Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даъват барои иштирок дар намоишгоҳ

11-15 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дуюмин намоишгоҳи байналмилалии Тошканд дар соҳаи санъати ҳунарҳои дастӣ – 2019 баргузор мегардад.

Намоишгоҳ бо ташаббуси Академияи мусаввирии Ӯзбекистон бо мақсади таҳкими робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ, оммавӣ гардонидани санъати ҳунарҳои бадеии анъанавӣ ва муосир, эҳё кардани ҳунарҳои мардумии аз байнрафта ва дарёфти шакл ва роҳҳои ҷадиди истифодаи ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешавад.

Хоҳишмандони иштирок дар намоишгоҳи мазкур бояд то 30 сентябри соли 2019 ба кумитаи тадорукоти намоишгоҳ дархост фиристанд.

Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба намоишгоҳ ва шартҳои иштирок ба кумитаи тадорукоти озмун бо телефони +998 712 56 51 46, бо почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. тамос гирифтан мумкин аст.

Инчунин дар сомонаҳои http://www.art-academy.uz ва http://dhv-art.uz/ низ маълумот оид ба намоишгоҳ оварда шудааст.