Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоишгоҳи мангаи ҷопонӣ дар Душанбе

 

Аз 12 то 14 сентябри соли 2019 дар Намоишгоҳи санъати муосири Тоҷикистон, ки дар ошёнаи чоруми «Душанбе молл» ҷойгир шудааст, намоишгоҳи мангаи рассоми ҷопонӣ Каору Мори баргузор мегардад.

Мухлисони санъати тасвирӣ метавонанд, ки рӯзҳои 12 ва 13 сентябр аз соати 10:00 то 20:00 ва рӯзи 14 сентябр то соати 13:00 аз намоишгоҳ дидан намоянд.

Даромад ба намоишгоҳ ройгон мебошад.

Намоишгоҳ аз ҷониби Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор мегардад.