯҳҳои мусиқиву эҷодӣ ва санъаткорон, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Ӯзбекистон ташриф овардаанд, бо барномаҳои мусиқии худ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияҳои шаҳри Самарқанд баромад мекунанд.