Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ба пешвози Рӯзи забони давлатӣ. Дар Қазоқистон Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ таъсис ёфт

 

30 сентябр дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобии шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Қазоқистон маросими ифтитоҳи Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ баргузор гардид.

Дар маросим сардори намояндагии минтақавии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Алмаато Властимил Самег, консули генералии Федератсияи Россия Валентин Колясев, консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аброр Фатҳуллоев, инчунин дигар намояндагони дипломатӣ, роҳбарияти Донишгоҳи миллии Қазоқистон, донишҷӯён ва кормандони марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон иштирок намуданд. Мизбонии ҳамоиши ифтитоҳиро Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба уҳда дошт.

Ба маросими ифтитоҳи рамзии Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ  дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назир ва муовини ректори Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ Рамазонов оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни муаррифии Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки марказ аз китобхона ва толори ҷойи нишаст иборат буда, ҳадаф аз таъсиси он  таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба рушди неки раванди муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад. Зеро тӯли асрҳост, ки умумияти анъанаҳо, расму оинҳо, ақидаҳои динӣ ва тарзи зиндагӣ табиатан миллати тоҷик ва қазоқро ба ҳам наздик мекунад.

Роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ҳайати таъсисдиҳандагон ва ширкаткунандагони ҳамоишро табрик намуда, аз таъсиси чунин марказ изҳори қанотмандӣ намуданд.

Донишҷӯёни бахши факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Қазоқистон бо қироати шеърҳои тоҷикӣ аз ашъори сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар шоирони классик ва муосири тоҷик табъи иштирокдоронро болида гардониданд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи муосири истиқлолияти Тоҷикистон бори нахуст чунин Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар хориҷ аз мамлакат таъсис гардид.

Маросими аксбардорӣ анҷомбахши ҳамоиши ҷашнӣ гардид.

Дар таърихи ҷаҳон забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Муҳимтарин рукни фарҳанги миллии тоҷикон — забони тоҷикӣ буда, баҳри бақои миллӣ, тавсеаи ҳисси миллӣ ва худшиносии миллӣ муҳим мебошад.

Забони тоҷикӣ яке аз бостонитарин забони тамаддуни башарият эътироф гардидааст. Таваҷҷуҳ ва эҳтиром ба забони тоҷикӣ, инчунин гиромидошти он барои инсони бархурдор аз ҳувияти миллӣ меҳвари худшиносии ӯ қарор мегирад.

Маҳз фарзонагони тоҷик сабаб  мегарданд, ки бо тақозои талабот, фарҳангу тамаддуни миллӣ, ҳифзи хусусиятҳои миллӣ, рушди забон ва маорифу маданияти тоҷиконро дар хориҷ аз мамлакат бо чунин рисолат муваффақона муаррифӣ намоянд.

 

АМИТ «Ховар»

http://khovar.tj/2019/10/ba-peshvozi-r-zi-zaboni-davlat-dar-azo-iston-markazi-zabon-va-far-angi-to-ik-tasis-yoft/