Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Муаррифии «Куллиёт» и Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ дар Китобхонаи миллӣ

6 сентябри соли 2019 дар доираи чорабиниҳои Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ва силсилабарномаҳои «Ҳафтаи китоб» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамоии «Куллиёт»-и шоир, хаттот, сайёҳ ва орифи бузург Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ, , баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, олимону адибон ва муҳаққиқони риштаҳои гуногуни илм иштирок доштанд.

Директори нашриёти “Адиб” Давлат Сафар, ки мураттиби китоби тозанашр аст, дар сухани ифтитоҳии худ иброз дошт, ки куллиёти ин адиби барҷаста бори аввал дар Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин шакли комил ба табъ расидааст.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро бо нашри ин асари беназир табрик гуфта, зикр намуд, ки дар даврони Истиқлолият таваҷҷӯҳи олимону адибони тоҷик ба омӯзиши осори классикон афзун гардида, миқдори зиёди асарҳои нодир интишор гардидаанд. Ӯ инчунин даъват ба амал омад, ки зери сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳама муттаҳид гардида, барои ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани тамаддуну маънавиёти халқи тоҷик кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Сипас яке аз муҳаррирони «Куллиёт» Саидумар Султонов сухан гуфта, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии нашри китоб изҳори сипос намуд ва иброз дошт, ки онҳо нақшаи мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор додани бисёр саҳифаҳо ва осори адабиёти классикии халқи тоҷикро доранд.

Боиси зикр аст, ки «Куллиёт»- Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ дар нашриёти «Адиб» бо сифати баланд ба чоп расидааст. Китоб зери назари академик Абдуҷабор Раҳмонзода ва Абдураҳмони Абдуманнон ба чоп омода гашта, мураттиби он Давлат Сафар мебошад.

Маҳфили рӯнамоии китоби навро таронаҳои аз ҷониби Ансамбли «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон иҷрогардида ҳусни иловагӣ бахшид.