Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ташрифи Роҳбарияти Вазорати фарҳанг ба муассисаҳои таълимӣ бахшида ба Рӯзи Дониш

1 сентябри соли 2019 дар ҳамаи мактабҳои олӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таълимии зерсохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Дониш бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Дар толорҳои аксари муассисаҳо барои шунидани суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки дар Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, мониторҳои азим гузошта шуданд.

Донишҷӯён ва толибилмон аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраи маънавӣ бардошта, соли нави таҳсилро бо нерӯи нав истиқбол намуданд, то ки ин соли хониши бобарор ва пур аз комёбиҳо дар роҳи илму омӯзиш бошад.

Дар аксари муассисаҳо баъди анҷоми суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбатҳои мизи гирд, суолу ҷавоб ва вохӯрии устодону шогирдон баргузор гардид.

Аз ҷумла, барои табрики донишҷӯёну хонандагон бо Рӯзи Дониш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, муовини вазири фарҳанг Музаффар Давлатзода ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ташриф оварда, бо омӯзгорон ва муҳассилин вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар фарҷоми чорабиниҳои Рӯзи Дониш дар аксари муассисаҳо барномаҳои фарҳангӣ ва адабӣ баргузор гардиданд.