Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ВАҚТЕ ҚАВЛ БО АМАЛ ЯК АСТ...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар қадар солҳо сипарӣ шаванд, ҳамон қадар аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ барои халқу давлати Тоҷикистон равшантар мешавад. Ҳадафҳои созандагӣ, ҷаҳду талошҳои пайгирона, ормонҳои волои истиқлолият ва сулҳу ваҳдат ҳидоятгари мо ба сӯи ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолона мебошанд. Мо бояд масъалаи сарҷамъиву иттиҳоди миллат, ваҳдати миллӣ, инчунин аҳамият ва зарурати ҳифзи ин неъматҳои ниҳоят муқаддаси халқамонро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур насозем. 

Таърихи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки кору пайкори Пешвои миллат бо каломи оташину созандаи  ӯ пайванди ногусастанӣ доранд. Тавъам будани гуфтору амал аз волотарин  сифатҳои сарварист. Пешвои миллат бо эҳсоси бузурги ватандӯстӣ ва меҳру муҳаббати бепоён ба халқу диёр гуфта буданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин  нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи  азияткашидаам бовар дорам». Дар он лаҳзаҳои ҳассоси сарнавиштсоз, дар он рӯзҳои мудҳише, ки оқибати рӯзгор ва давлатдории тоҷикон норӯшан буд, на ҳар сарвар ба изҳори чунин савганди бузург ҷуръат мекард. Табиист, ки  дар он рӯзҳо бисёр сарварони дигар аз ҷуръати ин ҷавонмарди акнун пой ба  остонаи мақоми роҳбарии давлат гузошта ангушти ҳайрат газиданд. Пас аз анҷоми Иҷлосияи таърихии  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст гуфтушунидҳо,  ҷалби сиёсатдонҳо, зиёиёни пешқадам, адибон ва мардуми бофарҳанги ватандӯст  ба сари мизҳои музокироти сулҳу оштӣ, ба Ватан баргардондани гурезагон,  халъи силоҳ, даъват ва бовар кунондани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ниятҳои неку созандаи  давлату миллати шарафманди тоҷикон оғоз ёфт ва  ниҳоят,  27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  ба имзо расид. Ниятҳо ва ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат саршори маъниҳои сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, дӯстию рафоқат, таъмини якпорчагии Тоҷикистони азиз мебошанд. «Ҳамаи моро зарур аст, ки, - гаштаю баргашта таъкид мекунанд Пешвои миллат, - баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ, тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон, нуфуз пайдо кунанд».
Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин маъниҳоро ҳамчун мураббӣ ва раҳнамои маънавии миллат тавассути суханрониҳои ҳикматомӯзу раҳнамунсози худ ба мардум омӯзонд,  дар шуури хурду калон ҷойгузин намуд, ҳисси миллиро дар зеҳни мардум бедор кард  ва ҳоло ҳеҷ қуввае наметавонад меҳру муҳаббат ва садоқати дар дилу ҷони мардум решадавондаро нисбат ба Ватан, дастовардҳои истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва билохира, эътиқоду эътимоди нисбат ба шахсияти Сарвари хирадманди давлат доштаи халқро аз ниҳоди онҳо берун созад. Оре, мардум ҳамеша беҳтарин маъниҳои зиндагиро аз хирадмандон – раҳбару  раҳнамои худ меомӯзад. Ҳар як гуфтор, рафтор ва пиндори неки Пешвои миллат сабақи бузурги ҳаётист барои намояндагони наслҳои он солҳои мудҳиш ва намояндагони даврони имрӯзи гулгулшукуфони Тоҷикистони маҳбуб. Халқи таърихан ва табиатан сулҳдӯсту фарҳангпарвари мо ба донишу фарҳанги аз суннату оинҳои гузаштагонамон ба мерос гирифтаи худ, ки таҷассумгари орзую ормонҳои миллӣ буда, аз андешаҳои миллӣ – дӯстию рафоқат,  сулҳу осоиш, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарчашма мегиранд,  торафт таҳким мебахшад. 
Имрӯз ҳамагон ба хубӣ дарк менамоянд, ки неъмате волотар аз истиқлолияту озодӣ, давлати миллӣ ва таъмини якпорчагии Ватани маҳбуб нахоҳад буд. Созандагию бунёдкорӣ ҳадафҳои аслии насли имрӯзу ояндаро ташкил медиҳанд. Маҳз  сулҳу субот имкон фароҳам овардаанд, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат баробар рушд намоянд, барномаву нақшаҳои нав ба нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар мунтазам татбиқ гарданд.  Имрӯз дар ҷомеа ва ҳар хонавода фарҳанги сулҳ ва ваҳдати бадастомада, ки арзишҳои муқаддаси  миллӣ маҳсуб меёбанд, хеле хуб қадр ва ҳифз карда мешаванд. Зеро пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва баланд шудани обрӯю нуфузи байналмилалии тоҷикон бар ҳамин арзишҳо асос ёфтаанд.

Азизмурод ШАРИФОВ,
корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бознашр аз Ҷумҳурият