Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

 

3 октябри соли 2019 соати 14:00 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони “Забон – моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол ” баргузор мегардад.

Чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон ва 10-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардида, дар он намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи забон ва истиҳот, Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот иштирок ва суханронӣ мекунанд.