Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзӣ Истиқлолияти давлатӣ

Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иштирок намуд.

 Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар суханони ифтитоҳӣ ва табрикии худ изҳор дошт, ки “ба бахти миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик, Тоҷикистони азиз дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ноил гардида, аз ҷумла дар соҳаи китобдорӣ рушду равнақи бесобиқа ба назар мерасад. Баргузории озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ...” дар саросари ҷумҳурӣ ва таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои муаззами кишвар далели равшани таваҷҷуҳи хоссаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи фарҳангу маънавиёт мебошад. Чунончи шоҳид ҳастед, дар Китобхонаи миллӣ дар ҳошияи “Ҳафтаи китоб” санаҳои 2-3 сентябр рўзҳои дарҳои боз гузаронида шуда, шурўъ аз 4 сентябр дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги кишвар Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе-2019” ҷараён дорад, ки дар он аз ҷумла маҳсули фаъолияти интишории Китобхонаи миллӣ ба маъраз гузошта шудааст. Инчунин, санаи 4 сентябр маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор” бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш бо шеърхониҳову савту наво дар саҳни бинои Китобхонаи миллӣ доир гардид, ки аксарият аз он баҳравар будед”.

Директори Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханронии худ дар бораи ободкориҳо ва иқдомҳои наҷиби бунёдкорӣ ҳарф зад ва гуфт: “бо иқдомҳои наҷиби ободкориву созандагӣ симои шаҳру ноҳияҳои кишвар, бахусус пойтахти мамлакат ба куллӣ тағйир ёфтаву сайёҳони зиёдеро аз нуқтаҳои гуногуни олам ҷалб мекунанд. Ҳамакнун, Тоҷикистони азизи мо мавриди таваҷҷуҳу тарҷеҳи мардумони олам қарор гирифтааст. Инак, бо афзоиши иқтидори энергетикии кишвар ва татбиқи тадриҷии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мо ба марҳилаи комилан нави рушду тараққиёт ва некуаҳволии мардум роҳ кушодаем”.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода кормандони Китобхонаи миллиро ба муносибати Рӯзи истиқлол муборакбод кард ва гуфт, ки тӯли ин 28 сол фарҳанг дар кишвар рушду нумуи тоза дошт. Вай гуфт, ки дар солҳои истиқлол Тоҷикистон барномаҳои зиёди фарҳангиро рӯйи даст гирифт ва бахше татбиқ шудаву бахши дигар дар садади иҷроянд.

 Дар поёни нишаст зумрае аз кормандони Китобхонаи миллӣ бо Ифтихорном аҳо сарфароз гардонида шуданд.

Фарзонаи Мирзо

 

http://kmt.tj/chalasai-tantanavi-bahshida-ba-ruzi-istikloliyati-davlati