Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбасти Намоишгоҳи «Китоби Душанбе» ва мукофотонии ғолибони озмунҳо дар Китобхонаи миллӣ

6 сентябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нӯҳумин Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» бо иштирок васеи адибону олимон, ноширону рӯзноманигорон ва дӯстдорони китоб ҷамъбаст гардид.

Дар оғози чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳамаи иштирокчиёни намоишгоҳ ва ғолибони озмунҳои дар доираи он баргузоргардидаро табрик гуфта, оид ба аҳамияти ин чорабинии бузург барои оммавигардонии китобу китобхонӣ ва муаррифии осори тозанашр ҳарф зад.

Сипас Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода, сардори «Хонаи китоби Тоҷикистон» Қурбоналӣ Бӯриев ва Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Дилсуз оглу Махмедзаде ба ғолибони озмун диплому тӯҳфаҳоро супориданд.

Тибқи хулосаи ҳакамони озмун дар номинатсияи «Ношири муваффақ» ҷойи якум ба Нашриёти «Адиб» барои китоби «Куллиёт»- Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ, ҷойи дуюм ба ҶММ «Хуросон» барои китоби «Осори Устод Рӯдакӣ», ҷойи сеюм ба нашриёти «Ношир» барои китоби «Гулафшони шеър»-и С.Есенин сазовор дониста шуд.

Дар номинатсияи «Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон» бошад, ҷойи якум насиби Мирзоамин Мирсаидзода барои китоби «Душанбе - қалби Тоҷикистон», ҷойи дуюм лоиқи муаллифон Назаршо Назаршоев ва Илҳом Бониёзов барои китоби «Военная история Таджикистана», ҷойи сеюм сазовори нашриёти «Ношир» барои китоби «Тоҷикистон-Ӯзбекистон: дӯстии безавол» дониста шуданд.

Дар номинатсияи сеюми озмун, яъне «Муаллифи сермаҳсули сол» ҷойи якум барои силсилаи асарҳо ба муаллифон Мирзо Муллоаҳмад ва Садриддин Ҳасанзод муясар гардид. Ҷойи дуюмро Равшан Раҳмонӣ ва ҷойи сеюмро Латофат Кенҷаева ба даст оварданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба чанд нафар ташкилкунандагони фаъоли чорабинӣ нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.

Инчунин ҳамаи иштирокчиёни озмун бо диплом, инчунин муассисаҳое, ки дар ташкил ва тарғиби Нӯҳумин Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» саҳми арзанда гузоштанд, бо сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардиданд.