Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории Шоми дӯстии Тоҷикистон ва Полша

Шоми 12 сентябри соли 2019 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми дӯстии Тоҷикистон ва Полша» баргузор мегардад.

Дар барномаи мазкур сарояндаи номии поляк Анита Фигел ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақси миллии назди Академияи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Юзеф Пилсудскийи Ҷумҳурии Полша рақсу суруд ва оҳангҳои халқиву анъанавӣ, инчунин санъати касбиашонро манзури тамошобинони тоҷик мегардонанд.

Барои дӯстдорони санъати тасвирӣ дар даромадгоҳи театр намоишгоҳи аккосӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар асри XIXаз дурбини Леон Баршчевский» ташкил мегардад, ки дар он осори аксбардори мазкур ба маъраз гузошта мешаванд.