Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Омӯзиш оид ба ҳифзу таблиғи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ

 

1 октябри соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд омӯзиш оид ба ҳифзу таблиғи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд, ки ба долони Фарғона – Сирдарёи Роҳи бузурги Абрешим тааллуқ доранд, оғоз гардид.

Омӯзиши мазкур, ки аз ҷониби Дафтари минтақавии ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ гардидааст, то 4 октябр идома ёфта, дар он олимони таърихшинос, фарҳангшиносон, намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок мекунанд.

Дар омӯзиши мазкур коршиносони байналмилалӣ ба иштирокчиён оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳо ва пешниҳоди ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд барои ворид кардан ба рӯйхати ЮНЕСКО маслиҳат ва машварат хоҳанд дод.

Боиси зикр аст, ки алҳол дар вилояти Суғд вобаста ба ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ду гузаргоҳи Роҳи Абрешим: долони Зарафшон (Панҷакент - Пойкент) ва долони Фарғона Сирдарё коргузорӣ рафта истодааст