Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

6 сентябри соли 2019 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибати таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ботантани фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо суханӣ ифтитоҳӣ ва табрикотии раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳусни оғоз ёфт. Раиси вилоят ҳамаи сокинон ва меҳмонони вилоятро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, оид ба аҳамияти истиқлолият барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт ҳарф зад, ва гуфт, ки имрӯз халқи тоҷк бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расанд.

Барномаи ҷолиби фарҳангӣ, ки аз ҷониби санъаткорони навоҳии гуногуни вилоят ва шаҳри Хоруғ таҳия гардида буд, хотири ҳамагонро шод гардонида, рӯҳи идонаи онҳоро боз ҳам боло бардошт.

Меҳмонони чорабинӣ тавонистанд, ки ҳамчунин аз намоишгоҳи зебои ҳунарҳои мардумӣ баҳра баранд.