Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

МАҲФИЛИ «МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН»

1 октябри соли 2019 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода нахустин маҳфили “Муҳаққиқони ҷавон” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ донишҷӯён ва устодони факулта фаъолона иштирок намуданд.

Роҳбари маҳфили «Муҳаққиқони ҷавон», номзади илмҳои таърих Майрам Мамадазимова дар бораи фаъолияти маҳфил суханронӣ намуда, иштирокчиёнро бо мавзӯъҳои нақшаи кори маҳфил дар соли хониши 2019-2020 шинос намуд.

Маҳфили мазкур дар назди кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ташкил гардида, дар он устодон ва донишҷӯён иштирок мекунанд.

Минбаъд дар ҳар як ҷаласаи маҳфил, ки моҳе як маротиба гузаронида мешавад, мутахассисони соҳа оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, роҳҳо, проблемаҳо ва навовариҳои илм баромад мекунад.