Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи намоиши рассомӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд

Бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии фаъолияти эҷодию меҳнатӣ дар толори намоишии Осорхонаи таърихии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ифтитоҳи расмии намоиши асарҳои эҷодии рассом Акбаралӣ Бобоҷонов баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Насиба Эшонова - Раиси бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Ҷаборов Абдураҳим – Академик, муовини раиси бахши Академияи мусаввирии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Салимбой Ҳасанов – номзади илми педагогӣ, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, рассомони номии вилоят, устодон, донишҷӯёни факултаи санъати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва Коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз, намояндагони васоити ахбори оммаи шаҳру вилоят ва кормандони муассисаи давлатии “Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуданд.

Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро бо ҳаёт ва фаъолияти рассом А.Бобоҷонов шинос намуд. Барои саҳми арзанда ва назаррас дар рушди соҳаи фарҳанг, дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳо, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва корҳои ҷамъиятӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ифтихорномаю сипоснома бо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Насиба Эшонова зимни суханронӣ А.Бобоҷоновро бо 50-солагии фаъолияти эҷодиашон шодбош намуда, аз номи Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргиза Ҳомидова барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи санъати тасвирӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва тарбияву ташаккули завқи зебоипарастии насли ҷавон бо сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии Академияи муссавирии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намуд.

С.Ҳасанов низ дар бораи шахсияти А.Бобоҷонов сухан ронда, номбурдаро бо 50-солагии фаъолияти эҷодиашон табрик намуд.
Дӯстону фарзандони рассом низ дар чорабинӣ иштирок намуда, ба А.Бобоҷонов туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар толори намоишӣ зиёда аз 40 адад асарҳои эҷоднамудаи рассом дар солҳои гуногун ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ эҳёи ҳунарҳои миллии халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси фарҳангдӯстиву ватанпарварии насли ҷавонон мебошад.

Наргисахон Бузурукова
Китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд»